Ovozi.uz

Дар зинаи ҷумҳуриявии Олимпиадаи фанҳои асосӣ аз вилоятамон 7 нафар хонанда ҷойҳои фахриро соҳиб шуданд

Ҳар сол байни хонандагони мактабҳо гузаронидани Олимпиадаи фанҳои асосӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол низ ин анъана давом ёфт.

Мувофиқи маълумоти хизмати матбуотии Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, дар марҳилаи ҷумҳуриявии Олимпиадаи фанҳои асосӣ хонандагони зерин ҷойҳои фахриро соҳиб шуданд:

➖ Шоҳҷаҳон Саъдуллоев, хонандаи синфи 11-и мактаби таълими умумии рақами 31-и ноҳияи Пастдарғам аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ҷойи 1-умро гирифт;

➖ Ӯғилой Эшмуродова, хонандаи литсейи академии назди Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд аз фанни забони ӯзбекӣ (забони давлатӣ) ҷойи 1-умро соҳиб шуд;

➖ Ким Исак, хонандаи мактаби таълими умумии рақами 51-и шаҳри Самарқанд аз фанни забон ва адабиёти рус ҷойи 3-юмро гирифт.

Ҳамчунин, дар мактаб-интернати махсуси рақами 59-и шаҳри Самарқанд миёни хонандагони мактаб-интернатҳои ихтисосии «Нурли маскан» марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиада баргузор гардид. Дар он:

➖ Карашма Абдуҳалимова аз фанни математика ҷойи 1-умро гирифт;

➖ Асилбек Неъматов аз фанни таърих ҷойи 2-юмро соҳиб шуд;

➖ Оғабек Бутунбоев аз фанни таърих;

➖ Ойдин Ҷӯрабоева аз фанни забони модарӣ ва адабиёт ҷойи 3-юмро ишғол карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар зинаи ҷумҳуриявии Олимпиадаи фанҳои асосӣ соли 2025 аз вилоятамон 4 нафар хонанда ғолиб дониста шуда буданд.