— Имрӯзҳо кормандони Садорати адлияи вилоят вазифаҳои муҳиме ба монанди таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ба аҳолӣ расонидани моҳияти ислоҳоте, ки дар кишварамон амалӣ мешаванд, ҳалли саривақтии муроҷиатҳо ва пешниҳоди хизматрасонии босифати ҳуқуқиро иҷро мекунанд, — гуфт ҷонишини якуми сардори Садорати адлияи вилоят Озод Шодиқулов дар ифтитоҳи анҷумани матбуотӣ доир ба корҳое, ки дар соли 2025 ба анҷом расонида шудаанд.
Маълум гардид, ки дар давоми сол корҳои васеъмиқёс, аз қабили расондани кӯмаки ҳуқуқии мақсаднок ба аҳолӣ тавассути аксияҳои «Кӯмаки ҳуқуқӣ ба занон», «Ҳеҷ кас бе ҳуҷҷат намемонад», «Кафолати ҳуқуқи меҳнатии кормандон», «Маслиҳати ҳуқуқии бепул ба ҳар хонадон» ва ғайра ба амал бароварда шудаанд. Бисёре аз муаммоҳои мардум дар вақти қабулҳои сайёр ва вохӯриҳо дар дар маҳалҳо ҳал гардидаанд.
Раёсат ва шуъбаҳои адлияи шаҳриву ноҳиявӣ дар соли 2025 аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 7361 муроҷиат қабул кардаанд. Аз онҳо 3971 дархост ҳал ва ба 3390‑тои дигараш маслиҳати ҳуқуқӣ дода, 412 муроҷиат ба идораву ташкилотҳои дахлдор фиристода шудаанд.
О. Шодиқулов, инчунин роҷеъ ба соҳаҳои эҷодкории меъёрҳои ҳуқуқӣ, омӯзиши дар амалиёт иҷрошавии ҳуқуқҳо, ҳимояи ҳуқуқии инсон, хизматрасонии ҳуқуқӣ, расонидани хизматҳо дар марказҳои давлатӣ, мулки зеҳнӣ, тарғиботи ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ низ маълумоти муфассал дод.
— Назорати дар амалиёт роҳандозӣ кардани ҳуқуқ ин ҷазо барои роҳбарон не, балки дуруст ба роҳ мондани кор аст, — гуфт О.Шодиқулов.
Ҳангоми саволу ҷавоб маълум шуд, ки садорати адлия дар гӯшаҳои дурдасти минтақа низ 7 маркази хизмати давлатиро ба роҳ мондааст ва ходимони онҳо рӯзҳои чоршанбе корафтодагонро қабул мекунанд.
Б.ҶУМЪАЕВ
