Ovozi.uz

Савдои умр шитобкориро намеписандад

Оила чист? Оила асоси ҷомеа аст. Оила маркази тарбияест, ки ҷовидонии зиндагӣ, идомаи наслҳоро таъмин намуда, анъанаҳои наҷиби моро ҳифз мекунад ва ба наслҳои оянда таъсири бевосита мерасонад. Баробари шунидани ин калима, дар пеши назарамон, аввало оилаи хушбахт, ки дар он бобою модаркалон, падару модар, фарзандон, набераҳо ҳастанд, ҷилвагар мешавад. Бунёд кардани оила кори саҳл нест. Савдои умр ҳеҷ гоҳ шитобкориро намеписандад. Зеро интихоби дурусти ҳамсар, ки шарики якумраи зиндагӣ мебошад, дар тақдири муносибатҳои оилавӣ нақши бисёр муҳим мебозад.

Аммо дар вақтҳои охир оилаҳои хушбахти ҷавон он қадар бисёр нестанд. Як муаммои ночиз мумкин сабаби пароканда шудани ин оилаҳо шавад. Ҳангоми вохӯрӣ ҷавонҳо ба якдигар дар бораи норасоиҳои худ ҳарф намезананд. То гузаштани тӯй онҳо ба осмони ҳафтум парвоз мекунанд, ваъдаҳои беҳисоб медиҳанд. Баъд аз тӯй як-як гапу калочаҳояшон мебарояд. Бисёр ҷавонон бесабру беқаноатанд. Онҳо мехоҳанд якбора ба зинаи аввал бароянду зудтар ба ҳамаи орзуҳояшон бирасанд. Аммо ҳаёт пасту баландиҳои зиёд дорад. Агар ҷавонон ҳамдигарро ҳурмат карда, ба ҳамаи санҷишҳои ҳаёт сабру қаноат кунанд, албатта ба ҳамаи орзуҳояшон мерасанд.

Танҳо меҳру муҳаббат зану шавҳарро ба ҳамдигар дӯст, ёри дилсӯзу ғамхор карда метавонад. Ҳар як мард ва зан мехоҳад соҳиби оилаи хушбахту мустаҳкам бошад. Дар оила нақши мард бисёр муҳим аст. Баъзе мардон ба занҳо бо назари паст, ҳамчун як хизматкор ва оҷиза нигоҳ мекунанд. Ин рафтори падар ба фарзандон таъсири бисёр бад мерасонад. Фарзанд, ки ба дунё меояд, аввалин одобу таҷрибаи зиндагиро аз падару модар меомӯзад. Дар оянда фарзандон низ чизе, ки дар оила дидаанд, такрор мекунанд.

Ҳозир аксарияти бонувон нисбат ба пешина баробари иҷрои кори рӯзгор, боз кор мекунанд, дар ҳар гуна курсҳои дӯзандагиву хӯрокпазӣ мехонанд. Мехоҳанд камтар бошад ҳам, ба буҷети оилаашон ҳиссаи худро ҳамроҳ кунанд. Агар хоҳанд, ки оилаи хушбахт барпо кунанд, ҳамдигарро фаҳмида, бо меҳру садоқат муомила кунанд. Дар назди фарзандон ҳақорату якдигарро беҳурматӣ накунанд. То ки фарзандон ҷанҷоли падару модарро набинанд. Ягон муаммое пеш ояд, аз фарзандон пинҳона, бо оромӣ ҳал кунанд. Ин хел рафторҳои волидон ба рӯҳияти фарзандон таъсир мекунад. Ҳаракат кунанд, ба фарзандон меҳр дода, ба воя расонанд, то ки дар оянда онҳо низ ба волидон меҳр диҳанд. Фарзанде ки дар оила аз волидон меҳр надидааст, оё ба касе меҳр дода метавонад? Дар хотири фарзанд фақат ҷанҷолу хархашаҳои волидон нақш мебандад. Барои ин ҳолро пешгирӣ кардан зан ҳам дар навбати худ гапдаро, тоза-озода, саранҷом- саришта бошад ва бояд мавқеи худро назди шавҳар пайдо карда тавонад. Дар ҷое, ки ситезаву беҳурматӣ бошад, дар он оила на барака мешаваду на хушбахтӣ. Бинобар ин, ҳар як марду зан мавқеи худро донаду вазифаи худро пурра иҷро кунад, дар ҳама оилаҳо хушбахтиву фаровонӣ ҳукмрон мешавад.

Зан аз паҳлӯи дили мард, аз қалъаи ҷонаш офарида шудааст. Бале, муҳимтарин ва бузургтарин вазифаи зан бо дил сару кор доштан ва ҳифзи он аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷои зан бояд на дар ақли ӯ, балки дар дили шавҳар бошад.

Вай дар давоми тамоми умри худ бо дил алоқа дорад: онро муҳофизат, парвариш ва рашк мекунад. Ин хислати ӯ дар муносибат бо ҳамсараш ба авҷи баландтарин мерасад. Зан ин вазифаро, ки дар табиаташ ҷой гирифтааст, бе ҳеҷ хел душворӣ, ихтиёран иҷро мекунад ва бо ҳамин худро хушбахт ҳис мекунад. Чунки ӯ аз макони наздики дил офарида шудааст, дилро хуб мешунавад, мефаҳмад ва роҳи онро меёбад. Аз ин рӯ, дилҳо танҳо дар ҳузури ӯ оромии ҳақиқӣ пайдо мекунанд.

Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Дар хонае, ки зан — модар нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд».

Лола РАҲИМОВА