Ovozi.uz

Сӯхи ҷаннатмисол

Муболиға нест, агар бигӯем, ки дар Ӯзбекистони Нав минтақаи ислоҳот вориднашуда намондааст. Ба кадом минтақаи мамлакати мо равед, шоҳиди дигаргуниҳои ҳаётбахш, сохтмону бунёдкорӣ, кушода шудани истеҳсолот ва муассисаҳои нав мешавед. Дар вилояти Фарғона ҷойҳои зиёди сайёҳӣ мавҷуданд, ки бо табиати зебои худ, таърихи бой ва мардуми серғайрат фарқ мекунанд. Яке аз онҳо воҳаи бостонӣ ва хушманзари Сӯх дар қисми ҷанубии вилоят, дар оғӯши кӯҳҳо ҷойгир аст. Китоби «Сӯх — маскани бостонӣ ва хушманзара»-и олимони маъруф Раҳматҷон Арслонзода ва Ӯринбой Сӯфиев ҳамчун маҳсули чунин мушоҳидаҳои илмӣ ба дунё омадааст.
Дар китоб мақолаҳои таҳлилию бо далелҳои муайян асоснокшуда, ҳамчун як лавҳаи ислоҳоти куллии бунёдкоронаи дигаргуниҳои ҳаётбахше, ки дар мамлакати мо ба амал меоянд, дар пеши назари хонанда намоён мегарданд. Китоби мазкур дар бораи дирӯзу имрӯз, мардуми меҳмоннавоз ва ояндаи дурахшони ин гӯшаи биҳиштосо нақл мекунад. 61 сурат, расмҳои замимашуда имконият медиҳанд, ки дар бораи гузашта, зиёратгоҳ ва дигар мавзеъҳои сазовори диққати Сӯх тасаввуроти умумӣ ҳосил карда шавад.
Дар китоби мазкур муаллифон дар бораи дигаргуниҳои таърихие, ки дар солҳои охир дар Сӯх ба вуқӯъ пайвастаанд, ҷойгиршавии гӯшаҳои хушманзараи биҳиштмонанд, ки дар худ натиҷаҳои ислоҳоти мардумӣ, табиати он, аксҳо аз гузашта ва имрӯзи сарзамин, расму оинхои халқро инъикос мекунанд, мақолаҳои ҷолиб гирд оварда шудаанд. Дар китоб шеърҳои пурмазмун ва сурудҳои ибратбахши халқиро низ гирд овардаанд.
Китоб дар нашриёти «Фарғона»-и шаҳри Фарғона ба табъ расида, рӯйдодҳо аз рӯи тартиби хронологӣ ҷойгир карда шудаанд. Аз ҳамин сабаб, китобро метавон маҷмӯаи мушоҳидаҳои шавқовар, хотираҳо, навигариҳо номид.
Татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва нақшаҳои пешбинишуда дар Сӯх бешубҳа ба кадрҳои баландихтисос вобастаанд.
Китоб барои хонандагоне пешбинӣ шудааст, ки ба гузашта ва имрӯзи кишвари худ таваҷҷуҳ доранд. Солҳои охир дар Сӯх дигаргуниҳои бесобиқа ба амал меоянд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мардуми он имкону тавоноӣ, ақлу дониш ва ҳавасу хоҳиш доранд. Зотан, пешомади халқе, ки иштиёқу саъю кӯшиши баланд дорад, дурахшон аст.
Аз ин рӯ, ин китоб, ҳамчун яке аз муосиртарин китобҳое, ки ба беҳбуди сифати кумак ба сайёҳон нигаронида шудааст, нахуст бояд бо алифбои лотинии забони ӯзбекӣ нашр шавад. На танҳо аз нав чоп кардан, балки ба забонҳои халқҳои бародари мо — қазоқӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, ҳатто ба дигар забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла чинӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва бисёр забонҳои дигари ҷаҳон тарҷума кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Раҳимҷон ЮСУПОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов