Ovozi.uz

Анҷумани шаҳрсозони ҷаҳони турк дар Самарқанд

Анҷумани шаҳрсозии ҷаҳони турки Иттифоқи муҳандисон ва меъморони ҷаҳони турк ба кори худ шурӯъ кард.
Дар он намояндагони давлатҳои аъзои иттифоқ, бинокорон ва меъморони ӯзбекистонӣ, олимон ва мутахассисони соҳа иштирок мекунанд.
Дар ифтитоҳи анҷуман Вазири сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷойи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Ҳидоятов, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев суханонронӣ намуда, роҳбарияти иттифоқ ва меҳмононро шодбош гуфтанд, инчунин ба кори анҷуман барор хостанд.
Раиси Иттифоқи муҳандисон ва меъморони ҷаҳони турк Иляс Демирҷи, раиси Шӯрои оқсақолони Созмони давлатҳои туркӣ, Сарвазири собиқи Ҷумҳурии Туркия Бинали Йилдирим, сарконсули Ҷумҳурии Туркия дар Самарқанд Салиҳ Ҷанер ва дигарон қайд намуданд, ки иттифоқи мазкур имрӯзҳо дар ҷорӣ кардани анъанаҳои шаҳрсозии замонавии бо таърих омехташуда ва дар амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ мақоми муҳим дорад.
Анҷуман кори худро бо сессияҳое, аз қабили Самарқанд — маркази тамаддуни ҷаҳони турк, сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар ҷаҳони туркӣ, «Ягонагӣ дар забон, андеша ва кор»-и бахшида ба 150‑солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва тағйирёбии ҷаҳонии иқлим: дурнамои баҳри Арал идома дод. Дар он намояндагони кишварҳои узви Иттифоқи муҳандисон ва меъморони ҷаҳони турк ва олимону мутахассисони кишвари мо бо маърӯзаю тақдимотҳои худ ширкат варзиданд.
Дар доираи чорабиниҳо мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев ва раиси Шӯрои оқсақолони Созмони давлатҳои туркӣ Бинали Йилдирим баргузор гардид.
Иштирокчиёни анҷуман аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, бинову иншооти замонавии Самарқанд низ дидан карданд.