Ovozi.uz

Ба сабаби вазъияти ноором дар Эрон чанд парвози ҳавоӣ баргардонида шуд

Бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба қаламрави Эрон, чанд ҳавопаймое, ки аз Ӯзбекистон парвоз карда буданд ё ба кишвар бармегаштанд, маҷбур шуданд ба фурудгоҳи наздики худ баргарданд. Дар ин бора ширкати Uzbekistan Airports хабар додааст.

Тибқи маълумоти манба, бинобар баста шудани фазои ҳавоии Эрон ва Исроил, 5 парвоз баргардонида шудааст:

  • парвози Андиҷон – Мадина (7Q4461, Fly One Asia) — ба фурудгоҳи Андиҷон баргашт;
  • парвози Мадина – Тошканд (7Q4461, Fly One Asia) — ба фурудгоҳи Мадина баргардонда шуд;
  • парвози Тошканд – Дубай (HH901, Qanot Sharq) — ба фурудгоҳи Тошканд баргашт;
  • парвози Мадина – Андиҷон (2U7706, Fly Khiva) — ба фурудгоҳи Мадина баргашт;
  • парвози Ҷидда – Тошканд (9S3302, Air Samarkand) — ба фурудгоҳи Ҷидда бозпас равона гардид.

Тибқи маълумоти пешакӣ, фазои ҳавоии кишварҳои мазкур мумкин аст аз соати 11:30 то 17:00 (бо вақти Тошканд) баста бошад.