Ҳаракати «Инсон ва тараққиёт»-и Туркия дар «Art-Rezidensiya»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси мадании «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд намоиши ҳамноми ҳаракатро ташкил кард.
Дар чорабинӣ, ки Вазорати маданияти Ӯзбекистон, кумитаи сайёҳӣ, ҳокимияти вилоят ва сарконсулхонаи Туркия дар Самарқанд якҷоя ташкил намуданд, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, мудири шӯъбаи ҳаракати «Инсон ва тараққиёт» Марям Гуней, сарконсули Туркия дар Самарқанд Салиҳ Ҷанер таъкид карданд, ки «Роҳи бузурги абрешим»-и кӯҳан на танҳо робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии давлатҳое, ки ин роҳ аз қаламрави онҳо гузаштааст, балки ба рушди алоқаҳои ҳамкории илмӣ-мадании онҳо низ ҳиссаи калон гузоштааст.
— Ба туфайли «Роҳи бузурги абрешим» дар қаламрави аз Хитой то Туркия илм, маданият ва санъат ривоҷ ёфтааст, — гуфт хонум Марям Гуней. — Иттиҳодияи мо бо мақсади омӯхтани ҷараёни мазкури таърихӣ ва васеъ тарғиб намудани он, инчунин, боз ҳам инкишоф додани робитаҳои имрӯза ин лоиҳаро роҳандозӣ кардааст. Лоиҳаи «Мероси Роҳи бузурги абрешим»-и мо, ки аз намоиш ва симпозиум иборат аст, бори аввал дар Туркия гузаронида шуд. Сипас, дар шаҳри Тошканд ташкил кардем. Имрӯзҳо дар Самарқанд баргузор мешавад ва манзили ояндаи интихобкардаамон дар Бухоро мешавад.
Аз намоишгоҳ асарҳои махсуси 41 нафар эҷодкорони касбии Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Татаристон, Қирғизистон, Хитой, Афғонистон, Покистон, Озарбойҷон, Эрон ва Сурия ҷой гирифтаанд. Дар Самарқанд беш аз 20 асарро намоиш медиҳанд. Дар байни онҳо маҳсулоти хаттотӣ, иллюминатсионӣ, миниатура, кандакорӣ дар чӯб, кошинкорӣ, кандакории марворид ва металл, инчунин заргарӣ мавҷуд аст.
Дар доираи чорабинӣ бахшида ба масъалаҳои таърихи «Роҳи бузурги абрешим», марказҳои муҳимми он, илму фан ва санъат, забон ва адабиёт симпозиум ташкил карда шуд. Дар он муаррихон ва олимони санъатшиноси ӯзбекистонӣ ва хориҷӣ маърӯза карданд.
Мероси «Роҳи бузурги абрешим» — аз гузашта то имрӯз
