Ovozi.uz

Сад соли пуршараф

Матбуот мактабест, ки ҳар шахси алоқамандро дар оғӯши мавҷи пурталотуми ҳаёт пухта мекунад, обутоб медиҳад. Ин аст, ки даҳ не, сад не, ҳазорҳо адибони гузаштаву имрӯза пеш аз қадам ниҳодан ба роҳи мустақили адабӣ тақдири худро бо рӯзномаи «Овози тоҷик» пайваста, онро мураббии нахустини фаъолияти эҷодии худ мешуморанд.
Ҷамоаи «Овози тоҷик» ҳар сол 25‑уми августро чун санаи таърихӣ, ки шумораи аввалини рӯзнома ба табъ расидааст, таҷлил менамояд. Зеро, «Овози тоҷик» фаротар аз номи як рӯзнома буда, моҳиятан порае аз таърихи кишвар аст. Ҳамзамон, чун оинаи таърих, ифодакунандаи дӯстии беҳамтои халқҳои тоҷик ва ӯзбек буда, алҳол нафақат аз ҳастии миллат, балки аз нашъунамои забон, адабиёт, умуман фарҳанги тоҷикон дар сарзамини Ӯзбекистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад.
Пӯшида нест, ки ин нахустин рӯзномаи тоҷикӣ набуда, аз ин пеш ҳам, ба забони тоҷикӣ нашрияҳои даврӣ вуҷуд доштанд, вале бо ҳар баҳона интишори онҳо боздошта шуда, баъди талошҳои равшанфикрони матиниродаю сарсупурдаи миллат, амсоли Садриддин Айнию Саидризо Ализодаҳо «Овози тоҷик» арзи вуҷуд кард.
Пас аз қатъ гардидани фаъолияти нашрияи «Шӯълаи инқилоб» дигар нашрияе набуд, ки бевосита ба забони тоҷикӣ сиёсати ҷориро ба меҳнаткашон фаҳмонад. Муроҷиати зиёиёни тоҷик ба ҳукумати Туркистон дар ин боб дастгирӣ меёбад ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба майдон меояд. Бо қарори Кумитаи ҳизби вилояти Самарқанд Абдулқаюми Қурбӣ муҳаррир, Саидризо Ализода котиби масъул ва Ғуломалӣ Козимзода тарҷумони рӯзнома интихоб мегарданд.
Нахустшумораи он 25‑уми августи соли 1924 дар ҳаҷми 4 саҳифа ва бо теъдоди 2000 нусха дар шаҳри Самарқанди бостонӣ бо номи «Овози тоҷики камбағал» рӯи чоп омада, аз шумораи даҳум унвони «Овози тоҷик»-ро мегирад.
Сармуҳаррири аввалини рӯзнома Абдулқаюми Қурбӣ дар атрофи худ Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Нисор Муҳаммади Афғон, Ҷавдат, Бектош, Фахриддини Роҷӣ, Ҳоҷӣ Муин, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим барин як гурӯҳ адибону рӯзноманигорони пуртаҷрибаро муттаҳид карда, аз пайи пешбурди нашрияи нав дар ҳаракат шуд. Мавзӯъ ва масъалаҳое, ки баҳри рушду камоли маънавияти мардуми асосӣ буданд, дар саҳифаҳои рӯзнома мунтазам дарҷ мешуданд. Шеъру ғазалҳои шоирони давр, ки озодӣ, маҳви бесаводиро тараннум мекарданд, дар ҳар шумораи рӯзнома ба чоп мерасиданл.
Аз чопи рӯзнома на танҳо мардуми Самарқанду Бухоро, балки халқи Хуҷанду Истаравшан, воҳаҳои Кӯлобу Помир низ шод буданд. Барои паҳн кардани рӯзнома дар музофотҳои дурдаст сармуҳаррир Қурбӣ равшанфикрон — шоир Пайрав Сулаймонӣ (аз Бухоро), Бадриддин Азизӣ, Ноил Шерзода (Ӯротеппа), Қурбон Маҳмудзода (Хуҷанд), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро (Фарғона) ба кори нашрия даъват намуд. Аҳли ҷамоа якдилу якҷон шуда, ба мураккабиҳои замона нигоҳ накарда, рӯзномаро ба дасти мардум мерасониданд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик» тӯли фаъолияти хеш, баробари инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, дар тарғибу ташвиқи адабиёти тоҷику ӯзбек, тарбия ва муаррифии истеъдодҳои ҷавон низ саҳми назаррас гузоштааст. Бисёр адибон ва олимони тоҷик шурӯъ аз устод Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Болта Ортиқзода бо нашрия ба таври доимӣ ҳамкорӣ кардаанд. Чанде аз адибон, мисли Пайрав Сулаймонӣ, Саидризо Ализода, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳабиб Юсуфӣ муддате чанд дар ин рӯзнома фаъолият доштаанд.
Шоирон Муҳаммадҷон Васфӣ, Ҷонибек Қувноқ ва нависандагон Нор Остонзода, Бекназар Тӯйназаров кормандони ин рӯзнома будаанд. Нашрия имрӯз низ дар такомули истеъдоди шоиру нависандагон Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, ки ходимони рӯзнома ҳастанд, нақши муҳим дорад.
Рӯзноманигори шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева, нависанда Бекназар Тӯйназаров, журналисти маъруф Маъруф Отахонзода то синни нафақа дар ин идора кор кардаанд. Адиби номвар Адаш Истад, журналистон Ҳисомиддин Абдувалиев, Шоқаҳҳор Салимов, Матлуба Шоалиева, Фахриддин Парпиев, Ислом Орифов, Каримҷон Муҳиддинов, Нурали Раҷаб, Хурсанд Ҷумъаев, Файз Маҳмуд, Улдона Қараева, Тӯхтамиш Боқӣ, Абдулвоҳид Нуриддинов, Неъмат Эшқувватов ва боз чанд рафиқони дигар, ки баъзеашон дар дигар вазифаанду баъзеҳо даври пирӣ меронанд, ҳамчунон дар кору бори рӯзнома саҳм гузоштаанд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик» на танҳо дар тарбияи адибоне, ки корманди он ҳастанд, балки парвариши истеъдодҳое, ки дар вилоятҳои ҷумҳурӣ кору эҷод мекунанд, саҳми назаррас гузоштаасту мегузорад. Рӯзнома ин рисолаташро имрӯз низ идома медиҳад. Бисёр шоиру нависандагон ва олимони ҷавон рӯзномаи ягонаи сартосарии ҷумҳурӣ — «Овози тоҷик»-ро минбари худ меҳисобанд. Фикр мекунам, дар ташаккули ҳавзаи адабии тоҷики Ӯзбекистон рӯзномаи «Овози тоҷик» хеле саҳмгузор буду ҳаст.
Чун идомадиҳандагони ин анъана дар пайвастагӣ бо рӯҳ ва қудрати дӯстӣ ходимони кунунии «Овози тоҷик» ба ин таърихи пуршаън ҳиссаи худро зам мекунанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти муассисии Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, ҳамчунин Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп ва паҳн гардидани рӯзномаи «Овози тоҷик» мисоли дӯстии матину мустаҳками халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик мебошад.
Он аз ғамхориҳои рӯзафзуни ҳукумати Ӯзбекистон бобати ривоҷу равнақи маданияти миллии тоҷиконе, ки дар ҷумҳурӣ кор ва зиндагӣ мекунанд, далолат медиҳад.
Дар даҳ-понздаҳ соли аввали қарни бустуякум вазъи иқтисодии рӯзнома ва ходимон бо сабабҳои гуногун ногувор шуд. Ҳатто барои чопи он маҷбур шудем аз рӯзномаҳои дигар қарз гирем. Хушбахтона таҳти ташаббуси Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев ба ташаккули муҳити рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ дар ҷомеа, рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, таъмини фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори оммавӣ таваҷҷуҳи ҷудогона дода мешавад.
100 сол инҷониб нашрияи сарнавиштсози тоҷикон — «Овози тоҷик» чун чароғи фурӯзон ба кошонаи ҳар як соҳибзабони соҳибхирад равшанӣ ато намуда, барои дар рӯҳияи Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани чандин насли ҳамзабонони мо саҳми босазо мегузорад.
Ҳоло дар рӯзнома 23 нафар корманд кор мекунанд. Аз онҳо 14 нафарашон кормандони эҷодӣ, боқимонда техникӣ мебошанд. Дар 6 вилоят мухбирони худро дорем. Ғайр аз ин, дар маҳалҳо мухбирони ҷамоатии рӯзнома фаъолият пеш мебаранд. 3 нафар кормандони рӯзнома, шоирон Паймон, Абдулло Субҳон ва Муҳаммад Шодӣ узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки аз 23 нафар кормандони рӯзнома имрӯз 13 нафарашон бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд. Нӯҳ нафар соҳиби орден ва 4 нафар соҳиби медал мебошанд.
Ғайр аз ин, кормандони рӯзнома дар озмуни анъанавии байналхалқии «Қалами тиллоӣ», озмун-­азназаргузарониҳои ҷумҳуриявии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Журналисти беҳтарини сол» фаъол иштирок мекунанд. Соли 2012 муҳаррири шуъба Муҳаммадҷон Шодиев, соли 2014‑ум муҳаррири шуъба Хусрав Ҳамидов, соли 2017‑ум бошад, мухбирамон дар вилояти Бухоро Амрулло Авезов мукофоти рағбатноксозии озмуни «Журналисти беҳтарини сол»-ро ба даст оварданд.
Соли 2023, дар озмуни анъанавии байналмилалии «Қалами тиллоӣ» якбора се ходими имрӯзаю дирӯзаи «Овози тоҷик» — Шоқаҳҳор Салимов, Мирасрори Фарғонӣ ва Саодат Бекназарова шарафёб гардиданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки «Овози тоҷик» аз оғози фаъолияташ байрақи дӯстии халқҳоро баланд бардошта, алалоқибат комёб гардид.
Солгарди садумини рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ба кулли ҳамзабонон ва ҳамдиёрон табрик мегӯем ва барояшон хотири ҷамъ, сиҳатии мустаҳкам таманно дорем.

Шерпӯлод ВАКИЛОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик»