баробари болу пар бахшидан аст
Ба китобхонӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон яке аз тамоюлҳои асосии ислоҳоти сиёсати имрӯзаи кишварамон аст. Озмуни «Китобхони ҷавон», бозии зеҳнӣ-интеллектуалии «Заковат» ва дигар озмуну мусобиқаҳо, ки наврасону ҷавонони ҳар як қабати ҷамъиятро фаро мегиранд, маҳз дар доираи ин ислоҳотҳо гузаронида мешаванд. Президенти кишварамон низ дар бисёр маҷлису ҷамъомадҳои худ ба ин самт эътибори хоса зоҳир менамояд.
Бо мақсади пайравии ин иқдоми неки раисҷумҳур ва сиёсати оқилонаи кишвар, таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» бо ҳамкории масъулон ва омӯзгорони мактаби таълими умумии рақами 22‑и ноҳияи Самарқанд дар мактаби мазкур таҳти шиори «Биёед, якҷоя китоб мехонем!» чорабинии адабӣ баргузор намуданд.
Дар он олими адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Аслиддин Қамарзода, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ», узви Иттиҳоди журналистони Ўзбекистон Ҳамза Ҷӯра, шоир Шукруллохон Вализода, инчунин, раисону нурониёни маҳаллаҳои Қавчинон, Қавчинони Боло ва Деҳнав, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд, омӯзгорон ва донишомӯзони мактаб, вакилони васоити ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Нахуст, директори мактаб Мирҳасан Кичибоев меҳмононро шодбош гуфта, оид ба мақсад ва муҳтавои чорабинӣ маълумот дод. Сипас, барномаи адабии донишомӯзон оғоз гардид.
Барандагон Шаҳноза Ҳоҷизода, Нилуфар Мустафоева (синфи 8) ва Назир Дӯстов (синфи 11) ҳозиронро хайрамақдам гуфта, ба чорабинии «Биёед, якҷоя китоб мехонем!» ифтитоҳ бахшиданд.
Сипас, аз ҷониби хонандагони синфҳои 5–11 саҳначаи «Китобхонӣ афзал аст ё интернет?» гузошта шуда, дар он ду гурӯҳ хонандагон оиди ин суол байни худ баҳс намуданд. Дар охир гурӯҳи китобхон бо шеърҳои пурмазмун исбот карданд, ки китобхонӣ аз телефонбозиву машғулотҳои бесамари дигар чандон маротиба беҳтар аст.
Донишомӯзон дар бораи таърихи китоб ва аҳамияту фоидаи он, серхонандатарин китобҳо ва китобхонтарин кишварҳои ҷаҳон маълумотҳои муфидро пешкаш намуданд. Дар ситоиши китобу китобхонӣ, илму дониш ва фасли баҳору айёми Наврӯз аз адабиёти мумтозу ҷаҳон наздик 100 шеър, зарбулмасалу мақол, ҳикмату афоризмҳо ба самъи шунавандагон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ расонида шуд. Хусусан, қироати Марҷона Саъдуллоева, Оҳиста Ҷамшедова (хонандагони синфи 5»В»), Рухсора Акмалова, Манижа Қодирова, Ҳакимҷон Неъматов (хонандагони синфи 6»В»), Фарзона Ҳайдарова (синфи 11»Б») писанди ҳамагон гардид. Инчунин, Шаҳноза Ҳоҷизода ва Нилуфар Мустафоева дар бораи китоб аз чакидаҳои хомаи худ намунаҳо хонданд.
— То имрӯз дар ин мактаб чорабиниҳои зиёд гузаронида будем, вале чорабинии имрӯза бо тафовут аз қаблиҳо ниҳоят зебо ва бо аҳамияти тарбиявии баланд гузашт, — гуфт директори мактаб М. Кичибоев. — Барои ин ба ташкилотчиёни маҳфил, аз ҷумла ба нависандаи маъруф Бахтиёри Ҷумъа, муаллимони забон ва адабиёт Фараҳноз Саъдиева, Сабоҳат Сироҷова миннатдории худро изҳор мекунам. Боварӣ дорам, ки дар оянда донишҷӯёни мактабамон ба маълумотҳое, ки имрӯз пешкаши мо намуданд, амал намуда, аз паи китобхонӣ мешаванд ва соли оянда ғолиби озмуни «Китобхони ҷавон» маҳз вакили мактаби мо мешавад.
Дар идома оид ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ филми аниматсионӣ ва лавҳаҳо гузошта шуданд, ки ҳар як бинанда онҳоро дида барои худ хулоса баровард.
— Ҳарчанд ин барнома аз камбудиҳо холӣ набуд, вале аҳамияти баланди тарбиявӣ дошта, муаммои асосии даврро бардоштааст, — гуфт профессор Садрӣ Саъдиев. — Мо аз он озуқаи маънавӣ гирифта тавонистем. Бигзор, ин гуна ҷамъомадҳо бисёр гузаронида шаванд. Умед дорам, ки мактабҳои дигар низ ибрат гирифта, ин гуна чорабиниҳоро ташкил мекунанд. Агар хонанда вақти холии худро бо мутолиаи китобҳои шавқовару баландмазмун ва ба синну соли худ мувофиқ гузаронад, албатта, ба мақсад мерасад. Барои ин пеш аз ҳама падару модарон ва муаллимон бояд намуна бошанд.
— Дар ҳақиқат, устод дуруст гуфтанд, ки ин ташаббуси хеле хуб аст, — илова намуд раиси маҳаллаи Қавчинон Абдуҷалол Ризоев. — Китоб ганҷинаи бебаҳо ва хазинаи маърифат аст. Шеърхониву маълумотҳои шавқовари оиди китоб овардаи хонандагонро шунида, хеле шод гаштам ва гӯё ба даври кӯдакиам сайр кардам. Агар барои бой гардонидани хазинаи китобхонаи мактаб кӯмаке лозим бошад, мо тайёрем, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ намоем.
Баромади мусиқии ансамбли «Тоҷ» ва саҳначаҳое, ки донишҷӯёни донишгоҳ омода карда буданд, ба чорабинӣ ҳусни тоза ва ба ҳозирин кайфияти болида бахшид.
Дар охир, ба Бахтиёри Ҷумъа як қатор муаллиму донишомӯзон, ки дар омода намудани барномаи адабӣ саҳм гузоштанд, ташаккурномаи маъмурияти мактаб ва тӯҳфаҳои таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» супурда шуд.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА,
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
