Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо «Euronews» дар арафаи саммити аввалини «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо», ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад
— Солҳои охир дунё бо шиддат тағйир меёбад: беқарории геосиёсӣ, афзоиши хатарҳои иқтисодӣ, муаммоҳое, ки ба тағйир ёфтани иқлим вобастаанд — ҳамаи инҳо формати нави ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунанд.
Аз ин нуқтаи назар, саммити «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо», ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, дар муносибатҳои байни минтақаҳои мо ба сифати нуқтаи гардишӣ ба назар мерасад. Чаро айнан ҳоло ҳамкории байни ҳам ба зинаи нав мебарояд?
— Минтақаҳои моро решаҳои амиқи таърихӣ, манфиатҳои ба якдигар мос ва майли объективӣ ба шарикии наздик вобаста мекунад. Имрӯз мо рӯзномаи аниқи ба таҷрибаи тақрибан сисолаи самараноки ҳамкорӣ бо Аврупо асосёфтаро ташаккул додаем.
Шарикии мо бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) — ин ҳаракати дутарафааст, аз он ду тараф ҳам бояд манфиат бинад.
Формати «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо» — платформаи беназири ҳамкорӣ буда, аз ҷиҳати ҳаҷм ва дарбаргирии институтсионалӣ шабеҳи он мавҷуд нест. Иттиҳоди Аврупо сохтори интегратсионии калонтарин аст, ки 27 давлат, аз ҷумла се мамлакати ба «Ҳафтгонаи бузург» аъзоро (Германия, Франсия ва Италия) муттаҳид намуда, бо Осиёи Марказӣ ба дараҷаи байниминтақавӣ ҳамкории пайвастаро роҳандозӣ кардааст. Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо маҷмӯи васеи соҳаҳои аз иқтисодиёт ва сармоягузорӣ то рушди барқарор, бехавфӣ ва трансформатсияи рақамиро дарбар мегирад ва ба самтҳои стратегии устувори дарозмуддат асос ёфтааст.
Мо бо ҳамкорони аврупоии худ мунтазам вомехӯрем. Ташрифи роҳбарони давлатҳои пешсаф ба минтақаамон хеле фаъол шуд. Ӯзбекистон бо Италия, Венгрия ва Франсия шарикии стратегиро роҳандозӣ кард. Германия ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба шарикони минтақавии стратегӣ табдил ёфтанд.
Имрӯз Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро пайваста ривоҷ медиҳад. Дар ҳафт соли охир гардиши савдои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо чор баробар афзуда, 54 миллиард евроро ташкил кард. Мо бо мамнуният мушоҳида мекунем, ки шавқи бизнеси Аврупо ба имкониятҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ӯзбекистон ва мамлакатҳои дигари минтақа пурзӯр мешаванд.
Ба туфайли ҷараёнҳои мусбате, ки дар минтақаамон мушоҳида карда мешаванд, Осиёи Марказӣ ба ҳамкори бовариноки дар чорроҳаи геосиёсие, ки давлатҳои абарқудрату пешрафтаи Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро пайваст мекунад, табдил меёбад. Ин дар форматҳои «Осиёи Марказӣ плюс» ифодаи худро меёбад. Онҳо барои дастгирии мулоқоти кушода хизмат карда, барои ҳамкории боманфиати байниҳамии ҳамаи тарафҳо имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд.
Дар чунин шароит дар саммити Самарқанд роҳандозӣ намудани шарикии стратегӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои минтақаамон барои рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва вобастагии байни ҳам самтҳои нав мекушояд.
— Дар бораи сабаби ба сифати ҷои гузарондани саммит интихоб шудани шаҳри Самарқанд батафсил ҳарф занед. Самарқанд аз нуқтаи назари мулоқот ва имкониятҳо чӣ гуна аҳамияти рамзӣ дорад?
