Соҳои охир дар байни ҷавонон истеъмоли воситаҳои доруҳои психотропӣ ва моддаҳои синтетикии мадҳушкунанда торафт меафзояд. Бо ин мақсад ходимони ҳифзи ҳуқуқи мамлакатамон барои пешгирии гардиши ғайриқонунии моддаҳои гиёҳвандӣ пайваста мубориза мебаранд. Алалхусус, аз тарфи ходимони амнияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо кумитаи гумрук чорабинии махсусе дар шаҳри Тошканд газаронида, ба фаъолияти нарколабаратория нуқта гузоштанд. Аз ҷумла, ду нафар шахс (ному насабаш оварда нашудааст) соли таваллудашон 1986 ва 1988, соҳиби маълумоти олӣ, зери ниқоби фаъолияти логистикӣ дар яке аз хонадонҳои ноҳияи Шайхонтоҳир бо истеҳсоли моддаҳои гиёҳвандии синтетикӣ шуғл варзидаанд. Ҳангоми аз назар гузаронидани хонадон ҷамъ, дар 56 баста наздики 26 килограмм моддаи гиёҳвандии «Мефедрон», дар тайёрнамоии моддаҳои синтетикӣ зиёда аз 400 килограмм об ва хокаи моддаи кимёвӣ, ашёҳои хом ва асбобу ускунаҳои зарура, муайян гардид. Дар давоми пурсуҷӯ маълум шудааст, ки асбоббу ускунаҳо, хомашё ва прекурсорҳо аз давлати хориҷа оварда шуда, савдои моддаҳои гиёҳвандии синтетикӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ амалӣ гаштааст. Ҳоло аз рӯи ҳолат тибқи кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо моддаҳои 246 ва 273 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои пурсуҷӯӣ давом дорад.
Дар шаҳри Тошканд ба фаъолияти нарколабаратория нуқта гузоштанд
