Дар Самарқанд форуми бонувони Осиё, ки бори нахуст дар Ӯзбекистон доир мегардад, гузаронида шуд. Дар форум, ки ба мавзӯи «Муносибат минтақавӣ ба масъалаҳои густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии бонувон» бахшида шуд, зан-роҳбарони пешқадам, бонувони фаъол ва вакилони воситаҳои ахбори оммавии Осиё иштирок карданд.
Аз ҷумла, дар миёни онҳо 81 нафар меҳмони бонуфузи беш аз 30 кишвари хориҷӣ, бону-аъзоёни парламент, роҳбарони ҳукуматҳо, зиёда аз 40 вакили ваколатхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар кишвари мо ва ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин, вакилони органҳои давлатии маҳаллӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, зан-роҳбарони кишварамон, бонувони соҳибкор, сиёсатшиносон, фаъолони соҳаи иҷтимоӣ, олимон, вакилони шабакаҳои иқтисодиёт, соҳаҳои гуногун ва зан-духтарони фаъол буданд.
Нахуст, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ҳозиринро табрик гуфта, Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони форум хонда дод.
— Дар Ӯзбекистон гузаронида шудани ин форум далолат медиҳад, ки дар Ӯзбекистон ислоҳотҳои васеъмиқёс оид ба таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои зан-духтарон амалӣ мешаванд ва онҳо дар дараҷаи байналхалқӣ эътироф мегарданд, — гуфт Т. Норбоева зимни суханронии худ. — Дар кишвари мо барои бонувон кредитҳои имтиёзнок, квотаҳои махсус ҷудо гардида, аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт кардани контракти донишҷӯёни бахши магистратураро давлат ба зиммаи худ гирифт. Дар натиҷа, ба стереотипҳои духтар бояд нахонад, духтар бояд дар хона шинад, барҳам дода мешавад.
Дар қисми асосии форум ҷонишини саркотиби СММ, директори иҷрочии сохтори «СММ-Бонувон» Сима Сами Бахус, сардиректори шӯъбаи СММ дар Женева Татяна Валовая, Саркотиби Иттифоқи байнипарламентӣ Мартин Чунгонг ва роҳбарони ҳайатҳо суханронӣ карданд.
— Дар қонунгузории меҳнатии кишварҳои ҷаҳон баробарҳуқуқӣ пурзӯр карда мешавад, — гуфт С. Бахус. — Дар лавозимҳои роҳбарии бисёр мамлакатҳо барои бонувон квотаҳо ва аъзоии шӯрои директорон ҷудо карда мешавад. Камшавии ҳолатҳои марги модарон идома дорад. Теъдоди духтароне, ки имконияти гирифтани таълими ибтидоиро доранд, зиёд мешавад. Дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаи иқтисодиёт ҳам роҷеъ ба баробарии гендерӣ муваффақиятҳо ба даст омаданд. Барои мисол, дар Ӯзбекистон барои меҳнати баробарқимат додани музди баробар ҷорӣ гардид. Монеаҳои ҷалби бонувон ба корхонаҳои саноатӣ ва корҳои хатарнок бардошта шуданд. Ин қарорҳоро мо дастгирӣ мекунем. Ба ҳукумати Ӯзбекистон, ки моро дар Самарқанди бостонӣ қабул намуд, изҳори миннатдорӣ менамоем.
Форум дар доираи 8 сессияи параллелӣ кори худро давом дода, дар он иштирокдорон масъалаҳои иштироки бонувон дар фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва инноватсионӣ, истифодаи онҳо аз технологияҳои рақамӣ, ҷалб намудани зан-духтарон ба ихтисори камбизоатӣ, соҳибкорӣ, сарварӣ ва инноватсияҳо ба воситаи густурдани имкониятҳои иқтисодии бонувон дар иқтисодиёти ҷаҳонии имрӯза муҳокима гардиданд. Ғайр аз ин, масъалаи иштироки зан-духтарон дар расидан ба мақсадҳои Рушди барқарор баррасӣ шуд.
Дар доираи форум, ки ду рӯз идома ёфт, оид ба ривоҷ додани фаъолияти бонувон дар ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таклифҳо таҳия шуданд.
Дар охир ба сифати натиҷаи музокира ва муҳокимаҳо Декларатсияи Самарқанд қабул гардид.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Самарқанд ба Форуми бонувони Осиё мизбонӣ кард
