Рӯзе Афлотун нишаста буд бо ҷумлае аз бузургони шаҳр. Марде ба саломи вай даромаду нишаст ва аз ҳар навъе сухан гуфт. Дар миёнаи гап гуфт:
– Эй ҳаким, имрӯз фалон мардро дидам, ки таърифи ту мекард ва туро дуову сано мегуфт, ки Афлотуни ҳаким ниҳоят бузургвор аст ва ҳаргиз чун ӯ касе набошад ва набудааст. Хостам, ки ин суханони ӯро ба ту расонам.
Афлотуни ҳаким чун ин сухан бишунид, сар фурӯ бурду бигирист ва беҳад дилтанг шуд. Он мард гуфт:
– Эй ҳаким, аз ман ба ту чӣ бадие расид, ки чунин дилтанг шудӣ?
Афлотуни ҳаким гуфт:
– Маро, эй хоҷа, аз ту ранҷе нарасид, валeкин аз ин бадтар боз чӣ бошад, ки чоҳиле маро биситояд ва кори ман ӯро писандида ояд. Надонам, ки чӣ кори чоҳилона кардаам, ки ба табъи ӯ наздик будааст ва ба ӯ хуш омадаасту маро таъриф кардааст, то тавба кунам аз он кор. Маро ин ғам аз он аст, ки ҳанӯз чоҳилам, ки ситоишкардаи чоҳилон ҳам чоҳилон бошанд.
©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова
