Ovozi.uz

Ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия. Теҳрон ваъдаи посухи сахтро дод

Дирӯз, 1-уми апрел, бинои консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия, мавриди ҳамлаи мушак қарор гирифт ва комилан нобуд шуд. Бар асари ин ҳамла бархе аз афсарони саршиноси низомии Эрон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла посухи Исроил ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Ироқ ба Исроил будааст. Дар ин бора Би-би-си хабар медиҳад.

Ба иттилои ин расона, Ҳусейн Акбарӣ, сафири Эрон дар Димишқ, пас аз ин ҳамла ба шабакаи “Хабар” гуфтааст, “ҳавопаймоҳои F-35-и Исроил аз Ҷӯлон бо шаш мушак бинои консулгариро ҳадаф қарор доданд”.

“Ман худам дар сафорат будам ва дидам, ки бинои сафорат ва тирезаҳои он низ осеб дид”, — таъкид кардааст Ҳусейн Акбарӣ.
Ҳамчунин Ҳусейн Акбарӣ гуфтааст, ки дар ҳамлаи Исроил ба бинои консулгарии Эрон дар Димишқ бархе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар соатҳои аввали пас аз ҳамла Эрон баён кард, ки Муҳаммадризо Зоҳидӣ, яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Ҳоҷӣ Раҳимӣ, ёвари ӯ дар натиҷаи ин ҳамла кушта шудаанд.

Сафири Эрон дар Сурия таъкид кардааст, ки дар ин ҳамла аз панҷ то ҳафт нафар кушта шудаанд. Ӯ ҳамчунин аз посухи қотеъи Эрон ба ин ҳамла ёдовар шуд.

Вокуниши Раисӣ ва вазорати хориҷаи Эрон Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар паёме ин ҳамларо аломати “ноумедии Исроил” номид ва ба шиддат маҳкум кард. Ӯ гуфт, Эрон ин иқдомро беҷавоб намегузорад.

Манбаъ: Азия Плюс ТҶ