Ovozi.uz

Дар шинохти корномаҳои эҷодии Болта Ортиқов

Нависандаи маҳбуб Болта Ортиқов, ки 1-уми июни соли 1924 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст, дар шумори намояндагони адабиёти бачагонаи тоҷик ва ҳам ӯзбек қарор дорад.

Соли 2024 рисолаи муҳаққиқи ҷавон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Алишер Муродов таҳти унвони «Болта Ортиқов ва нақши ӯ дар инкишофи насри бачагонаи тоҷик» ба чоп расид ва бо итминони комил метавон гуфт, ки бо нашри ин асар барои пур намудани ҳамин холигоҳи таҳқиқӣ дар адабиётшиносӣ қадаме устувор гузошта шуд. Аз сӯи дигар, нашри ин асари арзишманди илмӣ дар соли 2024 тӯҳфаи арзандае барои ҷашни 100-солагии нависанда Болта Ортиқов гардид.

Дар заминаи ошноӣ ба муҳтавои китоб равшан мегардад, ки асари мазкур дар шинохти рӯзгори адиб, мероси адабӣ, тамоюлҳои эҷодии вай нақши муҳим дорад. Аз нигоҳи аввал, нуктаи қобили таъкид он аст, ки то интишори китоби мазкур роҷеъ ба зиндагонӣ ва вежагиҳои осори Болта Ортиқов танҳо дар асарҳои дорои хусусияти донишномавӣ, чун «Энсклопедияи советии тоҷик», «Энсклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» зикри маълумоти шарҳиҳолӣ ба чашм мерасид. Афзун бар ин, дар пешгуфтори китоби хеш Алишер Муродов низ ба масъалаи пешинаи таҳқиқи зиндагӣ ва осори Болта Ортиқов руҷӯъ намуда, таъкид намудааст, ки бештари пажӯҳишҳои анҷомёфта ё нақду баррасиҳои марбут ба эҷодиёти адиб дар таълифоте ҷой гирифтаанд, ки масъалаҳои куллии ташаккули адабиёти муосир, хоса адабиёти бачагонаро фаро мегиранд. Вале таваҷҷуҳи амиқ ба таҳқиқи осори адиб ва нақши ӯ дар рушди адабиёти бачагонаи тоҷик ба муаллифи ин китоб имконият фароҳам овардааст, ки чандин матолиби хеле муҳим ва арзишмандро дар бораи ӯ пайдо намуда, дар ҷараёни иншои рисолаи хеш муаррифӣ менамояд, ки воқеан дар шинохти зиндагинома ва вежагиҳои муҳими эҷодиёт ва баҳои мувофиқи адибони маъруф ба таълифоти нависанда хеле муҳим аст. Аз ҷумла, номаи устод Сотим Улуғзода ба Болта Ортиқов, мақолаву навиштаҳои адибони соҳибном Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Пӯлод Толис, Убайд Раҷаб, яке аз нахустин нақдҳои мунаққиди маъруф Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои Болта Ортиқов дар шумори ин нигоштаҳои хеле муҳим ҷой гирифтаанд, ки маҳз тавассути анҷоми ин пажӯҳиш Алишер Муродов барои хонандагони эҷодиёти нависанда манзур шудаанд. Аз ин нигоҳ, таҳқиқоти анҷомёфта аз назари муаррифии мизони омӯзиш ва баррасии эҷодиёти нависанда Болта Ортиқов дар кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Аз нигоҳи аввал, дар ин тадқиқот бори нахуст дар адабиётшиносии мо зиндагиномаи нависанда ба сурати мукаммал ва муфассал, бо такя бар матолиби мутааллиқ ба қалами худи адиб шарҳу баён ва барои хонанда манзур шудааст. Ҳарчанд то кунун дар қомусу донишномаҳо ва асарҳои марбут ба адабиёти бачагона зикри шарҳи ҳоли нависанда рафтааст, вале маълум аст, ки бештари онҳо хусусияти донишномавӣ доранд ва ин маҳдудаи хоси марбут ба шеваи иншои онҳо имконият надодааст, ки сурати комили зиндагиномаи адиб баён шавад. Дар таҳқиқоти Алишер Муродов чунин имконоти маҳдуда ба мушоҳида намерасад ва муаллиф бо шеваи озод ва корбандии усулҳои маъмулии таҳқиқ шарҳи ҳоли муфассали адибро иншо намудааст, ки то кунун дар дигар манобеъ ва таълифоти мавҷуда мушоҳида нашудаанд.

