28-уми феврали соли равон сокинони Ӯзбекистон метавонанд падидаи нодири астрономӣ — паради шаш сайёраи системаи Офтобро мушоҳида намоянд.
Тибқи маълумоти Институти астрономияи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар осмон ҳамзамон сайёраҳои Меркурий, Венера, Нептун, Сатурн, Уран ва Юпитер намоён мешаванд.
Пас аз ғуруби Офтоб ин падидаро аз тамоми минтақаҳои кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Чор сайёра — Меркурий, Венера, Сатурн ва Юпитер бо чашми оддӣ дида мешаванд, дар ҳоле ки Уран ва Нептун танҳо тавассути телескоп ё дурбин намоён мегарданд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои тамошо ҷойҳои кушоду бе монеаи биноҳои баланд интихоб карда шаванд, мувофиқи мақсад аст. Бояд қайд намуд, ки Марс дар ин парад иштирок намекунад.
Ба гуфтаи олимон, чунин паради калон, ки иштироки панҷ ё беш аз он сайёраро дар бар мегирад, падидаи камёб буда, тақрибан тӯли ҳар 18–20 сол як маротиба рух медиҳад.
