Вақтҳои охир тавассути канали телеграмии ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам тибқи лоиҳаҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод», «Маҳаллаи обод» шоҳиди дигаргуниҳои бисёр мешавем. Бо мақсади боз ҳам аз наздик шинос шудан бо ин дигаргуниҳо, барои ходимони васоити ахбори оммавӣ ба ин ноҳия пресс-тур ташкил карда шуд.
Дар ин сафари матбуотӣ журналистон нахуст аз ташкилоти таълими томактабии рақами 62‑и ноҳия дидан карданд. Ба гуфтаи директори ташкилот Шоҳида Ҳикматуллоева ин кӯдакистон ба қарибӣ кори худро оғоз карда, ҳоло дар он 100 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд.
— Боғчаи мо дар маҳаллаи Гулобод ҷойгир аст, — гуфт директор. — Ҳолати пешинаи кӯдакистон хеле хароб буд ва пас аз дар асоси барномаи давлатӣ таъмир гардидан, намуди зеборо гирифт. Ҳоло дар кӯдакистонамон шароитҳои хуб фароҳам гардидааст. Бо мақсади омӯзонидани забонҳои англисию русӣ дар боғча маҳфилҳо низ ташкил кардем ва дар он мураббиён аллакай ба кӯдакон забон меомӯзанд.
Журналистон ҳар як хонаи кӯдакистонро аз назар гузаронида, бо шароитҳо шинос шуданд.
Сипас, ходимони ВАО аз корхонаи оилавии «Меҳр мебел»-и ноҳия дидан карданд. Дар ин корхона асосан мизу курсӣ, ҷевон ва дигар намудҳои мебелро омода мекунанд.
— Мебелҳое, ки мо истеҳсол мекунем, — гуфт роҳбари корхона Набӣ Эшнаев, — хеле мустаҳкам аст. Чунки, мо барои сохтани онҳо чӯби дарахти чормағзро истифода мебарем. Хуб медонем, ки чӯби чормағз мустаҳкам мебошад.
Инчунин, вай таъкид намуд, ки таҷҳизоти дигари мебелҳоро аз давлатҳои Туркия ва Хитой меоваранд ва ҳоло дар корхона беш аз 50 нафар кор мекунанд.
Н.Эшнаев худ дастпарвари анъанаи устоду шогирд буда, пас аз омӯхтани касби мебелсозӣ аз устодаш, фаъолияти корхонаи худро ба роҳ мондааст. Имрӯз вай на фақат ба маҳаллаву ноҳия, балки ба тамоми вилоятҳои кишвар мебелҳои мустаҳкаму босифатро тайёр мекунад.
Ба гуфтаи ёрдамчии ҳокими маҳалла Ҷӯрабек Рӯзибоев, дар маҳаллаи «Қорағуппа» беш аз 104 хонадон бо ҳунари мебелсозӣ машғул буда, онҳо дар як сол беш аз 180 ҳазор дона мебел мефурӯшанд.
— Маҳаллаи мо ба мебелсозӣ ихтисосонида шуда, бо мақсади ба тадбиркорон фароҳам овардани шароитҳои хуб, дар ин ҷо дар майдони 2,5 гектар замин минтақаи хурди саноатӣ бунёд мегардад, — гуфт Ҷ.Рӯзибоев.
Дар идома рӯзноманигорон бо рафти корҳои сохтмони минтақаи хурди саноатӣ шинос гаштанд. Таъкид гардид, ки минтақа баъд аз як моҳ кушода мешавад.
Манзили охирини сафари матбуотӣ Мактаб-интернати ихтисосонидаи рақами 2‑и Пастдарғам шуд. Мактаб-интернат аз моҳи сентябри соли 2023 нахустин донишомӯзонро қабул карда, ҳоло дар ин муассиса 140 нафар таълим мегиранд.
— 19 нафар муаллим ва мураббиёни мактаб шаҳодатномаҳои забондонӣ дошта, маҳфилҳои 20 фан ва «Панҷ ташаббус» мунтазам амал мекунанд, — гуфт муаллимаи забони англисии мактаб-интернат Мунира Назарова. — Ба мактаби мо хонандагонро бо имтиҳонҳои забони хориҷӣ қабул мекунанд ва ҳамаи онҳо дар пеши худ мақсадҳои бузург доранд. Аз ин рӯ, нисбат ба дигар мактабҳо, дар ин ҷо барои боз ҳам бештар омӯхтани забони хориҷӣ талаб пурзӯртар аст.
Бояд гуфт, ки ҳамаи 3 нафар устодони забони англисӣ шаҳодатномаи сатҳи С1 дошта, онҳо ба донишомӯзон забони хориҷиро бо методҳои гуногуни шавқовар меомӯзонанд.
Ғайр аз ин, журналистон бо шароитҳои мактаб-интернат, аз ҷумла утоқҳои дарсӣ, толори маҷлисҳо, китобхона ва ошхона низ шинос шуданд.
Ш.КЕНҶАЕВ.
