Дар таърихи илмҳои дақиқи Ӯзбекистон номи олимони боистеъдод ҳамеша бо эҳтиром ёд мешавад. Аз ҷумла, олими математик ва педагог Акрамов Ӯлмасхон Аббосович (1946–2006), ки умри худро ба рушди илм ва тарбияи насли наврас бахшидааст, мақоми хос дорад.
Ӯлмасхон Акрамов соли 1946 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфта, аз кӯдакӣ ба омӯзиши илми дақиқ шавқу муҳаббат дошт. Ӯ соли 1963 мактабро бо медали тилло ва соли 1968 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар кафедраи «Алгебра ва назарияи ададҳо» оғоз намуд. То охири умр ӯ бо ҳамин кафедра робитаи наздик дошт.
Соли 1970 барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Институти математикаи Академияи Фанҳои Санкт-Петербург пазируфта шуд ва дар мавзӯи «Теоремаҳои изолятсия барои формаҳои махсус» рисолаи номзади илмҳоро бомуваффақият ҳимоя кард. Ӯлмасхон Аббосович бо роҳбари илмии худ академик Б.Скубенко дар ҳамкорӣ масъалаҳои баланди назариявии математикаро омӯхт. Тадқиқотҳои ӯ ба соҳаи геометрияи ададҳо, алгебра ва масъалаҳои мураккабу камтаҳқиқшуда бахшида шуданд ва дар ҷомеаи илмӣ ҳамчун навоварии назариявии нодир эътироф гардид.
Ӯ.Акрамов яке аз аввалин олимони Ӯзбекистон буд, ки дар соҳаи теоремаҳои изолятсия барои формаҳои махсус тадқиқотҳои амиқ анҷом дода, назарияҳои нав ва формулаҳои муосирро ба ҷомеаи илмӣ муаррифӣ кард. Ӯ муаллифи зиёда аз 100 мақолаву тадқиқот буд ва саҳми арзандаи худро дар рушди алгебра ва назарияи ададҳо гузошт.
Дар баробари корҳои илмӣ, обрӯи ӯ ҳамчун педагог низ баланд буд. Аз соли 1986 то 2006 дар вазифаҳои роҳбарии факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият намуда, даҳҳо шогирдро тарбия кард. Бисёре аз шогирдонаш имрӯз ҳамчун номзаду доктори илм, профессор ва роҳбарони муассисаҳои олии таълим фаъолият мекунанд ва мактаби илмиву педагогии устоди худро идома медиҳанд.
Ғайр аз ин, Ӯ.Акрамов бо ҳамкории олимони математик профессор Ш. Ёрмуҳаммадов ва академик С. Лақаев бори аввал дар Ӯзбекистон дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд литсеи ихтисосонида ба физика ва математикаро таъсис доданд ва бевосита яке аз ташаббускорону асосгузорони заминаи илмию педагогии он шуданд. Ин муассисаи таълимӣ ҳамчун модели инноватсионии таълимӣ барои парвариши ҷавононе, ки дорои тафаккури муосири математикӣ, донишҳои назариявии амиқ ва қобилияти фикркунии мустақил мебошанд, шакл гирифтааст.
Олим дар баробари фаъолияти илмӣ, ҳамроҳи ҳамсари худ Мавлудахон чор нафар фарзанд: Акмал, Аъзам, Алишер ва Лоларо дар рӯҳияи Ватанпарвариву меҳнатқаринӣ ба воя расониданд. Имрӯзҳо фарзандони онҳо дар соҳаҳои таълиму соҳибкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҳамеша ба хизмати халқу Ватан камарбастаанд.
Ӯ.Акрамов бо фикру хиради устувор, ҳалолӣ ва ҷасорати илмияш машҳур буд. Агар ӯ имрӯз ҳаёт мебуд, 80‑сола мешуд. Мероси илмӣ ва маънавии ӯ тавассути шогирдон, фарзандон ва набераҳояш идома дорад.
Ҳаёт ва фаъолияти олими варзида намунаи садоқат ба илм, фикри мустақилона ва масъулияти баланд аст. Номи Акрамов Ӯлмасхон Аббосович дар таърихи мактаби математикии Ӯзбекистон ҷойгоҳи сазовор дорад ва то абад боқӣ хоҳад монд.
Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, проректори якуми ректори ДДС, профессор,
Ҳайдар РӮЗИМУРАДОВ, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрия
