Он солҳо ҳанӯз аз лавҳи хотири Дилшода Умарова зудуда намегарданд. Дар синфи дуввум мехонду ба касалии зардпарвин гирифтор шуд. Ҳамроҳи модараш дар бемористони сироятӣ табобат гирифтанаш рост омад. Дар он ҷо як ҳамшираи наҳифҷуссаи хушрӯяку чаққон кор мекард. Рафтору гуфтору кирдораш ҳавасовар буд. Вай хандон ба қатори дигар беморон ба Дилшода ҳам қатрадору мегузаронд. Чӣ сеҳре дошта, ки сӯзан задану қатрадору фиристонданаш ҳис карда намешуд. «Ман ҳам ҳамин хел мешавам» аз дил гузаронд ӯ.
Худи Дилшода Умарова 29‑уми июни соли 1989 дар маҳаллаи Ҳамид Олимҷони шаҳри Самарқанд таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 9 таҳсилашро дар коллеҷи тиббии Сиёб давом дод. Ҳарчанд дар солҳои мактабхониву таҳсил дар коллеҷ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд, дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекард ва дар мусобиқаҳои «Заковат» аз фанҳои ҷамъиятиву ҳуқуқ ғолиб меомад, ҳамон ҳамшираи шафқати бемористони сироятӣ аз пеши назараш дур намешуд. Бинобар ҳамин, барои идомаи таҳсил ба бахши кори ҳамширагии олии Институти тиббии Самарқанд дохил шуд. Солҳои 2008–2011 дар ин боргоҳ хонда, маълумоти олӣ гирифт. Солҳои донишҷӯӣ ӯ барои таҷрибаомӯзӣ ҳамроҳи ҳамсабақонаш асосан ба шӯъбаҳои офталмологиву терапевтии Клиникаи рақами якуми институт мерафт. Дар он ҷо зери роҳбарии муаллимони институту духтуру ходимони ин шӯъбаҳо таҷриба омӯхт. Донишу маҳорати худро сайқал дод.
Дилшода баъди хатми институт барои кор ба ҳамин ҷо омад. Сарҳамшираи калони клиника Хуршеда Мавлонбердиева ӯро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, гуфт, ки дар шӯбаи офталмология вазифаи хоҳари шафқати калон холӣ аст. Як духтаре муваққатан кор кунад ҳам, аз кор рафтанист. Ӯ, ки дар ҳамин ҷо таҷрибаомӯзӣ карда, бо бисёр духтуру хоҳарони шафқати шӯъба шинос буд, қарор дод, ки дар ҳамин ҷо кор кунад. Он солҳо дар вазифаи мудири шӯъба Зӯҳро Зокирова фаъолият дошт. Вай бо назари шубҳа ба ин духтарак нигарист: оё аз ӯҳдаи кор мебарояд, боз шавҳар кунад?.. Вай дар ҷавоб гуфт, ки ҳоло ин хел нақшаҳо надорад. Мудир баъди шунидани ин хел ҷавоб розӣ шуд. Ҳамин тавр, соли 2011 баъди санҷиши якмоҳа ӯро дар ин шӯъба ба вазифаи сарҳамшираи шафқат ба кор қабул карданд.
Дар шӯъба ӯ аз ҳама ҷавон буд. Бо вуҷуди он, ки дигар хоҳарони шафқат дар синну сол аз ӯ калон буданд, вай барои якҷоя кор кардан кӯшид.
— Дар кор сахт истед, — баъди ба кор сар кардани ӯ гуфт ҳамшираи ҷарроҳии шӯъба Машҳура Болтаева. — Ниҳол дар як ҷо месабзад!
Дилшода бо дилу ҷон ба кор часпид ва корҳои шӯъбаро пеш мебурд.
Баъд бо мудири шӯъба Шавкат Бектемуров кор кард. Вай ҳангоми кор тарафи ягон ҳамшираро гирад, Шавкатака мегуфт:
— Шумо адвокат-е, ҳамеша тарафи хоҳарони шафқататонро мегиред!
Ҳоло мудири шӯъбаи офталмологии клиника Шоҳрух Искандаров аст. Дар шӯъба 5 нафар духтурони худи шӯъба ва 11 нафар омӯзгору духтурони институт кор мекунанд. Дилшода Умарова ба 12 нафар хоҳарони шафқат ва 10 нафар ходимони хурди тиббӣ сарварӣ менамояд.
Дар 17 палатаи шӯъба то 35 нафар беморон табобат мегиранду аз дарди чашм шифо меёбанд.
— Корамро дӯст медорам, — мегӯяд Дилшода Умарова. — Бо духтурону хоҳарони шафқат кор кардан ба ман олам-олам шодӣ мебахшад. Дар коллективи аҳлу тифоқамон якдигарфаҳмӣ дар ҷои аввал меистад. Дар вақти пеш омадани ягон мушкилоти корӣ ё оилавӣ ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунем. Ин барои пешрафти кор, табобат ёфтани дили беморон ва баланд шудани мавқеи хоҳарони шафқат ёрӣ мерасонад.
Инак, қариб 15 сол боз Дилшода Умарова дар шӯъбаи офталмологияи Клиникаи рақами яки Донишгоҳи давлатии тиббиёти Самарқанд ҳамчун хоҳари калони шафқат кор мекунад. Ӯ аз кори худ розиву ҳамкасбҳояш аз ӯ миннатдоранд. Ӯ барои иштирок дар озмуну мусобиқаҳои касбӣ ва фаъолияти пурсамари меҳнатиаш соли 2022 ба гирифтани нишони сарисинагии «Аълочии тандурустӣ»-и Вазорати ҳифзи саломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардидааст.
— Шумо, ки дар ҳамин ҷо ҳастед, дилам пур, — баъзан мегӯяд мудири кафедраи офталмологияи донишгоҳ Саидафзал Бобоев. — Коратонро медонеду дар вақташ иҷро мекунед. Ба падаратон раҳмат!
М.ҶУМЪАЗОДА.
