Бар асоси қарори Президентамон аз 27‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидан ба иҷрои чорабиниҳое, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Самарқанд нигаронида шудаанд» вазифаҳои устувори рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳои вилояти мо барои соли 2026 муайян карда шуданд. Ҳокимон барномаҳои мазкурро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, Шӯрои намояндагони халқи вилоят барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва ноҳияи Каттақӯрғонро дар соли 2026 тасдиқ кард.
Шаҳри Каттақӯрғон
Имрӯз шаҳри Каттақӯрғон дар остонаи дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Нақшаҳои ривоҷёбии шаҳр нишон медиҳанд, ки эътибор на танҳо ба афзоиши рақамҳо, балки ба беҳтар шудани зиндагии аҳолӣ низ равона шудааст.
Дар назар аст, ки то соли 2028 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр 109,2 фоиз афзоиш ёбад. Бар ивази ба кор андохтани корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ, инчунин бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолии корхонаҳои навтаъсис, то охири сол ба маблағи 1640,3 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.
Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаҳои ҶММ «Energo теxniка» ва ҶММ «Energy device systems» истеҳсоли беш аз 800 трансформатор ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, соҳаи хизматрасонӣ низ аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар назар аст, ки ҳаҷми хизматрасониҳо қариб 120 фоиз афзоиш ёбад. Дар паси ин рақамҳо фаъолияти садҳо соҳибкорони нав ва даҳҳо лоиҳаҳои хизматрасонӣ қарор дорад. Танҳо дар худи ҳамин самт 801 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.
Имсол бо мақсади рушди бахши тиҷорат, 5 қитъаи замини ғайрикишоварзӣ ба музояда гузошта шуда, 55 иншооти моликияти давлатӣ ба иҷора дода мешаванд. Лоиҳаҳои бузург — минтақаҳои саноатӣ, кластерҳои экотуризм ва маҷмааҳои савдо низ таъсис хоҳанд ёфт ва онҳо дар оянда ба «нуқтаҳои афзоиш»-и иқтисоди шаҳр табдил меёбанд.
Нақшаҳо дар бахши кишоварзӣ низ ба таъмини устувори аҳолӣ бо маводи ғизоӣ равона шудаанд. Баробари зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот ба таъмини устувории нархҳо эътибор додан муҳим аст. Дар ҶММ «Деҳқон бозори» ва филиалҳои он нархи маҳсулотҳои хӯроквориро ба тартиб андохта, бо назардошти талаботи мардум ба маҳсулотҳои ғизоӣ ташкили захираҳои онҳо барои мавсими тирамоҳу зимистон хеле муҳим аст. Зеро нархҳои устувори бозор, пеш аз ҳама, ба некӯаҳволии аҳолӣ таъсир мерасонанд.
— Натиҷаи ислоҳотҳо бояд дар ҳаёти мардум эҳсос шавад, — гуфт ҷонишини ҳокими шаҳри Каттақӯрғон М.Завқиев. — Ният дорем, ки ба воситаи таъмини инфрасохтори зарурӣ барои 4 лоиҳаи пешбаранда, ки ҳаёти иқтисодии шаҳрро дигаргун месозад, ба соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам орем. Аз ҷумла, дар соҳили обанбори Каттақӯрғон бунёди кластери экотуристӣ дар назар аст. Ин лоиҳа на танҳо сайёҳонро ҷалб мекунад, балки барои рушди хизматрасонӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хизмат хоҳад кард. Инчунин, дар Маркази микросаноат ва шоҳроҳи Самарқанд — Ҷума маҷмааи савдои «Бренди миллӣ», ки ба шириниҳои шарқӣ ихтисос дорад, сохта мешавад. Бояд гуфт, ки баробари рушди иқтисод, масъалаҳои иҷтимоӣ низ дар маркази диққат қарор доранд. Барои занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд барномаҳои махсус таҳия карда мешавад. Дар доираи барномаи «Имкониятҳои баробар барои шуғли фарогир» дар бозори меҳнат барои 104 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ҷойҳои кории квотавӣ таъсис медиҳанд. 2,3 миллиард сӯм ба шакли субсидия, қарз ва грант, инчунин 11,6 миллиард сӯм ба шакли кредит ҷудо ва 104 нафар шахсони ногироидошта бо кор таъмин карда мешаванд. Дар асоси барномаи «Ба сӯи ояндаи устувор» шуғли 1067 нафар ҷавон таъмин гардида, онҳо соҳиби даромади доимӣ мегарданд.
