Ovozi.uz

Машғулотҳои хонишӣ-амалӣ идома дорад

Интихобот

Дар Самарқанд барои аъзоёни комиссия, ки интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллиро мегузаронанд, машғулотҳои хонишӣ-амалӣ идома дорад.
Семинари навбатии дурӯза бо иштироки раиси комиссия, ҷонишинҳои раис ва котибони 60 ҳавзаи интихоботӣ, ки барои Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихобот мегузаронанд, ташкил карда шуд.
– Интихоботи имсола дар асоси талаботи комилан нави иҷтимоиву сиёсӣ, ки дар таҳрири нави Сарқонун муқаррар карда шудааст, гузаронида мешавад, — гуфт котиби Комиссияи марказии интихоботӣ Худоёр Маматов. – Ғайр аз ин, навигонии асосии қонунгузории интихобот – бори аввал роҳандозӣ гардидани системаи интихоботи омехта мебошад. Яъне, 75 нафар депутат аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва рӯйхати 75 нафари дигар дар асоси сохтори пропорсионалӣ аз номзадҳое, ки ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод кардаанд, ташаккул меёбад. Боз яке аз навидҳо дар минтақаҳо барои гузаронидани интихоботи Шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳавзаҳо ташкил мегарданд, аммо барои онҳо комиссияҳои интихоботӣ созмон намеёбанд. Барои интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар Самарқанд 8 ҳавза таъсис ёфта, аз ҳар яке интихоби як нафар депутат муқаррар гардид. Ваколатҳои комиссияҳои округи интихоботӣ оид ба ин ҳавзаҳо низ ба зиммаи комиссияҳои интихоботии шаҳр ва ноҳияҳо гузошта шуд.
Инчунин, тавассути машғулотҳои амалӣ тартиби корбарии комиссияи қитъаи интихоботӣ дар рӯзи овоздиҳӣ, ҳисоб кардани овозҳо ва пур кардани ҳисобот фаҳмонида шуд.