Баҳси дувум ва муҳими қобили таваҷҷуҳ дар таҳқиқоти Алишер Муродов он аст, ки мавқеи нависанда Болта Ортиқов ҳамчун адиби чирадаст дар таълифи навъи муҳимтарини насри бадеӣ — ҳикоя ба сурати муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин ҷойгоҳи нависанда дар насри муосири тоҷик аз ду зовия таҳқиқ шудааст. Аввал, аз нигоҳи доманаи мавзӯъу мундариҷа ва ғояи ҳикоёт ва дувум сабки иншо ва шеваи нигориш. Бинобар пажӯҳиши анҷомёфта ҳикоёти Болта Ортиқов бештар дар китобҳои муҳимми ӯ «Мунтахабот» (1976), «Дурдонаҳои Зарафшон» (1985), «Доғи хун» (1982), «Повест ва ҳикояҳо» (1984) ва «Достони Самарқанд» (1991) ҷой доранд.

Ба назари муҳаққиқи ҷавон, аввалин ҳикояи нависанда «Сӯхтор» унвон дорад, ки ҳанӯз соли 1953 дар саҳифаи нашрияи маъруфи мактаббачагон «Пионер» ба чоп расидааст.

Ин нукта гувоҳ бар он аст, ки меъёри таҳқиқии таърихият, яъне замонбандии эҷодиёти адиб низ аз назари муаллифи китоб берун намондааст.

Ғайраз ин, ки яке аз пешгомони иншои навъи ҳикоя дар адабиёти кӯдакона эътироф шудааст, дар рушди қисса ва романи бачагона низ хидматҳои шоиста ба анҷом расонидааст, ки намунаҳои барҷастаи он асарҳои «Бачаҳои Лолазор» ва «Писари Афандӣ» мебошанд. Арзишҳои адабии ҳикояҳои нависанда дар заминаи баррасии ҷойгоҳи аносири фасоҳатбахши калом, унсурҳои фарҳанги мардумӣ дар забону баёни ин таълифот муқаррар шуда, аз ин роҳи ҳунари эҷодии вай бозгӯӣ гардидааст. Пажӯҳиши анҷомёфта нависандаро ҳамчун адиби соҳибқалам, ҳунарманд ва дорои сабки хоси иншо дар эҷоди ҳикоёти бачагона муаррифӣ мекунад.

Баҳси муҳим ва калидии таҳқиқот муқаррар кардани ҷойгоҳи Болта Ортиқов дар ташаккули жанри қиссаи бачагона дар адабиёти муосир ба шумор меравад. Дар ҷараёни баррасиҳои хеш муаллифи асар нахуст ба масъалаи муайян кардани заминаҳои ташаккули ҳунари қиссанигории Болта Ортиқов руҷӯъ карда, ду марҳилаи муҳими эҷодии вайро дар арсаи қиссапардозӣ муқаррар ва ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Дар марҳилаи аввали эҷодиёти вай қиссаҳои «Таътил» ва «Полвон» нақши муҳим доранд. Баъдан, бо иншои «Бачаҳои Лолазор», «Достони Самарқанд», «Қисмати арки Амир Темур», «Юсуфи Самарқанд» дар рушди қисса дар адабиёти бачагона таъсири матлуб гузоштааст.

Маълум аст, ки адабиёти бачагонаи мо агарчӣ дар назм намояндагони барҷастаи бештареро соҳиб аст, аммо таҷрибаҳои ҳунарӣ дар навъҳои насрии он камтар ба чашм мерасанд ва Болта Ортиқов яке аз адибони соҳибибтикорест, ки дар рушди ин адабиёт ба таври шоиста саҳмгузор буда, ҳатто яке аз пешкисватони ин раванди муҳими адабӣ эътироф гардидааст. Баробари ин, муҳаққиқ бар пояи ҷусторҳояш маълум намуда, ки Болта Ортиқов суннатҳои хоси нигориши осор барои кӯдакону наврасонро, ки устод Садриддин Айнӣ бунёд ниҳода, баъдан Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис ва дигарон давом доданд, дар сатҳи матлуб идома бахшид. Ба вежа, дар ин таҳқиқот таъсири повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба қиссаи «Таътил»-и Болта Ортиқов ба сурати амиқ ва дақиқ таҳлилу баррасӣ шудааст.

Ҳамин тавр, таълифи ин рисола аз ҷониби муҳаққиқи ҷавон Алишер Муродов қадами аввал ва хеле ҷиддиву муҳим дар таҳқиқи эҷодиёти Болта Ортиқов ҳамчун нависанда ва намояндаи адабиёти бачагонаи тоҷик ва ӯзбек ба шумор меравад ва умедворем, ки барои зуҳури заминаҳои муҳим дар пажӯҳишҳои минбаъда асос хоҳад гардид.

Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филологӣ,
профессори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров»

Нодир ҚАЮМОВ, доктори фанҳои фалсафа оид ба филология (PhD),
дотсенти Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон-Финландия