1-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд Форуми 11-ум оид ба соддагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (APTFF) кори худро оғоз кард. Дар форум беш аз 250 меҳмони хориҷӣ аз зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони беш аз 10 созмони байналмилалӣ иштирок доранд.
Дар маросими кушодашавии форум ҷонишини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Хуррам Тешабоев қайд кард, ки ба таври васеъ татбиқ гардидани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамисозӣ барои афзунгардии ҳаҷми истеҳсолот ва савдои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, таъмини барқарори минтақа бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки тавассути рушди мубодилаи электронии маълумот дар соҳаҳои савдо, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳияи механизмҳои нави тиҷорат, бобати соддагардонии тартибу тамоюли савдо роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим аст. Дар ин самт дар ҳудудҳои наздимарзӣ таъсиси марказҳои замонавии савдо ва логистикӣ, долонҳои гумрукии содда ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ чораи самарабахш ба ҳисоб меравад.
Зарурати фароҳам овардани имкониятҳо барои истифода аз технологияҳои муосир, андешидани чораҳои босамар ҷиҳати соддагардонии расмиёт дар соҳаи тиҷорат ва ҳамлу нақли бор, рақамикунонии равандҳои танзими ҳаракати молҳоро таъкид карданд.
Таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон дар натиҷаи бартараф кардани монеиятҳо дар роҳи ворид шудан ба бозори хориҷӣ, либерализатсияи бозори асъор, бекор кардани боҷҳои гумрукӣ ба зиёда аз 7 ҳазор намуди ашёи хом ва мол гардиши савдои хориҷӣ ду баробар афзуд.
Сарбории андоз қариб 2 маротиба кам, инчунин, маъмурияти андоз содда карда шуд ва Ӯзбекистон дар роҳи узви Созмони ҷаҳонии савдо қадамҳои устувор мегузорад.
Дар доираи форум як қатор вохӯриҳо баргузор гардида, дар онҳо вазъи кунунии муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ ва нақшаҳои гкстариши ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мекунем, ки форум кори худро то 5-уми апрел идома медиҳад. Мувофиқи барнома, баргузории муҳокимаҳо ва сессияҳои гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои соддагардонии тиҷорат ва рақамикунонӣ, аз ҷумла савдои бидуни коғазӣ ва нақлиёти фаромарзӣ, инчунин беҳтар намудани муҳити савдо ба нақша гирифта шудааст.
Хидмати матбуоти Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо.
Масъалаҳои соддагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардиданд
