Пресс-тур
Дирӯз бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Самарқанд сув таъминоти» бо мақсади шинос кардани вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ бо рафти корҳои сохтмонии иншооти оби ошомиданӣ ва партовоб дар мавзеи навбунёди «Ӯзбекистони Нав», воқеъ дар маҳаллаи Олмазори ноҳияи Булунғур пресс-тур ташкил гардид.
Иштирокдорон нахуст бо ҷараёни бунёди иншооти оби ошомиданӣ, ки аз тарафи корхонаи хусусии «Файз бинокор Олтиариқ» амалӣ мегардад, шинос гардиданд.
Масъулони корхона дар бораи афзалиятҳои иншооти замонавии обӣ, ки ба таври автоматӣ кор мекунад, маълумот доданд ва таъкид карданд, ки ин иншоот аҳолии мавзеъ ва объектҳои иҷтимоии навбунёдро бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад кард.
Зикр гашт, ки дар давоми солҳои 2023–2024 дар ин мавзеъ сохтани 56 бинои 5–6 ошёна, ки дорои 1200 хонадон аст, ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 14 бино ба истифода супурда шуда, то охири сол анҷом додани корҳои сохтмонии боз 42 бинои бисёрошёна дар назар аст. То охири соли 2030 дар мавзеъ 140 бинои серошёна, 2 мактаб, 3 кӯдакистон, 1 шифохона ва дигар объектҳои хидматрасонӣ бунёд хоҳад шуд.
— Иншооти обиро дар муддати 6 моҳ бунёд кардем ва ҳоло он қариб 3 ҳазор нафар аҳолиро бо оби нӯшиданӣ таъмин менамояд, — гуфт саркори корхонаи хусусӣ Шодӣ Ҷумъаев. — Дар корхона беш аз 50 нафар меҳнат мекунанд.
Сипас, иштирокдорон бо рафти корҳои сохтмонии иншооти обтозакунии навбунёд, ки дар маҳаллаи Ғӯбдин қад рост мекунад, шинос гардиданд. Зикр гашт, ки корҳои сохтмонии иншоот то охири сол анҷом хоҳад ёфт.
Ғайр аз ин, барои обёрии боғҳои атрофи мавзеи «Ӯзбекистони Нав» кофтани 4 чоҳи артезианӣ дар назар аст.
Ҷ.ОБИДОВ
