Ovozi.uz

«Гуфтушуниди ошкоро, эҳтиром ва боварӣ ба ҳамдигар…»

Дар Хуҷанд воқеаи дорои аҳамияти бемисл рӯй дод. Аввалин бор дар таърихи рушди мустақили Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шартнома дар бораи нуқтаи буриши сарҳади давлатии се кишвар ба имзо расид.

Ин шартномаи таърихӣ дар таърихи мамлакатҳои мо саҳифаи нав кушода, ба «муаммои чандинасра» хотима мегузорад ва барои барқарорӣ ва равнақи тамоми минтақа заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меоварад.

Масъалаҳои даҳсолаҳо боз ҳалношудаи сарҳадҳо, бахусус дар водии Фарғона, манбаи тезӣ ва низоъҳо буд. Дар ин минтақа паҳлӯ ба ҳам, баъзан дар ду тарафи як кӯча зиндагӣ кардани шаҳрвандони се кишвар ҳолати одатӣ аст. Шартномаи сарҳадии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва имзои созишномаи имрӯзаи сеҷониба ин вазъро ба таври куллӣ тағйир дода, манбаи низоъҳои эҳтимолиро аз байн мебарад.

Ҳоло, ки сарҳадҳо дақиқ муайян шудаанд, барои васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва экологии кишварҳоямон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Самараи бемисли иқтисодии ин ба зудӣ маълум мегардад.

Солҳои 2017-2018 Шартнома дар бораи сарҳади давлатии Ӯзбекистону Қирғизистон, Шартнома дар бораи нуқтаи пайвасти сарҳади давлатии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва Шартнома дар бораи қитъаҳои сарҳадӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба имзо расид.

Ба даст овардани чунин созишҳо аз иродаи қавии сиёсӣ, бархӯрди прагматикӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии раҳбарони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Яке аз муҳимтарин натиҷаҳо он аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи ягонаи дорои хусусиятҳои умумӣ ва манфиатҳои ба ҳам алоқаманд нигоҳ мекунад.

Умуман, комёбиҳои таърихии дар боло зикршуда мисоли равшани он мебошанд, ки чӣ тавр ҳатто мураккабтарин масъалаҳоро бо роҳи гуфтушуниди ошкоро, эҳтиром ва боварии ҳамдигар самаранок ҳал кардан мумкин аст. Имрӯз Осиёи Марказӣ як минтақаи комилан нав — муттаҳид ва қавӣ, барои ҷаҳон ва шарикии васеъ кушода аст. Ин, албатта, шодиовар аст!