Дар ҳаёт ва пойдории ҷамъият мақоми рӯзнома, маҷалла ва китоб хеле калон аст. Дар мамлакатҳои мутараққӣ баробари рушди интернету техникаҳои замонавӣ ва зеҳни сунъӣ аҳолӣ вақти холии худро ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла, китобҳо сарф мекунанд. Мо вақти холии худро ба чӣ сарф мекунем?
— Ҳоло дар китобхонаи мо барои мутолиа шароитҳои хуб муҳайё карда шудааст, — гуфт мудири мудири толори мутолиаи китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилояти Самарқанд Ситора Расулова. — Дар ин ҷо китобҳо ба забонҳои гуногун мавҷуданд, ки хонандагон метавонанд онҳоро мутолиа кунанд ё ки дар шакли онлайн хонанд. Ба китобхона асосан донишҷӯён, муаллимон ва донишомӯзон медароянд. Мутаассифона сафи китобхонон кам аст.
Онҳо пештар барои дастрас кардани баъзе мавзӯъҳо душворӣ мекашиданд. Вале ҳоло фонди китобхона хеле бой шудааст. Бояд гуфт, ки маводҳои дар рӯзномаву китоб нашр гардида, бо факту далел ва шакли аслӣ оварда шудаанд. Набояд фаромӯш кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи рӯзномаву маҷалларо гирифта наметавонад. Чунки дар саҳифаҳои интернетӣ баъзе маълумотҳо бо саҳву хато ё дурӯғ (фейк) оварда шудаанд.
— Имрӯзҳо донишҷӯён бештар ба интернет машғуланд, — фаҳмонд донишҷӯи бахши аввали Донишкадаи забонҳои хориҷии шаҳри Самарқанд Д. Холиқов. — Чунки аз интернет маводҳои даркориро пайдо кардан мумкин аст. Онро дар шакли кӯтоҳакак гирифта истифода мебаранд. Аз маводҳои дурудароз даст кашидаанд.
Масалан, рӯзномаҳои маъруфи давлатҳои хориҷӣ: «The New York Times», «Аргументы и факты», «Труд» ва ғайраҳо то ҳол хонанда ва обрӯю эътибори худро гум накардаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки он чизе, ки аз китоб ё рӯзнома мутолиа мешавад, дар хотири инсон як умр боқӣ мемонад. Аммо маводҳои аз саҳифаҳои интернетӣ дастрасшуда ба зудӣ фаромӯш мешаванд. Бузургони мо ба мисли Абӯали ибни Сино, Берунӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Навоӣ бо мутолиаи китоб бузург ва шинохта шудаанд. Ба ҳамин воситаи маънавият мероси фарҳангии онҳо то ба мо омада расидаанд.
Як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар баъзе ҷойҳо рӯзномаву маҷаллаҳоро зери пой мепартоянд, месӯзонанд ё варақҳои онро медарронанд, ки ин нисбати нашрҳои чопӣ беҳурматӣ аст. Охир дар саҳифаҳои он суханҳои пандомез, номи инсонҳои бузург, ҳадисҳо оварда шудаанд. Истифодаи он низ дар ҷойҳои нобоб убол аст. Хуб мешуд, ки калонсолон дар бораи меҳнати пурмашаққати тайёр ва чоп намудани онҳоро ба ҷавонон фаҳмонда диҳанд. Чунки китоб, рӯзномаву маҷалла ин хазинаи бебаҳост. Мо ба тариқи ана ҳамин мафҳум таъриху тамаддуни худро мешиносем. Ба воситаи ин мероси имрӯзаро ба фардо мерасонем. Агар ин анъана дар байни мо гум шавад, аз меросу фарҳанги бойи аҷдодонам бенасиб мемонем. Хуб мешуд, ки барои несту нобуд, поймол кардан ва истифодаи нодурусти нашрҳои чопӣ чораҳо меандешиданд.
Наврӯзи БОБОАҲМАД
