Ovozi.uz

Шамшери Наполеон Бонапарт ба музояда (ауксион) гузошта мешавад

Шамшере, ки ба императори Фаронса Наполеон Бонапарт (1769-1821) тааллуқ дошт, дар музояда фурӯхта мешавад. Дар ин бора хабаргузории France24 бо такя ба баёноти хонаи музоядаи Drouot хабар додааст.

Тибқи маълумот, Бонапарт ин шамшерро солҳои 1802-1803 ба Никол-Ноэл Буте, директори фабрикаи аслиҳаи машҳури Қасри Верал ва яке аз бузургтарин ҳунармандони замони худ фармоиш додааст.

Шамшер аз соли 1815 дар дасти авлодҳои Наполеон нигоҳ дошта мешавад. Ҳоло интизор меравад, дар музоядаи 22-юми майи соли ҷорӣ он аз 700 ҳазор то 1 миллион евро арзёбӣ шавад. Ҳамчунин, нусхаи монанди ин шамшер, ки онро низ Наполеон фармоиш додааст, ҳоло дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст.