Дар бораи тасдиқ кардани тарифҳои пардохт барои хизматрасонӣ дар ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳои маишии ҳудудҳо
Бар асоси қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон « Дар бораи партовҳо», қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 уми сентябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори идораи корҳои вобаста ба партовҳои маишӣ ва сохтмон» таҳти рақами ҚП 4845 ва Девони Вазирон аз 6 уми феврали соли 2019 «Дар бораи тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи амалӣ намудани корҳои вобаста бо партовҳо» таҳти рақами 95 бо мақсади такмили хизматҳои аз ҳудудҳо баровардани партовҳо, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати экологӣ ва санитарии ҳудудҳо
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Дар вилоят бар асоси қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 29 уми апрели соли 2024 таҳти рақами VI 98–34–7–0-К 24 қабул шудани миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои хизматрасонӣ роҷеъ ба ҷамъоварии партовҳои маишии сахт ва баровардани онҳо барои маълумот қабул карда шавад.
- Дар қаламрави вилояти Самарқанд миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои ҷамъоварии партовҳои маишӣ ва баровардани онҳо мувофиқи илова тасдиқ гардад.
- Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят (К. Шерматов), КДУ «Тоза ҳудуд» (Б. Латифов), КДУ «Мароқанд обод» (Р. Тӯлқинов), корхонаҳое, ки хизмати санитарӣ мерасонанд, якҷо бо ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо:
— дар муддати як моҳ дар ҳамкорӣ бо органҳои худидоракунии шаҳрвандон бо шахсони юридикӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз рӯйи рӯйхати хизмати ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳои маишии сахт ва моеъ абонент мебошанд, шартномаҳо имзо карда, дар мӯҳлати муайяншуда амалӣ намудани пардохтҳоро самаранок таъмин кунанд;
— ҷадвали самт (машрут)-ҳои хизмати аз мавзеъҳои аҳолинишин баровардани партовҳои сахт ва моеъро аз нав баррасӣ намуда, ба тартиби муайяншуда тасдиқ кунанд ва бар асоси ин ҷадвал кашондани партовҳоро таъмин намоянд. - Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б. Мирзоев) якҷоя бо Садорати ғазначигии вилоят (О. Ҳамдамов):
— дар сметаи хароҷоти ташкилотҳое, ки аз буҷет бо маблағ таъмин карда мешаванд, роҷеъ ба хароҷоти кашондани партовҳои маишии сахт ва моеъ бар асоси меъёрҳои муайяншуда ба нақша гирифтани маблағҳои зарурӣ;
— корхонаи давлатии унитарии «Тоза ҳудуд»-и вилоят, корхонаи давлатии унитарии «Мароқанд обод» якҷоя бо ташкилотҳое, ки ба тозагии санитарӣ ихтисосонида шудаанд, бар асоси шартҳои шартномаи дахлдор, ки дар байни ташкилотҳои буҷет имзо шудаанд таъмини саривақтии маблағгузории маблағҳоро таъмин кунанд; - Ба телевизиони вилоят (М. Ихтиёров), таҳририяти муштараки рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Ф. Тошов), Садорати вилоятии экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим (К. Шерматов), Садорати тандурустии вилоят (С. Зайниев), Садорати осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ (М. Насриддинова) тавсия карда шавад, ки якҷо бо ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо дар байни қишрҳои васеи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил кунанд.
- Қарори ҳокими вилоят аз 13 уми ноябри соли 2023 «Дар бораи тасдиқ кардани миқдори пардохти ҳатмӣ барои хизматрасонӣ дар ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ дар ҳудудҳо таҳти рақами 319–7–0-Қ/23 беэътибор дониста шавад.
- Хизмати ахбор-котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М. Мирзоев), Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази ривоҷдиҳии технологияҳои ахбор-коммуникатсионӣ» (Н. Норбеков) расман дар базаи миллии маълумотҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон — LEX.uz эълон кардан ва дар веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷойгир кардани қарорро таъмин кунанд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи ҷонишини ҳокими вилоят А. Шукуров вогузошта шавад.
- Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Ҳокими вилоят Э. ТУРДИМОВ.
7 уми июни соли 2024
150–7–0-Қ/24