— Самарқанд шаҳрест, ки дар давоми асрҳо маркази савдо, илму фан ва дипломатия буд. Бузургии он дар муттаҳид карда тавонистани маданиятҳо, халқҳо ва ғояҳои гуногун мебошад. Имрӯз он боз ба майдони мулоқоте табдил меёбад, ки Аврупо ва Осиёи Марказӣ метавонанд муаммоҳои асосии замонаамонро муҳокима кунанд.
Самарқанд дар таърихи муносибатҳои бисёрасраи байналмилалии халқҳое, ки дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Шарқи Наздик истиқомат кардаанд, соҳиби ҷои алоҳида аст. Беш аз шаш аср қабл айнан дар ҳамин ҷо ҳукмдори Мовароуннаҳр Амир Темур бо мақсади таъмин намудани савдои озод ва бехавф бо монархҳои Аврупо робитаҳои фаъол роҳандозӣ карда буд.
Ҳоло Самарқанд дар ҳаёти байналмилалӣ ҷои ба худ хосро барқарор карда, мероси таърихӣ, сиёсӣ ва дипломатии мамлакатамонро ҳифз намуда, онро бо мазмуни нави боз ҳам васеъ ғанӣ мегардонад.
Мувофиқи мафҳуми таърихан ташаккулёфта, дар Самарқанд истода, нигоҳ кунед, дунё пароканда не, балки яклухт ва тақсимнашаванда менамояд. Мазмуни «Рӯҳи Самарқанд» ном феномени ноёб низ аслан дар он муҷассам буда, он барои ташаккули формати аз ҷиҳати принсип нави ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат мекунад.
— Тағйироти асосиеро, ки солҳои охир дар минтақа ба вуқӯъ пайваст, чӣ гуна тавсиф дода метавонед ва дар давраи раёсати Ӯзбекистон ба панҷгонаи Осиёи Марказӣ ба кадом самтҳои устувор таваҷҷӯҳ медиҳед?
— Пеш аз ҳама, инро махсус таъкид намудан мехоҳам, ки Осиёи Марказӣ самти устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ин ба як қатор омилҳо вобаста аст. Даставвал, агар ба харитаи сиёсати ҷаҳонии имрӯза назар андозем, ба рӯй додани аксари ҳолатҳои пурзӯр гардидаи низоъҳои мусаллаҳона, зиддиятҳо ва зӯроварӣ айнан байни давлатҳои ҳамсоя гувоҳ мешавем. Чунин ҳолат барои Шарки Наздик, мамлакатҳои пасошӯравӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Африка ва дигар минтақаҳо низ хос аст.
Мутаассифона, Осиёи Миёна низ аз чунин ҳолатҳо мустасно нашудааст. Дар ин ҷо дар давраҳои мухталиф даргириҳои мусаллаҳона рӯй додааст, масъалаҳои сарҳад, мушкилоти обу энергетикӣ, печидагиҳои соҳаи нақлиёту робита, таҳдидҳо ба бехатарӣ вазъро боз ҳам бадтар кардааст. Ин дер давом карда наметавонист. Ихтилофот пурзӯр шуд, носозгорӣ амиқтар шуд ва вазъияти мураккаби ба вуҷуд омада ба амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ расониданро оғоз кард.
Мо ин ҳолати воқеиро дарк намуда, қарори стратегӣ қабул кардем: дар Осиёи Марказӣ муносибатҳои конструктивӣ, ба ҳамсоягии нек асосёфта ва байни ҳам судмандро зина ба зина барпо намудан. Дар замири ин муносибат боварӣ ва эҳтироми тарафайн, ба назар гирифтан ва эътирофи манфиатҳои умумӣ мебошад.
Солҳои охир Осиёи Марказӣ куллан тағйир ёфта, чеҳраи нав касб намуд — ба майдони мулоқоти конструктивӣ, эътимод ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба табдил ёфт. Ин ба шарофати иродаи умумии сиёсии роҳбарони мамлакатҳоямон ба амал омад. Имрӯз мо бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки ин ҷараён бебозгашт аст.
