Рӯзи 10‑уми июн дар Хонаи матбуоти вилоят дар мавзӯи «Бозомӯзии журналистони ҷавон: мушкилот ва дурнамо» сӯҳбати гирди мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро, ки рӯзноманигорон, омӯзгорон, эҷодкорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ иштирок карданд, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров кушод.
Дар идома сенатор Фармон Тошев, таъсисгари Хона-музейи Ориф Гулханӣ Муқимҷон Орифӣ, нависанда ва шоир Асадулло Шукуров, сарвари Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят Манноб Ибодуллоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов дар бораи вазъи имрӯзаи нашрияҳои чопӣ, ислоҳоти соҳаи матбуот, аҳамияти бозомӯзии журналистони ҷавон дар пешгирии мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳа сухан карданд.
— Аз соли 1994 ин ҷониб, яъне тӯли 30 сол аст, ки дар назди таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» амал мекунад, — гуфт Б. Раҳмонов. — То ҳол дар ин мактаб қариб 150 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, таҳсилгирандагони коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ, литсейҳои академӣ ва ҳатто донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ асрори рӯзноманигориву паҳлӯҳои ҷолиби соҳаи матбуотро омӯхтанд. Боиси эътироф аст, ки ҳоло теъдоде аз шунавандагони мактаби маҳорат дар нашрияҳои чопӣ, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Зикр гашт, ки мактаби маҳорат моҳи октябри соли 2023 ба фаъолият шурӯъ карда, дар давоми шаш моҳ журналистони ботаҷрибаи рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», олимони нуктадон, кормандони радиову телевизион ва нашрияҳои интернетӣ, аз ҷумла, Тошпӯлод Раҳматуллоев, Тошқул Азимзода, Бахтиёри Ҷумъа, Ҳамза Ҷӯра, Асадулло Шукуров, Манноб Ибодуллоев, Ғолиб Ҳасанов, Шаҳло Аҳророва, Роҳила Очилова ва дигарон ба шунавандагон дарс гузаштанд. Дар рафти машғулотҳои амалӣ донишҷӯён таҷрибаи худро такмил дода, хабару мақолаҳо навиштанд.
Дар ин муддат дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Самарқанд», инчунин, дар маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» беш аз 100 мақола ва гузоришҳои шогирдони «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» ба табъ расиданд. Ғайр аз ин, дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳафт маротиба саҳифаи «Навқалам» бо мақолаҳои шунавандагон рӯйи чопро дид.
— «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» барои мо мактаби таҷриба гардид гӯям, хато нахоҳам кард, — гуфт Юсуф Ғаффоров. — Таҷрибае, ки дар рафти машғулотҳо омӯхтем, дар фаъолияти ояндаи мо албатта ба кор меоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба шунавандагони мактаби маҳорат сертификат супорида шуд.
Асалмоҳ САРХАТЗОДА,
шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон».
