Ovozi.uz

Дар Самарқанд таҳти мавзӯи «Беҳдошти барқарории хизматҳои обҳои ошомиданӣ ва партов дар Ӯзбекистон» конфронси байналмилалӣ оғоз гардид

Ҷамъияти саҳҳомии «Ўзсувтаъминот» бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Швейтсария чорабиние ташкил кард. Дар он масъулони соҳаи мазкури кишварамон, вакилони институтҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносон (экспертҳо), намояндагони ҳукумат ва сармоягузорон иштирок мекунанд.

Дар оғози конфронс иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев таъкид кард, ки рушди инфрасохтори об баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ барои таъмини барқарории иқтисодиёти шаҳрвандон низ хизмат мекунад. Беш аз ҳама имрӯз, ки дар дунё тағйирёбии иқлим ва оби тозаи ошомиданӣ ба муаммои глобалӣ табдил меёбад, истифодаи технологияҳои замонавӣ дар соҳа, истифодаи самаранок аз захира (ресурс)-ҳои об аҳамияти долзарб касб мекунад. Корҳое, ки дар Ӯзбекистон вобаста ба ин самт бо ҳамкории институтҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ карда мешаванд, эътироф гардиданд.

Мувофиқи маълумотҳо, тӯли солҳои 2017-2024 дар диёри мо барои рушди соҳаҳои оби ошомиданӣ ва партов беш аз 27,5 триллион сӯм маблағ равона карда шудааст. Аз ин миқдор 1 миллиард доллари ИМА ба ҳиссаи институтҳои байналмилалии молиявӣ рост меояд. Ба воситаи он дар маҳаллаҳо беш аз 7,7 миллион нафар аҳолӣ бори аввал ба шабакаи оби ошомиданӣ пайваст шуда, сифати зиндагиашон ба дараҷаи назаррас беҳ шуд.

Соли равон дар доираи 21-то лоиҳаи 2,179 миллиард долларина азхуд намудани маблағҳои байналмилалии молиявии миқдорашон 453,5 миллион доллар муайян гардидааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо 9484,4 километр шабакаҳои оби ошомиданӣ ва 3268,9 километр шабакаҳои оби партов кашида мешаванд. Сохтмони 18-то иншооти оби ошомиданӣ, 32-то иншооте, ки оби партовро тоза мекунад ва гузоштани 483 ҳазор дона ҳисобкунакҳои замонавии об ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд, Сирдарё, Тошканд, Хоразм, Қашқадарё ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон корҳои васеъмиқёс амалӣ карда мешаванд.