Ovozi.uz

Буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025

Рӯзи 26‑уми декабри соли 2024 сессияи панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ намуд.

Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд. Сипас, масъалаи буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025 баррасӣ гардид.

Дар ин бора ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ф.Абилов маълумот дод.

Сессияи панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят бар асоси моддаҳои 6 ва 24‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат», моддаҳои 27 ва 99‑уми Кодекси буҷет, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2025» таҳти рақами 1011, хатҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14‑уми октябри соли 2024 таҳти рақами 01–1239/7 ва Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25‑уми декабри соли 2024 таҳти рақами 01/51–1–26812‑ро ба инобат гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2025»-ро барои роҳбарӣ ва иҷро қабул кард.

Бар асоси Қонуни мазкур барои маълумот қабул намуд, ки қисми даромадҳои буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025 ба миқдори 5915,3 млрд. сӯм ва хароҷотҳояш ба миқдори 8008,6 млрд. сӯм, инчунин ба инобат гирифта шавад, ки трансфертҳои байни буҷетии ба тартибоваранда, ки аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, ба миқдори 2093,3 млрд. сӯм, аз ин трансферҳои аз ҳисоби пардохти андози аксиз ҷудошаванда, ба миқдори 362,3 млрд. сӯм тасдиқ шудааст.

Аз рӯи ин масъала мудири шӯъбаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Иботов, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев, сардори Садорати андози вилоят Э.Толлиев, намояндагони халқ ва роҳбарони ташкилотҳои буҷетӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар сессия, инчунин ахбори мушовири ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои забони давлатӣ Ш.Темиров дар бораи иҷрои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-­ҳукуқӣ (дар ҳамин соҳа қабул карда шудаанд) дар садорат ва ташкилотҳои вилоятӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки гурӯҳи кории ҳокимияти вилоят аз 13 то 15‑уми ноябри соли равон дар садорат ва ташкилотҳои вилоят иҷрои қонун ва ҳуҷҷатҳоро омӯхт. Аз ҷумла, дар филиали таъминоти гази «Hududgaz Samarqand», садорати ҶС «Samarqand suv ta‘minoti», Садорати осоиштагии санитарӣ-­эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатии вилояти Самарқанд, Сарсадорати роҳҳои автомобилии вилояти Самарқанд, филиали ҳудудии ҶС «Hududiy elektr tarmoqlari» дар Самарқанд ва ғайра норасоиҳое чун ба моддаи 10‑уми Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» риоя накарда, ҳуҷҷатҳоро ба забони русӣ расмӣ кардан, номи қонунҳоро нодуруст навиштан, бо алифбои кириллӣ роҳандозӣ намудани ҳуҷҷатгузории садорат ва ташкилотҳо ба назар расиданд. Мутаассифона саводнокии ходимон ба забони давлатӣ низ ба дараҷаи талабот нест. Инро ҳангоми аз онҳо гирифтани диктант низ баръало мушоҳида кардан мумкин буд. Ҳангоми навиштани диктант ягон нафар ходим баҳои «аъло» нагирифт. Баҳои беш аз 40 фоизи онҳо «ғайриқаноатбахш» буданд.

Сарфи назар аз чунин норасоиҳо муносибат ба такмили ихтисоси ходимон дар ин самт ибратбахш нестанд. Дар соли 2024 ҳамагӣ 2 нафар ходим (дар моҳҳои май ва июн)-и филиали таъминоти гази «Hududgaz Samarqand» дар Маркази ҳудудии коргузорӣ ба забони давлатӣ такмили малака кардаанду бас.

Роҷеъ ба ин масъала низ намояндагони халқ чанд пешниҳод ва тавсияҳо доданд.

Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили тасдиқ кардани қарорҳои ҳокими вилояти Самарқанд аз 17‑уми декабри соли 2024 «Дар бораи аз вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят — сардори Садорати оила ва зану духтарон сабукдӯш намудани Рахмонова Зебинисо Пӯлодовна» таҳти рақами 360–7–0-Қ/24 ва «Дар бораи ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд — сардори Садорати оила ва зану духтарон таъин кардани Саидова Зебо Беҳбудовна» таҳти рақами 361–7-О-Қ/24 баррасӣ гардид. Намояндагони халқ ҳар дуи ин қарорро тасдиқ карданд.

Дар сессия намояндагони халқ барномаи вилоятии дар соли 2025 ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва кӯмак ба шуғли аҳолиро тасдиқ намуданд.

Онҳо инчунин, чораҳои иловагии кишти тухмиҳои растаниҳои сердаромадро дар канори майдонҳои замин ва атрофи канал — коллекторҳо муайян карданд.

Вазорати экология, ҳифзи муҳити атроф ва тағйироти иқлим бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар банди 11‑уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 31‑уми майи соли 2023 таҳти рақами ФП‑81 муайян шудаанд, мастер-­нақшаи экологии шаҳри Самарқандро таҳия намудааст. Намояндагони халқ онро низ тасдиқ карданд.

Дар вилоят дар маҳаллаҳое, ки дар доираи барномаи «Аз камбизоатӣ сӯи фаровонӣ»-и соли 2025 интихоб шудаанд, пешниҳодҳо барои беҳдошти обёрии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бояд тасдиқ карда мешуданд, намояндагони халқ ин масъаларо ҳам баррасӣ намуда, пазируфтанд.

Шӯро роҷеъ ба ин масъалаҳо низ қарорҳо қабул кард.