Ovozi.uz

Ҳокими вилоят дигар шуд

Рӯзи 28‑уми ноябр сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.
Дар он баробари намояндагони халқ, роҳбарони секторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, сардорони садорат ва идораҳо, фаъолони вилоят иштирок карданд.
Ба сессия депутати Шӯрои вилоят Ф.Тошев сарварӣ намуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов дар сессия сухан гуфт.
Сарвазир таъкид кард, ки солҳои охир барои рушди иқтисодиёти вилоят, беҳдошти муҳит ба сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ як қатор корҳо амалӣ карда шуданд. Ин барои хубтар шудани инфрасохтори шаҳр ва деҳаҳои вилоят, баландтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ хизмат мекунад.
Имрӯзҳо Самарқанд ба сифати яке аз вилоятҳои босалоҳияти мамлакатамон дар иқтисодиёти давлатамон соҳиби ҷойи муносиби худ шуд.
Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Бар асоси фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Эркинҷон Оқбутаевич Турдимов ба муносибати гузаштан ба кори дигар аз вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд озод карда шуд.
Адиз Музафарович Бобоев, ки қаблан дар вазифаи раиси Палатаи ҳисоб кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд таъин гардид.
Адиз Бобоев фаъолияти меҳнатии худро соли 1993 чун иқтисодчии садорати молияи вилояти Бухоро оғоз намуда, то соли 2008 дар вазифаҳои мухталиф фаъолият пеш бурд. Аз ҷумла, дар Бунёди роҳи тобеи Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вазифаҳои масъули дигари сохтори вазорат кор кард. Аз моҳи январи соли равон раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ буд.
Дар сессия мудири котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят С.Усмонов, роҳбари корхонаи хусусии «Кумуш тола»-и ноҳияи Каттақӯрғон М.Ниёзова, муассиси консерни «Шарқ саноат» Ш.Шарифов сухан гуфта, корҳои барои рушди ҳаматарафаи вилояти Самарқанд кардаи Эркинҷон Турдимовро эътироф намуданд. Онҳо гуфтанд, ки бо роҳбари нав таъиншудаи вилоят Адиз Бобоев барои давом додани ин корҳо ва боз ҳам обод шудани Самарқанд дар ҳамҷиҳатӣ меҳнат мекунанд.
Дар сессия Эркинҷон Турдимов ба аҳли вилоят, ки дар давоми фаъолияташ чун ҳоким ӯо дастгирӣ карда, ёрӣ додаанд, миннатдорӣ баён намуд. Дар навбати худ Адиз Бобоев низ сухан гуфта, таъкид кард, ки барои сазовори боварии Президент ва халқ шудан бо депутатҳо, роҳбарон ва ҳамаи самарқандиён якҷоя меҳнат мекунад.