Ovozi.uz

Таҷриба ва дониш: семинар барои бонувони фаъол

Дар вилоят бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии занон, нақши онҳо дар ҷомеа ва боз ҳам беҳтар намудани самаранокии корҳои дар маҳаллаҳо анҷомшаванда, семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд.

Дар техникуми сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Самарқанд, воқеъ дар маҳаллаи Сартеппои шаҳри Самарқанд, барои фаъолзанони маҳалла семинари навбатии омӯзишӣ баргузор гардид. Дар доираи ин семинар ба такмили низоми кор бо занон, муайян намудани муаммои онҳо ва таҳияи роҳҳои ҳалли он, инчунин баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ диққати махсус дода шуд.

Дар семинар бонувони фаъоли ноҳияҳои Ургут, Пастдарғам ва Қӯшработ иштирок намуда, таҷриба иваз ва аз рӯи масъалаҳои пурдолузарб мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, имрӯзҳо чунин омӯзишҳо барои бонувони фаъоли маҳаллаҳои ноҳияҳои Булунғур, Ҷомбой, Пайариқ, Тойлоқ ва Оқдарё идома доранд.

Дар ҷараёни семинарҳо ба иштирокчиён усулҳои замонавии кор бо занон, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ҳалли муаммоҳои оилавӣ ва роҳандозии муоширати самаранок бо аҳолӣ омӯзонида мешавад.

Ин гуна семинарҳо дар баланд бардоштани фаъолнокии занон дар маҳаллаҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таъмин намудани суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.