Вақте ки соли 2017 дар сессияи 72‑юми Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид Ӯзбекистон бо ташаббуси гузаронидани Вохӯриҳои машваратӣ баромада буд, мо аз як ғояи оддӣ, вале муҳим оғоз намуда будем: агар мо худамон боварӣ ба якдигар ва мулоқоти ошкорро оғоз нанамоем, ҳеҷ як шарикони хориҷӣ дар минтақаи мо тинҷӣ, барқарорӣ ва рушдро таъмин карда наметавонанд. Ин ҷараён самараи худро нишон дод. Мо имрӯз масъалаҳои мураккабтаринро бо роҳи музокираҳо ҳал карда, ташаббусҳои муштаракро мутобиқ намуда, ба пеш қадамҳои далерона мегузорем.
Соли равон дар Тошканд Вохӯрии машваратии ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин гуна ҷамъомадҳо мо на танҳо рӯзномаро муҳокима намуда, мубодилаи афкор менамоем, балки қарорҳои муайяне қабул мекунем, ки симои минтақаро дигар месозанд. Мисоли равшани фурсати наздик — батамом ҳал кардани масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии байни Қирғизистону Тоҷикистон шуд. Ин –муваффақиятест, ки дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди чандинсолаи ҷонибҳо муяссар гардид.
Барои ҳавасмандгардонии муносибатҳои савдо минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода мешавад, бунёди муштараки сармоягузорӣ ба кор андохта шуда, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва саноатӣ амалӣ мешаванд.
Осиёи Марказӣ ба як қисми муҳими занҷирҳои нақлиётии ҷаҳонӣ табдил меёбад. Мо коридорҳои нақлиётии Транскаспӣ ва Трансафғониро фаъолона рушд медиҳем — ин барои васеъ намудани дастрасии кишварҳоямон ба бозорҳои ҷаҳонӣ хизмат мекунад.
Ҳамин тариқ, Осиёи Марказӣ дигар дар як канори таърих не, балки ба як минтақаи босуръат рушдёбанда табдил меёбад, ки барномаи стратегии худро ташаккул медиҳад. Иродаи сиёсӣ, сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ барои рушди барқарори минтақа имкониятҳои нав фароҳам оварданд.
Дар даври раёсати Ӯзбекистон ба панҷгонаи Осиёи Марказӣ, мо ба се самти афзалиятноки зерин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем: мустаҳкам сохтани амнияти минтақавӣ, амиқсозии интегратсияи иқтисодӣ ва таъмини суботи экологӣ.
Дар наздамон барои минтақаи худро на танҳо барқарор, балки фаровон гардонидан ҳам имконияти таърихӣ дорем. Бо итминон гуфта метавонам, ки мо ин салоҳиятро дар якҷоягӣ амалӣ мегардонем.
— Кадом ислоҳотҳо, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мегардад барои рағбатнок гардонидани ҳамкории иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо хизмат мекунанд ва барои ба зинаи нав баровардани робитаҳо бо Осиёи Марказӣ аз ҷониби ИА чӣ гуна чораҳоро дидан мумкин?
— Мо дар Ӯзбекистон пайваста фазои мусоиди соҳибкорӣ фароҳам меорем, институтҳои бозорро инкишоф медиҳем ва муҳити сармоягузориро беҳтар мегардонем. Яке аз қадамҳои муҳим ҷорӣ намудани системаи «даричаи ягона» барои сармоягузорони хориҷӣ, либерализатсияи бозори асъор ва кам кардани бори андоз барои соҳибкорӣ буд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки дар ҳамкории иқтисодии мамлакатамон ва Иттиҳоди Аврупо суръати мусбат ба назар мерасад. Дар соли 2024 мубодилаи маҳсулот байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба 6,4 миллиард доллар расид, ин нисбат ба соли гузашта 5,2 дарсад зиёд мебошад. Дар кишварамон зиёда аз 1 ҳазор корхона бо капитали Аврупо фаъолият карда, ҳаҷми лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба 30 миллиард евро расидааст. Мо боварӣ дорем, ки имзо гардидани Созишномаи шарикии густурда ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои боз ҳам васеъ намудани робитаҳои савдо-сармоягузорӣ имкониятҳои нав фароҳам меоварад.
Мо барои расонидани маҳсулоти бештари баландсифат, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба стандартҳои аврупоӣ мувофиқ ба бозори ИА омодаем. Имрӯз рушди долонҳои самарабахши нақлиёт-логистика аҳамияти бештар пайдо мекунад ва Осиёи Марказӣ метавонад на танҳо «пул» байни Аврупо ва Осиё, балки иштирокчии фаъоли ҷараёнҳои иқтисодии ҷаҳонӣ гардад.
Аз ин лиҳоз, мо стратегияи «Дарвозаи ҷаҳонӣ»-и Иттиҳоди Аврупоро бо лоиҳаҳои асосии нақлиётӣ дар минтақа ҳамоҳанг кардан, дар якҷоягӣ таҳияи «Нақшаи ҳаракатҳо» барои пешбурди долони нақлиётии Транскаспиро пешниҳод менамоем. Ин ба афзоиши сармоягузориҳо, рушди инфрасохтор ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ такони нав мебахшад.
Барои ба зинаи сифатан нав баровардани вобастагии иқтисодӣ тартибу тамоилҳои савдоро боз ҳам соддатар кардан, имконияти ворид шудани маҳсулоти Осиёи Марказӣ ба бозори Аврупоро беҳтар кардан, стандартҳо ва сертификатҳои техникиро ҳамоҳанг намудан зарур аст. Дар баробари ин, амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инфрасохтор, ба ҷараёни такмил додани иқтисодиёти рақамӣ ва ҳамкории инноватсионӣ бизнеси Аврупоро фаъолона ҷалб кардан аҳамияти муҳим касб менамояд.
Мо, инчунин, аз фаъолсозии механизмҳои кӯмаки молиявӣ тавассути Бонки Эҳё ва Рушди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва дигар институтҳои молиявии байналмилалӣ дастгирӣ менамоем. Фароҳам гардидани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна бо иштироки шарикони аврупоӣ ба баланд шудани барқарории иқтисодии минтақа ва накӯаҳволии аҳолӣ хизмат мекунад.
— Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои камшумори аз захираҳои энергетикӣ бой буда, барои рушди энергияи барқароршаванда иқтидори азим дорад. Бо назардошти тамоюлҳои навбатии истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, минтақаи шумо чӣ гуна дар таъмини устувории энергетикии Аврупо нақш бозида метавонад?
— Осиёи Марказӣ на танҳо таъминотгари расонидани барқарори захираҳои энергетикӣ, балки дар раванди ҷаҳонии коҳиш додани карбон низ як ҳамкори дорои саҳми арзанда шуда метавонад.
Дар лоиҳаи таъсиси «долони сабзи стратегӣ» ба Аврупо тавассути баҳрҳои Каспий ва Сиёҳ, ки бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад, иқтидори бузург барои ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур асоси мустаҳками вобастагии энергетикии ба ҳамдигар судмандро ба вуҷуд меоварад.
Ҳамчун як платформаи муҳими институтсионалӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба Энергияи тоза таъсис додан мумкин. Ин имкон медиҳад, ки ба ҷои сӯзишвории кофтанӣ, роҳандозии ҳамкории васеъро роҷеъ ба истеҳсол ва истифодаи васеъи сӯзишвории «сабз» чун ҳидроген ва аммиак, инчунин, биосӯзишворӣ фароҳам ояд.
Дар айни ҳол Ӯзбекистон ва давлатҳои дигари минтақа салоҳияти энергетикаи барқароршавандаро фаолона васеъ мегардонанд. Амалӣ гардонидани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика ва иқлими «сабз» барои рушди бозори «кредитҳои карбон» дар Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Ин механизм ба корхонаҳо имкони ҷалб намудани сармоягузорӣ ба технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро медиҳад, инчунин, ба як платформаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи савдои квотаҳои карбон табдил меёбад.
