Аз 1‑уми январи соли 2025 дар қонунгузории кишварамон як қатор тағйирот роҳандозӣ мешавад. Дар ин шумораи рӯзнома дар бораи баъзе аз онҳо маълумот медиҳем.
Музди кори ташкилотҳои давлатии фарҳангӣ зиёд карда мешавад
Қарори Президенти мамлакат аз 22‑юми ноябри соли 2024 «Дар бораи зиёд кардани миқдори музди меҳнати кормандоне, ки дар соҳаҳои маданият ва санъат, ахбор-китобхона ва осорхонаҳо фаъолият доранд» имзо гардида буд.
Мувофиқи қарор музди кории кормандони муассиса ва ташкилотҳои давлатии фарҳангӣ ба андозаи зерин зиёд карда мешавад:
— аз 1‑уми январи соли 2025–20 фоиз;
— аз 1‑уми июли соли 2025–15 фоиз.
Дар ин санад ҳамчунин ҷорӣ намудани низоми баҳодиҳии фаъолияти кормандони муассиса ва ташкилотҳои давлатии фарҳангӣ(KPI) пешбинӣ шудааст.
Ҷадвали миллии вақти Ӯзбекистон ҷорӣ мешавад
Аз 1-уми январи соли 2025 ҷадвали миллии вақти Ӯзбекистон (UTC UZ) ҷорӣ мегардад ва ҳамчун вақти дақиқи Ӯзбекистон истифода мешавад. Дар ин бора дар қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои ташкили самарбахши фаъолияти хидмати вақт ва частота дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» зикр шудааст.
Мувофиқи қарор муассисаи давлатии Институти миллии метрологияи Ӯзбекистон барои ташкили самараноки хидмати вақт масъул мебошад. Институти метрология дар ташаккули вақти ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ (UTC) иштирок мекунад ва мақоми ваколатдори ташаккули ҷадвали миллии вақт дар Ӯзбекистон (UTC UZ) таъин мегардад.
Гирифтани вақти дақиқ аз хадамоти Вақт ва тақдими он ба мақомоти манфиатдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар асоси шартҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мешавад.
Намудҳои нави туризм ҷорӣ карда мешаванд
18-уми сентябри соли 2024 қарори ҳукумат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ҷорӣ намудани намудҳои нави сайёҳӣ ва истифодаи самаранок аз иқтидори туристии мамлакат» қабул гардид.
Мувофиқи ин қарор аз 1‑уми январ намудҳои зерини сайёҳӣ ҷорӣ карда мешавад:
— туризми саноатӣ;
— туризми геологӣ;
— туризми илмӣ;
— туризми ҳарбӣ;
— туризми давлатӣ-маъмурӣ.
Дар намоишҳои сирк истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ манъ мегардад
Бо қарори дахлдори Девони Вазирон нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшӣ дар сиркҳои давлатӣ ва сайёр (шапито) ва истифодаи онҳо барои намоишҳои сирк манъ мегардад.
Дар асоси ҳуҷҷат номгӯи ҳайвоноти ваҳшие, ки аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ дар шароити нимаозод, дар ҷойҳои ба таври сунъӣ сохташуда ё дар асорат нигоҳ доштан манъ аст ва тартиби нигоҳ доштани ин ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷониби шахсони юридикӣ тасдиқ карда шудааст.
Тибқи қарор, аз 1-уми январи соли 2025 инҳо манъ карда мешаванд:
— аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ дар шароити нимаозод, дар ҷойҳои ба таври сунъӣ сохташуда ё дар асорат нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшие, ки ба рӯйхат ворид карда шудаанд;
— дар сиркҳои давлатӣ ва сайёр (шапито) нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшӣ ва барои намоишҳои сирк истифода бурдани онҳо;
Ҳайвоноти ваҳшие, ки ба рӯйхат ворид карда шудаанд, танҳо бо иҷозати Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби шахсони юридикӣ дар боғҳои ҳайвонот ва ё питомникҳо тибқи тартиби муқарраршуда нигоҳдорӣ мешаванд. Ба Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, то 1-уми январи соли 2026 ба боғҳои ҳайвонот ё питомникҳо супоридани ҳайвоноти ваҳшиеро, ки дар рӯйхат қарор доранд ва дар дасти шахсони ҷисмониву сирк нигоҳдорӣ мешаванд, таъмин намоянд.
