Ҳолат аз тарафи нозирони давлатии нозироти экология, ҳимояи атрофи муҳит ва тағйирёбии иқлими ноҳия аниқ гардидааст.
Бино ба хабари хидмати ахбори садорати экологияи вилоят, дар натиҷаи аз ҷониби нозирон бурдани омӯзишҳо аз ҷониби директори мактаби таълими умумии рақами 52 –и воқеъ дар маҳаллаи Бунёдкори ноҳия У.И.бурида партофтани 23 бех арчаи ҳудуди мактаб маълум шудааст. Аз ин рӯ, мувофиқи қисми 1-и моддаи 79-уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ба вайронкунандаи қонун ба миқдори 17 миллион сӯм ҷарима ва барои расондани зарар ба табиат 60520000 сӯм навишта шудааст.
Дар Ургут директори мактаб дар натиҷаи буридани дарахтҳо ба табиат 77 миллион сўм зарар расонид