Мисол, ҳамчун илова бар 14 стансияи электрии нави офтобӣ ва шамол, ки аллакай мавриди истифода қарор доранд, амалӣ кардани беш аз 50 чунин лоиҳаро бо иқтидори умумии 24 ҳазор мегаватт ният кардаем.
Мо дар панҷсолаи ҷорӣ ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро ба 54 дарсад расонданием. Ин имкони баромадани газҳои гармхонаро тақрибан ба 16 миллион тонна коҳиш медиҳад ва Ӯзбекистон дар доираи Созишномаи Париж роҷеъ ба коҳиш додани партоби газҳои гармхона ба 35 дарсад пеш аз мӯҳлат иҷро намудани маҷбуриятҳои ба зимма бударо медиҳад.
Самти дигари муҳим модернизатсияи системаҳои энергетикӣ мебошад, ки самаранокии онҳоро афзун намуда, ба кам кардани изи карбон хизмат мекунад.
— Шумо дурнамои баррасии масъалаҳои амниятро дар саммити дарпешистода чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Кадом самтҳои ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои Шумо аҳамияти алоҳида доранд?
— Мо шоҳиди дигаргуниҳои амиқи сохтори муносибатҳои байналхалқӣ мешавем. Дар ҷаҳон чунон дигаргуниҳои калон ба амал меоянд, ки оқибатҳои онҳоро ҳозир дақиқ пешгӯӣ кардан душвор аст.
Таъмини бехатарии минтақавӣ ҳамеша самти устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ буд ва боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо дар соли 2023 дар назди худ вазифа гузоштем, ки рӯзномаи нави ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар ин самт ба муҳокимаи коршиносон гузорем.
Мо хуб дарк мекунем, ки ҳам минтақаи мо ва ҳам Иттиҳоди Аврупо ба таҳдиду хатарҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва савдои маводи мухаддир рӯбарӯ мешавад.
Аз ин лиҳоз, ҳамкориҳои бехатарӣ бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи мост.
Бо дарназардошти воқеиятҳои имрӯза, мо на танҳо идомаи ҳамкориҳоро дар доираи барномаҳои мавҷуда, балки таҳияи ташаббусҳои наве, ки ба мубориза бо таҳдидҳои киберӣ ва экстремизм равона шудаанд, муҳим мешуморем.
— Афғонистон ба яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон табдил меёбад. Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳо аз ҳамкорӣ бо ҳукумати муваққатӣ ва ҷалби ин кишвар ба ҷараёнҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ худдорӣ мекунанд, Ӯзбекистон алоқаҳои фаъолро бо ҳамсояи ҷанубии худ идома медиҳад.
Сабабҳои бархӯрди Ӯзбекистон ба Афғонистон дар чист ва дурнамои идомаи ҳамкориҳои пуршиддати давлатҳои мо дар ин масъала чӣ гуна аст?
— Муносибати Ӯзбекистон ба Афғонистон ҳамеша прагматикӣ буд ва бар тамоюлҳои стратегии дарозмуддат асос ёфтааст. Мо ҳеч гоҳ аз ҳамсояи худ рӯй нагардондаем ва бо ӯ робитаро накандаем. Мо ҳамеша бовар доштем, ки рушди Афғонистон бидуни ҳамкории созанда бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҳамкори наздик ва муҳими он Ӯзбекистон, ғайриимкон аст.
Бояд алоҳида таъкид намуд, ки бисёри онҳое, ки сиёсати моро нисбат ба Афгонистон дастгирӣ накарданд, ҳоло маҷбур мешаванд эътироф кунанд, ки он дуруст аст ва муқобил надорад. Мо боварӣ доштем, ки сохтори пештараи Афғонистон бо якчанд сабабҳо ҳокимиятро нигоҳ дошта наметавонад. Ба ин сабабҳо нотавонии ҳукумати қаблӣ дар назорати комили қаламрави кишвар, майл надоштан ба мулоқот бо мухолифат, кӯшиш накардани он барои ташкили ҳукумати инклюзив ва густариш ёфтани коррупсия дар ҳамаи дараҷаҳои ҳукумат шомиланд.
