Рӯзи 23‑юми феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи калони ҳокимияти вилоят сессияи навадушашуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С. Усмонов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд.
Сатҳи содирот ва сармоягузорӣ меафзояд
Дар сессия ҷонишини садорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии вилоят Ш. Собиров дар бораи вазъи содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ба вилоят ҳисобот дод. Аз ҳисобот муайян гардид, ки дар соли 2023 дар Самарқанд дар доираи лоиҳаҳо роҷеъ ба ҷалб кардани сармояҳо ҳамагӣ 632 миллион доллар сармоягузорӣ амалӣ ва нақша 113 фоиз иҷро шудааст. Суръати афзоиш нисбати соли 2023 -21 фоизро ташкил кард. Ҳиссаи сармоягузорӣ ва кредитҳои хориҷие, ки дар вилояти Самарқанд бевосита азхуд карда мешаванд, чунин тақсим мешавад: Хитой — 58%, Туркия — 15%, Кипр — 9%, АМА — 6% ва боқимонда ба Россия ва сармоягузорони дигар.
Соли гузашта 15‑то лоиҳаи сармоягузориҳои хориҷии арзиши умумиашон 529,1 млн. доллар роҳандозӣ гардида, беш аз 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд.
Ш. Собиров роҷеъ ба нақшаҳои соли 2024 низ маълумот дод. Мувофиқи онҳо дар солҳои 2024–2026 рӯйхати 64‑то лоиҳаи манзилноки арзиши умумиашон 2,5 миллиард долларина ташаккул дода шуд. Соли равон дар доираи лоиҳаҳои мазкур 1,1 миллиард сӯмина сармоягузориҳои хориҷӣ азхуд карда мешаванд. (Дар моҳи январ 93,8 миллион доллар аз худ карда шуд). Ба чунин дастовардҳо дар натиҷаи амалӣ кардани чунин корҳо муваффақ шудаанд:
- Ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бар асоси механизми сохторӣ ва бо тартиб роҳандозӣ гардид.
- Дар миқёси вилоят ба ҷозибадории сармоягузорӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия аҳамияти алоҳида дода шуд.
Дар натиҷаи сафарҳои ҳайати намояндагони вилоят ба Ҷумҳурии халқии Чин роҷеъ ба роҳандозии беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 5 миллиард доллар ба созиш омаданд.
Инчунин, дар соли 2024 ба содирот равона кардани 640 миллион доллар маҳсулоти саноатӣ ва 260 миллион доллар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудааст. Ба воситаи дар Маҷористон, Чин, АМА ва ИМА кушодани хонаҳои савдо ба таври иловагӣ содирот намудани 30,0 миллион долларина маҳсулот дар нақша аст.
Маълум аст, ки 64,4 фоизи аҳолии дунё аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Бо мақсади ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти саноатии маҳаллӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ чораҳои роҳандозӣ кардани платформаҳои савдои онлайн дида мешаванд.
Чаро муроҷиатҳо саривақт муҳокима намешаванд?
Дар соли 2023 ба қабулхонаи халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд 125091‑то муроҷиат шуд, — гуфт ҷонишини мудири қабулхонаи мазкур Шоира Султонова дар ахбори худ роҷеъ ба ҳолати кор бо муроҷиат ва муаммоҳои аҳолӣ. — Ин нишондиҳанда нисбати соли 2022 ба 18 фоиз кам аст, вале муроҷиатҳое, ки саривақт ҳал нашудаанд, 11541‑то, муроҷиатҳои такрорӣ 19067‑торо ташкил карданд.
Ҳол он ки Қабулхонаи халқӣ дар бораи ин нишондиҳандаҳо ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят ахборнома фиристода, он дар сессия низ муҳокима карда шудааст. Ба назар чунин менамоянд, ки баъзе роҳбарон ҳамон аз ин хулоса намебароранд.
Натиҷаҳои таҳлил нишон дод, ки дар вилоят иҷрои вазифаҳо роҷеъ ба қарор ва дастурамалҳо доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17‑уми соли 2019 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ» таҳти рақами ФП‑5633 пурра таъмин нагардидаанд. Инчунин, ба муддатҳои 15 ва 30 рӯза, ки дар моддаи 28‑уми Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ» муайян шудаанд, риоя карда нашудааст. Аз чунин ҳолатҳо маълум мешавад, ки роҳбарони баъзе идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, масъулони ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо вазифаҳои худро ба дараҷаи зарурӣ иҷро накардаанд. Мутаассифона чунин норасоиҳо такроран рӯй медиҳанд ва сабаби афзудани муроҷиатҳои такрорӣ мешаванд.
Дар сессия инчунин масъалаҳое аз қабили «Дар бораи тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 2‑юми феврали соли 2024 «Дар бораи сардори муассисаи давлатии «Маҷмӯаи форумҳо» («Форумлар мажмуаси»)-и ҳокимияти вилояти Самарқанд таъин кардани Равшанов Ҳамроқул Муродович таҳти рақами 28–7–0-Қ/24,
ҳисоботи сардори садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ С. Ҷабборов роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24‑уми ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ва органҳои дигар» таҳти рақами ФП‑6118 (дар ин бора дар шумораи оянда муфассалтар хоҳед хонд)
дар бораи тасдиқ кардани нақшаи чораҳо роҷеъ ба роҳандозии сохтори суғуртаи давлатии тиббӣ дар соли 2025‑ум дар вилояти Самарқанд;
дар бораи тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 10‑уми феврали соли 2024 «Дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят» таҳти рақами 36–7–0-Қ/24; дар бораи номгузорӣ ба баъзе мавзеъҳои аҳолинишини ноҳияи Ҷомбой; дар бораи тасдиқи барномаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли аҳолии вилоят дар соли 2024; дар бораи тасдиқи тарифҳои танзимшаванда барои хидматҳои таъминоти гармӣ, ки корхонаҳои таъминоти гармӣ дар мавзеъҳо мерасонанд; дар бораи додани рухсат барои гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ;
— дар бораи тасдиқ кардани тартиби намунавии ба интихобкунандагони худ ахбор додани намояндагони халқи Шӯрои вилоят муҳокима ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
