Дар тасарруфи зиёда аз 631,4 ҳазор соҳибони замини наздиҳавлигӣ, ки дар 846 маҳаллаи вилоятамон истиқомат мекунанд, 69,6 ҳазор гектар замин вуҷуд дорад. Истифодаи самараноки ин заминҳо ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои ғизоӣ, зиёд намудани даромади аҳолӣ ва қонеъ кардани талаби зиёда аз 4,2 миллион аҳолии вилоят мусоидат мекунад.
Роҳбари давлатамон дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 30‑юми январи соли равон баргузор шуд, оид ба сохтори нави истеҳсоли маҳсулотҳои пурқимат дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора супоришҳо дода буд. Аз ин рӯ, доир ба зиёд намудани даромад ва таъмини шуғли соҳибони замини наздиҳавлигӣ якчанд вазифаҳо муайян гардиданд.
Аз ҷумла, чораҳои гирифтани 15–20 миллион сӯм даромад аз ҳар як хол замин, 2–3 маротиба гирифтани ҳосил, дар маҳаллаҳо даромади камаш 10‑то оиларо ба 60–70 миллион сӯм расонида, онҳоро ба хонадони намунавӣ табдил додан андешида мешаванд. Ба воситаи ташкили иваз намуда кишт кардан дар заминҳои наздиҳавлигии вилоят, дар 184,9 ҳазор гектар замин киштани дон ба нақша гирифта шуд. Дар назар аст, ки аз ин заминҳо соли ҷорӣ 1 миллиону 686 ҳазор тонна сабзавот, 413 ҳазор тонна картошка, 73,9 ҳазор тонна маҳсулотҳои полизӣ, 132 ҳазор тонна маҳсулотҳои лӯбиёгӣ, 4,8 ҳазор тонна маҳсулотҳои дигар парвариш карда мешаванд. Танҳо дар ноҳияи Булунғур 34 ҳазор тонна картошка парвариш намуда, ба бозори дохилӣ мебарорад.
Ғайр аз ин, дар моҳҳои баҳор дар 38,2 ҳазор хонадон қариб 153 ҳазор бех ниҳолҳои лимон ва дар 70, 4 ҳазор хонадон зиёда аз 1 миллион бех ток шинонида мешаванд. Барои ин, хазинаи назди шӯро ва бонкҳои тиҷоратӣ ба ташаббускорон 12 миллиард сӯм маблағ ҷудо мекунанд. Аз соли ҷорӣ дар 5–6 гектар замини наздиҳавлигии ҳар як ноҳия (ҷамъ 90 гектар) парвариши маҳсулоти органикӣ роҳандозӣ монда мешавад. Фаъолияти 95 нафар соҳибкорони тартиби якка ба шакли хизмати замини наздиҳавлигӣ асосёфта ташкил мегардад, 85‑то анборхонаи яхдондори хурд ва 115‑то дастгоҳҳои хурди хушккунанда, ҷудокунанда ва бастабандикунанда ба кор шурӯъ мекунанд. Ба ин восита шуғли 695 нафар аҳолӣ таъмин мегардад.
Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ба заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва роҳҳои дохилӣ ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ шинонида мешаванд.
Барои дастгирии молиявии фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибони замини наздиҳавлигӣ ва корхонаҳои хизмати замини наздиҳавлигӣ аз хазинаи назди шӯро 24,2 миллиард сӯм ҷудо мегардад.
Ҳоло дар 4215 гектар заминҳои наздиҳавлигии 10 ноҳияи вилоятамон таъминоти об ғайриқаноатбахш аст. Барои ҳамин, дар 44 маҳалла 61 дона қудуқ кофта, таъминоти оби 183 гектар замини наздиҳавлигиро беҳтар мекунанд.
Дар 7 майдони омӯзишии намунавӣ, ки дар асоси равиши нав ташкил мегарданд, 1652 нафар соҳибони замини наздиҳавлигӣ зиёд, бо иштироки деҳқонони соҳибмаълумот дарсҳои маҳорат ва семинарҳо ташкил карда мешаванд.
Муҳимтар аз ҳама, теъдоди маҳаллаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулотҳои навъи муайян ихтисосонида шудаанд, аз 583‑то ба 688‑то расонида хоҳад шуд.
Сохтори нави истифодаи замини наздиҳавлигӣ ҷорӣ мегардад