Ба роҳбарияти ҳозира муяссар гардид, ки вазъи Афғонистонро барқарор кунад, захираҳои худро ба рушди фурудгоҳҳо, шабакаҳои роҳи оҳани дохилӣ, инфрасохтори обу энергетика равона созад ва майдонҳои кӯкнорро кам кунад. Бино ба маълумоти СММ, пас аз он, ки «Толибон» дар соли 2023 тиҷорати маводи мухаддирро манъ намуд, заминҳои кишти кӯкнор дар Афғонистон 95 дарсад коҳиш ёфтааст. Барои дар Афғонистон барпо намудани ояндаи холӣ аз кӯкнор ба сокинони деҳот ёрӣ расонда, самтҳои муқобили хоҷагии қишлоқ инкишоф дода мешаванд.
Ба фикри мо, дар шароити имрӯза ба Афғонистон аз нуқтаи назари имкониятҳои стратегӣ назар кардан зарур аст. Ҷалби ин кишвар ба ҷараёнҳои иқтисодии байналмилалӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар қаламрави он хеле муҳим аст.
Аз ин лиҳоз, мо омода ҳастем, ки бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди рӯзномаи мусбат ва ташаббусҳое, ки ба Афғонистон на танҳо барои аз бӯҳрони кунунӣ раҳоӣ ёфтан, балки ба рушди дарозмуддат имкон медиҳанд, ҳамкорӣ кунем. Мо чунин мешуморем, ки дар айни замон вазифаи аввалиндараҷа идома додани кумак ба Афғонистон дар соҳаи таълим аст.
Боварӣ дорам, ки ба ҳолати муътадил овардани вазъи Афғонистон ва барқарорсозии ин кишвар ба манфиатҳои умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо аст.
— Чӣ гуна кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо хатарҳои иқлимӣ якҷоя муқобил истода метавонанд, барои ҳамкорӣ дар ин соҳа чӣ гуна имкониятҳо вуҷуд доранд?
— Тағйирёбии иқлим — ин акнун як хатари раднашаванда аст. Дар ҳоле ки Осиёи Марказӣ бо хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва норасоии об рӯбарӯ мешавад, Аврупо бо гармии ғайримуқаррарӣ, сӯхтор ва тағйироти экосистемаҳо рӯбарӯ аст.
Осиёи Марказӣ масъулияти худро ҳамчун яке аз осебпазиртарин минтақаҳо дар баробари тағйирёбии иқлим комилан дарк мекунад ва омода аст, ки бо Аврупо дар ҳалли масъалаҳои дарозмуддат ҳамкорӣ кунад.
Барои мо самти устувор бечунучаро пешбурди рӯзномаи «сабз» дар Осиёи Марказӣ аст.
Дар доираи саммити Самарқанд мо нақша дорем, ки лоиҳаи консепсияи минтақавии рушди «сабз»-ро пешниҳод кунем. Он фароҳам овардани заминаи мустаҳками ҳамкориҳои самарабахши минтақавӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз»-ро пешбинӣ мекунад.
Мо пешниҳод менамоем, ки барномаи «Шарикии сабзи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» таҳия карда шавад. Дар доираи он мо метавонем қувваҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳо оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги рақамии иқлим муттаҳид созем.
Дар соҳаи сарфаи ресурсҳои об муттаҳид намудани қувваҳоро зарур меҳисобем.
Аз ин лиҳоз, мо барои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои азнавсозии инфрасохтори обёрӣ то мониторинги муштараки пиряхҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи сарфакунандаи об имкониятҳои васеъ мебинем.
Мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, бахусус дар бахши шарикии давлатӣхусусӣ умеди зиёд дорем.
