Ovozi.uz

Халқ ва армия якдиланд

Имсол ба таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 32 сол пур мешавад. Ба ҳамин муносибат ва бахшида ба Рӯзи муҳофизони Ватан дар қисмҳои ҳарбӣ, мактабҳои ватанпарварӣ як силсила чорабиниҳо доир мегарданд. Тадбирҳо маъмулан дар чаҳорчӯби «Моҳонаи ватанпарварӣ» ва таҳти шиори «Армияи Ӯзбекистони Нав — қудрати мамлакат, тимсоли ғурур ва садоқати бузург» баргузор мешаванд.
Имрӯз дар майдони Регистони шаҳр вобаста ба моҳонаи мазкур хидматчиёни қисми ҳарбии Округи марзказии ҳарбӣ аслиҳаҳои ҳарбиро намоиш доданд.
Дар тадбир, ки ба мақсади таҳкими ҳамҷиҳатии халқ ва артиш доир гардид, ҷавонон бо техника ва силоҳҳои ҳарбӣ шинос шуданд.
Намоишҳои саҳнавӣ дар бораи ҷасорати ниёгон ва баромадҳои намоишии ҳарбиён ба онҳо таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи амалӣ гардондани ғояи наҷиби «Халқ ва армия якдиланд» корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Имрӯзҳо шаҳрвандони мамлакати мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дастгирӣ ва ёрии ҳаматарафаи армияро ҳис мекунанд. Ва албатта, баргузории чунин чорабиниҳо низ барои дар оянда камол ёфтани ҷавонони шуҷои ватандӯст хидмат мекунад.

Ҷ.ТОШПӮЛОДОВ, гид-экскурсоводи ансамбли Регистон