Нақшаи дар соли 2026 ҷалби 150 миллион доллар сармоягузорӣ барои шаҳри Каттақӯрғон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Зеро ин маблағҳо барои кушодани корхонаҳои нав, вусъат додани истеҳсолот ва роҳандозӣ намудани технологияҳои замонавӣ равона карда мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, Каттақӯрғон ба шаҳри замонавие табдил хоҳад ёфт, ки на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати иҷтимоиву маданӣ низ ривоҷ ёфтааст.
Дилмурод ТӮХТАЕВ
Ноҳияи Каттақӯрғон
Дар ноҳия барои соли 2026 нақшаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ муайян гардидаанд. Мақсади асосӣ рушди истеҳсолот, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Мувофиқи нақша, имсол ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 2 триллиону 928 миллиард сӯм ва суръати афзоиш ба 109,4 дарсад расонида мешавад. Барои расидан ба ин нишондиҳанда корхонаҳои мавҷуда навсозӣ гардида, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода мешаванд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Қӯштепа барои истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ маркази хурди саноатӣ ташкил мегардад.
Инчунин, рушди устувори бахши саноат ба воситаи ҷойгиркунии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар заминҳои холӣ дар минтақаҳои хурди саноатӣ, афзоиши иқтидори корхонаҳои бузурги саноатӣ ва таҳлили фаъолияти корхонаҳое, ки ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш додаанд, таъмин мегардад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми хизматрасониро ба 2 триллиону 94,1 миллиард сӯм расонда, 119,6 фоиз афзоиш таъмин карда шавад. Барои ин, кӯчаҳои марказӣ ба минтақаҳои махсуси хизматрасонӣ табдил ёфта, шумораи нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ зиёд карда мешаванд. Илова бар ин, лоиҳаҳои нави хизматрасониро ба истифода медиҳанд, ки барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Дастгирии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳим боқӣ мемонад. Қитъаҳои замин барои савдои сайёр тавассути музояда пешниҳод гардида, дар маҳаллаҳо садҳо лоиҳаи соҳибкорӣ амалӣ хоҳанд шуд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Барномаҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ низ бар асоси ҷалби ҳамаҷониба ва манзилнок амалӣ мегарданд. Дар доираи лоиҳаи «Мақомоти шуғл — ҳамкори кордиҳандагон» беш аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд. Барномаи «Зани меҳнатдӯст» ба таъмини шуғли занони аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол мусоидат мекунад. Дар доираи барномаи «Имкониятҳои баробар — шуғли фарогир» шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ба меҳнат ҷалб мегарданд. Барои ҷавонон низ барномаҳои махсуси шуғл ва касбомӯзӣ амалӣ карда мешаванд.
Ғайр аз ин, оилаҳои камбизоат ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб ва бо дастгирии молиявӣ таъмин мегарданд. Ин тадбирҳо ба ҳазорон оила имкон медиҳанд, ки манбаи устувори даромад пайдо намоянд.
Соли равон ҷалби 175,6 миллион доллар сармоя ва кредитҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ 105 лоиҳа ба маблағи умумии 100 миллион доллар амалӣ мешавад. Ин лоиҳаҳо соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ ва кишоварзиро фаро мегиранд.
Дар самти рушди инфрасохтор низ корҳои назаррас пешбинӣ шудаанд. Сохтмон ва таъмири биноҳои истиқоматӣ, таъмири роҳҳо, васеъ намудани шабакаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия, инчунин роҳандозӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ мебошанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми маҳсулот ба 6 триллиону 554 миллиард сӯм расонида мешавад. Барои ин технологияҳои муосир, аз ҷумла усулҳои сарфаи об, боғдорӣ ва токпарварии интенсивӣ, инчунин рушди чорводорӣ ва парандапарварӣ ҷорӣ мегарданд. Истифодаи самараноки замин ва ташкили минтақаҳои нави агросаноатӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Беҳтар намудани сифати таълим, ҷалби мутахассисони хориҷӣ, баланд бардоштани маҳорати омӯзгорон ва сатҳи дониши хонандагон аз вазифаҳои муҳими соҳаи таълим мебошанд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, ташхисҳои оммавӣ, муайянсозии саривақтии бемориҳо ва ташкили марказҳои замонавии ташхисӣ амалӣ карда мешаванд.
Дастгирии занон ва таҳкими оила яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Омӯзиши касбу ҳунар, ҷалби занон ба соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва таъмини баробарии гендерӣ дар маркази эътибор қарор доранд.
Бояд гуфт, ки барномаи рушди соли 2026 маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисодиёт, беҳбудии инфрасохтор, афзоиши шуғл ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд. Татбиқи самараноки ин нақшаҳо метавонад барои рушди устувори ноҳия ва баланд шудани некӯаҳволии аҳолӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварад.
Хуршеда ЭРНАЗАРОВА