Афзалияти дигар барқарорсозии экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ мебошад.
Мо аллакай лоиҳаи «Камарбанди сабзи Осиёи Марказӣ»-ро оғоз кардаем, ки барномаи бузурги сабзазоркунии заминҳои харобшуда, аз ҷумла минтақаи Арал мебошад.
Дар ин бобат барои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо салоҳияти бузург вуҷуд дорад.
Мо, инчунин ба такмили сохтори таълим ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи экология эътибори устувор медиҳем. Соли гузашта мо дар минтақаи худ аввалин донишгоҳи «Сабз»-ро ифтитоҳ кардем, ки он метавонад фазои муассир барои таҳқиқоти муштарак ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо хидмат кунад.
— Аз вохӯрии дарпешистодаи сатҳи олӣ чиҳоро интизоред? Дар охири саммит чӣ натиҷаҳоро дидан мехоҳед?
— Саммити дарпешистода, воқеан аҳамияти таърихӣ касб менамояд, зеро бори нахуст роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар як ҷо ҷамъ мешаванд.
Мо интизорем, ки ин саммит як саҳифаи нав дар рушди муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мешавад. Солҳои охир ҳамкории мо аз ҷиҳати сифат ба марҳилаи нав баромад.
Мо умедворем, ки мулоқоти сиёсӣ боз ҳам амиқтар мегардад ва механизмҳои наве кор карда мешаванд, ки ба ҳамкории мо характери муназзамтар бахшида, онро ба сӯи мақсадҳои дарозмуддат равона мекунанд. Баррасии ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бахусус, ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика ва нақлиёт аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ин саммит хоҳад буд.
Имзои Декларатсияи Самарқанд бояд яке аз натиҷаҳои аслии ин саммит бошад. Ҳуҷҷати мазкур хоҳиши умумии ҷонибҳоро барои барқарор кардани шарикии стратегӣ инъикос мекунад. Декларатсия на танҳо созишномаҳои ҳосилгардидаро мустаҳкам мегардонад, балки барои ривоҷу равнақи робитаҳои байни минтақаҳои мо замина ба вуҷуд меоварад.
Мо умедворем, ки оид ба тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва дастгирии инноватсияҳо ва ҳалли рақамӣ созишномаҳои мушаххас ба даст меорем.
Албатта, дар поёни саммит ба саволҳои зиёд посух ёфта мешавад. Аммо метавон гуфт, ки ин вохӯрӣ як қадами муҳим дар роҳи барқарор намудани шарикии устувору мутақобилан судманд байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегардад. Ин шарикӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ, эътимод ва талош барои рушди муштарак сурат хоҳад гирифт.
— Агар шумо имкон дошта бошед, ки як паёми муҳимро ба роҳбарон ва шаҳрвандони Аврупо бирасонед, чӣ мегуфтед?
— Ман мехостам аз фурсати имрӯза истифода бурда, ба шарикони аврупоии худ муроҷиат намоям.
Осиёи Марказӣ барои густариши мулоқот ва ҳамкорӣ боз аст. Мо ҷонибдори ҳамкориҳои созандае ҳастем, ки ба манфиати тарафайн ва эътимод асос ёфта, ба баланд шудани некӯаҳволии халқҳоямон ва рушди устувор хизмат мекунад.
Мо дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ба саъю кӯшишҳои мо, ки ба таъмини ошкорбаёнии минтақа, таҳкими рушд ва субъективии он нигаронида шудааст, хеле қадр мекунем. Хусусан муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо бо мақсади мо, ки табдил додани Осиёи Марказӣ ба як минтақаи устувор ва босуръат рушдёбанда, омода ба шарикии кушоду баробар бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор мебошад, ҳамфикр аст.
Саммити дарпешистода дар муносибатҳои мо марҳилаи муҳим хоҳад буд. Мо боварӣ дорем, ки натиҷаҳои вохӯрӣ дар Самарқанд барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории мо истиқболҳои нав мекушоянд.
