Ovozi.uz

Натиҷаҳои тадқиқоти саҳроӣ сарҳисоб гардид

Рӯзҳои 27-29-уми марти соли ҷорӣ дар Донишкадаи археологияи Самарқанд ба номи Я.Ғуломов таҳти мавзӯи “Натиҷаҳои тадқиқоти саҳроӣ дар соли 2023” сессияи ҳисоботӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ, ки таърихшиносон-археологҳои Институти археологии Самарқанд, Маркази миллии археологӣ, Институти тадқиқотҳои илмии фанҳои гуманитарии Қароқалпоқистон, Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон, Академияи Маъмун, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Донишкадаи давлатии педагогии Нуқус ба номи Ажиниёз, Донишгоҳи давлатии Термиз, Осорхонаи арехологии Термиз ва дигар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, тадқиқотчиёни ҷавон иштирок карданд, ба сухан баромадагон дар бораи тадқиқотҳои археологӣ, ки тӯли соли гузашта дар минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардиданд, навигониҳои муҳими илмӣ, нақшаҳо барои соли 2024 ҳарф заданд.
Зикр гашт, ки дар давоми соли 2023 барои гузаронидани тадқиқоти археологӣ 138 иҷозатнома дода шудааст. Зиёда аз 90 иҷозатнома барои кофтуковҳои археологӣ ва беш аз 48 иҷозатнома барои ҷустуҷӯҳои археологӣ тақдим гардидааст. Аз ин тадқиқотҳо қариб 20-тоаш экспедитсияҳои муштараки байналхалқӣ мебошанд.
Ҷуғрофиёи кофтуковҳои археологӣ ва корҳои ҷустуҷӯӣ қариб ҳамаи воҳаҳои таърихию фарҳангии кишварамонро фаро гирифта, теъдоди зиёди тадқиқотҳои саҳроӣ дар вилоятҳои Сурхондарё (25-то), Самарқанд (20-то), Тошканд (20-то) ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (15-то) гузаронида шуд ва онҳо доираи хронологии ин тадқиқотҳо давраи дуру дарози таърихиро аз давраи палеолит то охири асрҳои миёнаро дар бар мегиранд.
Қисми асосии иҷозатномаҳо барои гузаронидани тадқиқоти археологӣ ба Институти археологии Самарқанд (58-то), Маркази миллии археологӣ (36-то), Донишгоҳи давлатии Термиз (9-то) ва Институти санъатшиносӣ(8-то) тақдим гардидааст.
Бояд гуфт, ки натиҷаҳои тадқиқотҳои бостоншиносоне, ки дар асоси иҷозатнома тадқиқоти саҳроӣ анҷом додаанд, дар маҷмӯаи солонаи «Тадқиқоти археологӣ дар Ӯзбекистон» нашр мешаванд.

Комил РАҲИМОВ, номзади илмҳои таърих