Ovozi.uz

Хати гарави электронии ипотека ба бисёр оворагиҳои таъминот бо хонаву ҷой барҳам медиҳад

Шавкат ШАРИПОВ, узви Сенати Олий Маҷлис

Кредити ипотекавӣ дар зинаи ҳозираи рушди ҷомеа барои мо ҳамон мубрам мемонад. Чунки талаботи аҳолӣ ба харидани хонаву ҷой пайваста меафзояд, вале лозим аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ онро бо ресурсҳои молиявӣ саривақт таъмин кунанд.

Ҳоло бонкҳои тиҷоратӣ кредитҳои ипотекавиро асосан, аз ҳисоби ресурсҳои ҷойгиркардаи ҳукумат ва маблағҳои худ ҷудо мекунанд. Бинобар ин, бо ташаббуси роҳбари давлатамон ҶС «Ozbekiston ipotekani qayta moliyalashtirish kompaniyasi» ташкил карда шуд ва ба зиммаи он вазифаҳои бо ресурсҳои молиявӣ таъмин намудани бозори ипотекавӣ, умуман бунёди бозори замонавии ипотека вогузошта шуд. Дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, то имрӯз 3,7 триллион сӯмина кредити ипотекавии 18,8 ҳазор нафар шаҳрванд аз нав молиягузорӣ карда шуд.

Вале бисёр ҳолатҳое, ки вобаста ба ин масъала рӯй доданд ва медиҳанд, дар нормаҳои ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ акс нагардидаанд. Бинобар ин, ғавчӯбҳои бюрократӣ дар истифода аз кредити ипотекавӣ коғазбозӣ ва низоъҳои дигарро ба миён меоранд. Тағйирот ва иловаҳое, ки ба қонун «Дар бораи ипотека» ворид гардиданд, айнан ба бартараф намудани чунин норасоиҳо нигаронида шудаанд.

Хати электронии қарори ипотека муносибатҳои байни шахси кредити ипотека гирифта ва бонки онро дода, инчунин, онҳоеро, ки кредити ипотекаро ба гарав гирифтаанд, ба тартиб меорад. Ҳангоми аз рӯйхат гузарондани хати қарор роҳҳои муомилаи он рақамӣ карда мешаванд. Агар хати қарор ба шахси дигар дода шавад, ҳуқуқи талаб роҷеъ ба кредити ипотека ба тарзи автоматӣ ба шахси мазкур мегузарад. Дар ин ҳол бо тартиби нотариалӣ тағйирот ворид кардан ба шартномаи кредиту ипотека ва аз рӯйхати давлатӣ гузарондани онҳо талаб карда намешавад.

Бояд гуфт, ки ба воситаи хати қарори электронӣ ҳангоми ба шахси дигар расмӣ намудани қарор ба бисёр муаммоҳое, ки то ҳол мавҷуд буданд, роҳ дода намешаванд. Чунки дар он бадалҳое ҳастанд, ки айнан дар оянда барои маҷбуриятҳоро ба зимма гирифта, пардохтҳои дар муносибатҳои байни ҳам бударо қонунан таъмин мекунанд, онҳо ба таври нотариалӣ тасдиқ мегарданд ва коғазбозии барзиёд талаб карда намешавад.

Ба шахси дигар гузарондани хати гарав барои шаҳрванд шартҳои кредити ипотекаро тағйир намедиҳад ва ба он маҷбуриятҳои дигари иловагӣ вогузошта намешавад. Танҳо шахсе, ки пардохтҳоро роҷеъ ба кредит қабул мекунад, метавонад дигар шавад. Дарвоқеъ, бонк минбаъд хатҳои гаравро ба сифати таъминот истифода бурда, аз институтҳои молиявии дигар низ метавонад маблағҳои қарзро ҷалб кунад.

Ғайр аз ин, ҳангоми ба тариқи онлайн ё ки ба маркази хизматҳои давлатӣ рафта, расмӣ кардан хароҷот ва вақт сарфа карда мешавад.

Ҳоло барои расмӣ намудани чунин ҳуҷҷат шахсан иштирок намудани тарафҳо, бевосита ба идораҳои кадастр муроҷиат кардани онҳо талаб карда мешавад.

Яъне, хати электронии ипотека ба содда кардани чунин ҷараёнҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар айни ҳол, дар бораи сарбориҳои мавҷудбуда роҷеъ ба мулк имконияти гирифтани маълумотҳои холис ва аниқро фароҳам оварда, ба ҳолатҳое, ки ба молиягузории такрории босамар монеъ мешаванд, барҳам медиҳад. Ҳолати мазкур кафолати ҳуқуқҳои бонке, ки кредит медиҳад ва шаҳрванде, ки кредит мегирад, мешавад.

«Халқ сӯзи», 17.12.2024.

Тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