Дар ин бора вазири мудофиаи Исроил Израэл Катс хабар додааст, менависад нашрияи Reuters.
Бино ба иттилои агентии хабарии Fars News Agency, дар шаҳри Теҳрон се таркиш рух додааст.
Ба гуфтаи Катс, эҳтимол дорад дар рӯзҳои наздик аз ҷониби Эрон ба Исроил ҳамла бо мушакҳо ва дронҳо анҷом дода шавад.
Ҳоло дар саросари Исроил мактабҳо баста шуда, ба аҳолӣ тавсия дода шудааст, ки аз хона кор кунанд. Ҳамчунин баргузории ҷамъомадҳои оммавӣ дар кишвар муваққатан манъ гардидааст.
То ҳол мақомоти расмии Эрон нисбат ба зарбаҳои эҳтимолии Исроил ба Теҳрон изҳороти расмӣ нашр накардаанд.
