Ovozi.uz

Ҷон аст, ки месӯзад…

Ҳасан Сулаймонӣ 1-уми июни соли 1995 дар ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Солҳои 2018-2022 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд. Ҳоло ӯ магистранти соли дуюми кафедраи филологияи тоҷики ҳамин донишгоҳ аст.

Ҳоло вай дар рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ба ҳайси котиби масъули ин рӯзнома кор мекунад.

Соли 2017 нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ бо номи «Субҳи дил» ба дасти шеърдӯстон расидааст. Иштирокчии семинари эҷодкорони ҷавони «Зомин — 2023» мебошад.

Чакидаҳои қаламаш дар рӯзномаҳои даврии Ӯзбекистон, аз ҷумла «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва рӯзномаву маҷаллаҳои бурунмарзӣ интишор меёбанд.

Мо аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва шабакаи ovozi.uz Ҳасан Сулаймониро бо зодрӯз табрик намуда, ба ӯ тани сиҳат, сари баланд, саодати бузург, шодмониву шодкомиҳои беинтиҳоро таманно менамоем.

Инак, ба муносибати зодрӯзи шоири ҷавон чанд намунаи ашъори ӯ пешкаши муштариён мегардад:

* * *

Муждае аз кӯи ҷонон оваред,
Бар тани фарсудаам ҷон оваред.

Ҷон ба лаб омад маро аз дуриаш,
Аз лабонаш оби ҳайвон оваред.

Хонаи дил хонаи эҳзон шудаст,
Юсуфи моро ба Канъон оваред.

Қиссаи ҳиҷрони мо тӯлонӣ шуд,
Қиссаро акнун ба поён оваред.

Эй фаромӯш карда моро, хотире
Гоҳ-гоҳ аз ину аз он оваред.

Як назар бар ҷони муштоқон кунед,
Бар замини шӯра борон оваред.

Гӯ, Ҳасан, бо шамъ нозидан чаро,
Рӯй бар хуршеди тобон оваред.

* * *

Хушо оне ба комаш ишқ бошад,
Чу сайёде ба домаш ишқ бошад.

Дилам хоҳад яке соқӣ, ки ӯро
Ба каф ҷому ба ҷомаш ишқ бошад.

Хуморе мекашад ҳар дам диламро,
Шаробе ку, ки номаш «Ишқ» бошад?!

Бидеҳ ишқе, ки орад ҷонгудозӣ,
На ишқе, к-ӯ баномаш ишқ бошад.

Яке меҳру яке ҷабр аст гӯянд,
Намедонам кадомаш ишқ бошад.

Бароям ҳар чӣ меояд зи кӯяш,
Чӣ хубу бад, мақомаш ишқ бошад.

Ба олам ҳар чӣ мебинам зи ишқ аст,
Ки оламро тамомаш ишқ бошад.

Ба саҳлӣ бигзарад аз ҳар тилисме,
Чу одамро маромаш ишқ бошад.

Биё, шеъри Ҳасанро хубтарак хон,
Ки мағзи ҳар каломаш ишқ бошад.

* * *

Эй мани беҳтар зи ман в-эй мани меҳтар зи ман,
Сар ба куҷо бурдаӣ, рафтаӣ дигар зи ман?

Рафтаию бурдаӣ гавҳари дилро ба худ,
Бе ту намонда ба ҷуз хоку гили тар зи ман.

Ман ба ғаму шодӣ ту, бо ғаме, ки додӣ ту,
Рафта ва аз ёди ту, ёд биовар зи ман.

Ову ба ман ноз кун, ҳуҷраи дил боз кун,
Базми тараб соз кун, бодаву соғар зи ман.

Умр гузашту вале бе ту нафир оварем
Як мани кофар зи дил, як дили кофар зи ман.

Бар ту ҷафо кардаам, кори хато кардаам,
Аз ҳама ҷурму хато бигзару магзар зи ман.

Эй, ки туӣ ҷону тан, ҷону ҷаҳони Ҳасан,
Ову маро бар зи ман, ову маро бар зи ман.

* * *

Соқӣ гар дорад тиҳӣ аз бода ин дам ҷоми мо,
чун сиришки шамъ афтодан бувад фарҷоми мо.

Рӯшании нӯҳ сипеҳр аст аз рухи рахшони Меҳр,
аз фурӯғи меҳри дил бошад рухи зарфоми мо.

Мисли тифле, ки ба чӯбаш хонаи мӯрон канад,
ғам парешон мекунад ҳоли дили ороми мо.

Чархи гардун то кунун боре ба коми мо нагашт,
баъд аз ин ҳам менагардад гӯиё бар коми мо.

Эй хушо, дар кӯи мо гар боди хушнудӣ вазад,
то ҳумои бахт биншинад ҳаме бар боми мо.

Эй сабо, гар бигзарӣ аз кӯи ҷонони Ҳасан,
як саломи оташин бар ӯ бубар аз номи мо!

* * *

Ба пешам соғару ҷому сабӯ неҳ,
шароби арғувонӣ андар ӯ неҳ.

Агар саргаштаи кӯят нагардам,
сарам гиру ба ҷои ӯ каду неҳ.

Насиҳат мекунам ҳар шаб диламро:
«Қадам дар ишқ мемонӣ, накӯ неҳ!».

Ба зери теғи Иброҳими қисмат,
сари Исмоили таслим фурӯ неҳ.

Ба рӯи чокҳои синаи реш
матои сабрро гиру руфӯ неҳ.

Дило, дар ранҷи ҳаҷраш айш дорад,
«Ғамамро гирам» ар гӯяд, бигӯ: — «Неҳ!»

Шабе бо гиря мегуфтам: «Куҷоӣ?»,
Бигуфт: «Оинае дар рӯ ба рӯ неҳ!».

Агар оқил туӣ, ин нуктаат бас,
Ҳасан, бас кун дигар, ин гуфтугӯ неҳ!…

* * *

Эй монда маро бо ман дар домани танҳоӣ,
Акнун ману танҳо ман дар меҳани танҳоӣ.

Бар чашми дилам, афсӯс, умед наметобад,
Чун менигарам ҳар сӯ аз равзани танҳоӣ.

Дар оқибати ин ҷанг ҷоне бишавад берун,
Ё аз тани ман берун, ё аз тани танҳоӣ.

Бераҳм, яке бингар, ҳарчанд дилат санг аст,
Ҷон аст, ки месӯзад дар гулхани танҳоӣ.

Беш аз ту вафо дорад, к-умрест маро ёр аст,
Сад аҳсани танҳоӣ, сад аҳсани танҳоӣ.

Ҳасан Сулаймонӣ