Ovozi.uz

Таъминоти оби нӯшиданӣ қариб 100 дарсадро ташкил медиҳад

Мувофиқи маълумотҳо, имрӯз дар шаҳри Самарқанд зиёда аз 550 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунад ва дараҷаи таъминоти ин қадар аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 99.1 дарсадро ташкил медиҳад. Таъминоти оби нӯшокии шаҳр ба воситаи ду иншооти обӣ: «Чӯпонота» ва «Даҳбед», ки дар наздикии дарёи Зарафшон қарор доранд ва стансияҳои обии хурдтари дохили шаҳр сурат мегирад. Ҳарчанд нишондоди таъминоти об хуб аст, вале масъулони ин самт дар паи бозҳам беҳтар намуди хидмати таъминоти оби нӯшокӣ мебошанд. Бунёд гардидани насосхонаҳои нав, насби таҷҳизоти замонавии мусоид дар иншоотҳои обӣ далели ин фикр аст, ки мо зимни пресс-тур мушоҳида кардем.

Пресс-тур, ки ходимони васоити ахбори оммавӣ иштирокдори он буданд, аз иншооти обии «Чӯпонота», ки ба филиали ҷамъияти аксиядории «Самарқанд сувтаъминоти» мансуб аст, оғоз гардид.

Зимни он аз ҷониби масъулон зикр гардид, ки иншооти обии мазкур соли 1931 ташкил гардида, 94,6 гектар масоҳат дорад. Дар он 52 дона қубури обӣ, ҳавзи болопӯшидаи нигоҳдорандаи оби тоза, насосхона, хлоратор ва хонаи маъмурӣ мавҷуд аст.

Дар насосхонаи асосӣ 4 насоси тамғаҳои 600LNN, Д1600х90 ва Д1250х125 вуҷуд дошта, ҳар яки онҳо дар як соат 416 куб об мекашанд.

— Вазифаи асосии иншооти обии «Чӯпонота» аз зери замин кашидани об, хлор карда, микробҳои онро аз байн бурдан ва сипас оби тозаро ба нуқтаҳои гуногуни шаҳри Самарқанд интиқол додан аст, — гуфт сарвари иншооти обӣ Санҷарбек Ҳалимов. — Насосхонаи асосии иншооти обии мо соли 2020 бунёд гардида, соли 2021 ба истифода супурда шуд. Дар ин ҷо 4 насос насб ва 5 чоҳи зеризаминӣ кофта шудааст. Ба воситаи ин насосҳо асосан ба Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд об мерасонем. Ҷиҳати бартарии ин насосҳо дар он аст, ки нерӯи барқро сарфа мекунанд. Ғайр аз ин, иншооти обии дигаре ҳам дорем, ки он 70 дарсади аҳолии шаҳрро бо об таъмин менамояд.

Бино ба маълумоти масъулон, ҳоло дар ҳудуди стансияи обии «Чӯпонота» 57 чоҳи обкаш мавҷуд буда, 9-то чоҳи нав низ бунёд гардидаанд, вале ин чоҳҳои навбунёд ҳанӯз омодаи истифода намебошанд. Ғайр аз ин, кофтани 13 чоҳи дигар ба нақша гирифта шудааст. Манбаи асосии оби чоҳҳоро дарёи Зарафшон ташкил медиҳад.

Дар давом иштирокдорони пресс-тур бо фаъолияти иншооти обии «Мӯлиён», ки ба филиали самарқандии Ҷамъияти аксиядории «Самарқанд сув таъминоти» мансуб аст, шинос шуданд. Иншооти обии мазкур аз «Чӯпонота» оби хлоркардашудаи тозаро дар ду ҳавз, ки ҳар яке барои 10 ҳазор куб об пешбинӣ шудааст, қабул карда, ба минтақаҳои Саттепо, Кӯл, Навбоғчиён, Лолазор ва ғайраҳо интиқол медиҳад.

— Иншооти обии «Мӯлиён» дар як моҳ 3 миллион куб обро тақсим мекунад, — гуфт ходими иншоот Бӯрҳон Обидов. — Мо асосан ба об фишор дода, онро ба стансияҳои обии хурдтар, ки барои 5 ҳазор куб об пешбинӣ шудаанд, интиқол медиҳем ва онҳо низ ба об фишор бахшида, онро ба хонаҳои аҳолии қариб 50 маҳалла тақсим мекунанд.

Дар охир иштирокдорони пресс-тур бо шароитҳои иншоот ва ҷараёни кори насосҳо шинос шуданд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