Ovozi.uz

Дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2024

Сессияи наваду чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати шашум бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2024» ҚАРОР МЕКУНАД:

  1. Барои маълумот қабул карда шавад, ки барои соли 2024 қисми даромадҳои буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд 5191,7 миллиард сӯм, хароҷотҳо 6780,2 миллиард сӯм пешбинӣ гардида, трансфертҳои байнибуҷетии ба тартиб­оваранда, ки аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, ба миқдори 1588,5 миллиард сӯм муайян намудаанд.
  2. Зеринҳо:
    Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии пешбинишуда (прогнозӣ)-и ривоҷдиҳии вилояти Самарқанд барои соли 2024 мувофиқи иловаи 1‑ум;
    Нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳои буҷети вилояти Самарқанд барои соли 2024 мувофиқи иловаи 2‑юм;
    Миқдори хароҷотҳои умумии маҳдуд, ки барои тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудудии аз буҷети вилояти Самарқанд ҷудо карда мешаванд, мувофиқи иловаи 3‑юм;
    Меъёри пешбинишуда аз андозҳои умумдавлатӣ ба буҷетҳои шаҳр ва ноҳияҳо мувофиқи иловаи 4‑ум;
    Ин ҷо муайян карда шавад, ки меъёри пешбинишудаи тақсимоти байни буҷети маҳаллии вилоят ва буҷети маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳоро ба тартиби муайяншуда Садорати ғазначигӣ дар вилояти Самарқанд амалӣ мекунад.
    Ҳаҷми ҳудудии даромад ва хароҷотҳои буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо барои соли 2024 мувофиқи иловаи 5‑ум;
    Миқдори трансфертҳои байнибуҷетии ба тартибоваранда, ки барои соли 2024 аз буҷети вилоят ба буҷети маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо ҷудо карда мешаванд, мувофиқи иловаи 6‑ум тасдиқ карда шаванд.
    Инҷо дар қонун муайян шудани сарфи назар аз иҷрои даромадҳои пешбинишудаи буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо кам накардани миқдори трансфертҳои байнибуҷетии ба тартибоваранда барои маълумот қабул карда шавад.
  3. Ҳаҷми бунёди захиравии буҷети вилоят барои соли 2024 ба миқдори 28,4 миллиард сӯм муайян карда шавад.
  4. Бунёди захиравии буҷети шаҳр ва ноҳияҳоро барои соли 2024 камаш ба миқдори 1,0 фоизи хароҷотҳои умумии тасдиқшудаи буҷетҳои дахлдор (аз ин маблағҳои молиягузорӣ барои тадбирҳое, ки бар асоси фоизи ҷамоатчигӣ ташаккул дода мешаванд, мустасно) ташаккул диҳанд.
    Ҳангоми ҷудо кардани маблағҳо аз бунёди захиравии буҷети вилоят ба қарори мазкур тағйиротҳо дохил карда намешаванд.
  5. Миқдори камтарини маблағҳои буҷети вилоят, буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо барои соли 2024, ки дар суратҳисоби шахсии ғазна меистанд, мувофиқи иловаи 7‑ум муайян гарданд.
  6. Бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2024 васеъ карда шудани ваколатҳои Шӯроҳои намояндагони халқ ҳангоми идора кардани буҷетҳои маҳаллӣ, хусусан ҳангоми тасдиқи хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ бар асоси қиёси тақсимотчиёни маблағҳои буҷети ҳудудӣ ва муайян намудани ҳисобдории онҳо дар назди Шӯро ба инобат гирифта шавад.
  7. Дар соли 2024 навъҳои зерини андоз:
    а) ба ҳаҷми пурра ба буҷетҳои шаҳр ва ноҳияҳо гузаронда мешавад:
    андози молу мулке, ки аз шахсони ҷисмонӣ ситонида мешавад;
    андози замине, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешавад;
    андози даромад, ки бар асоси декларатсияи шахсони ҷисмонӣ дар бораи даромади солонаи гирифтаашон аз рӯи ба иҷора додани молу мулки худ пардохтаанд, инчунин тадбиркорони тартиби якка пардохт мекунанд;
    андоз барои истифода аз захира (ресурс)-ҳои об, аз ин андозе, ки стансияҳои электрӣ медиҳанд, мустасно аст;
    андоз барои истифода аз қаъри замин роҷеъ ба масолеҳи бинокории ғайримаъдан;
    андоз аз гардиш;
    даромадҳое, ки аз додани объектҳои давлатӣ ба иҷора гирифта мешаванд;
    хизматҳои алоқаи мобилӣ, маҳсулотҳои тамоку ва алкоголӣ, аз ҷумла, пардохтҳо роҷеъ ба андози аксиз барои пиво мувофиқи ҳолати 1‑уми июли соли қаблӣ аз соли молиявӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои ҳиссаи аҳолии шаҳр ва ноҳияҳо нисбати аҳолии вилоят, ки аз Сарсадорати омори Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд гирифта шудаанд. Инҷо қисми иҷронашудаи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳо дар буҷети шаҳр ва ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ пур карда мешавад, қисми аз нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромад барзиёд иҷрошуда дар ихтиёри буҷети ҷумҳурӣ мемонад.
    б) ба ҳаҷми пурра ба буҷети маҳаллии вилоят гузаронда мешавад:
    андоз барои истифода аз захираҳои об, ки стансияҳои электрӣ пардохт мекунанд;
    боҷҳои давлатӣ ба миқдоре, ки дар қонунгузорӣ муайян шудаанд (ғайр аз боҷҳои патент ва боҷҳои давлатӣ барои додани литсензия);
    ҷаримаҳое, ки ба миқдори дар қонунгузорӣ муайяншуда ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта мешаванд;
    пардохтҳои муайяншуда, ки аз фурӯш (реализатсия)-и молу мулки бар асоси қонунгузорӣ ба даромади давлат гузаронда, аз онҳо ба буҷети Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷети маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд пардохтҳои муайяншуда амалӣ мегарданд, инчунин даромад (дивидент)-ҳо аз ҳиссаи идораҳои ҳокимияти маҳаллии давлат ва пардохтҳо;
    даромадҳое, ки аз фурӯши активҳои давлат аз рӯи меъёр (норматив)-ҳои дар қонунгузорӣ муайяншуда гирифта мешаванд;
    в) дар байни буҷети вилоят, буҷетҳои шаҳр ва ноҳияҳо тақсим карда мешавад:
    андоз аз молу мулки шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ);
    андози замин, ки аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта мешавад;
    андози аксиз аз фурӯши бензин, сӯзишвории дизел ва газ ба истеъмолчиёни ниҳоӣ;
    пардохтҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки миқдори онҳо дар қонунгузорӣ муайян шудаанд, ғайр аз пардохтҳо ба идораҳои боҷхона, воситаҳои нақлиёти чархдор, машинаҳои худгард ва пардохтҳо барои тоза кардани партовҳо аз ядак (притсеп)-ҳои онҳо, инчунин барои тағйир додани ранги оинаҳои воситаҳои нақлиёт (сиёҳ кардан ғайр аз пардохт барои рухсатнома);
    пардохтҳо барои ҳуқуқи савдои чаканаи баъзе навъҳои маҳсулот;
    баробари ҳамин мувофиқи қонун пардохтҳои аз андози даромади шахсони ҷисмонӣ, ки 100 фоиз ба буҷети маҳаллӣ пардохта мешаванд (ғайр аз даромад, ки аз иҷорапулии молу мулки шахсони ҷисмонӣ бар асоси декларатсия даромади солона мепардозанд, инчунин андози даромад, ки тадбиркорони тартиби якка чун шахсони ҷисмонӣ пардохт мекунанд) ва пардохтҳо аз андози фоида (ғайр аз андози фоида, ки мувофиқи рӯйхати бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқшудаи пардохткунандагони андози калон, ғайрирезидентҳои дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври доимӣ фаъолият дошта, кор мекунад, инчунин аз даромадҳои дар манбаъҳои пардохт боздошташудаи ғайрирезидентҳо пардохта мешаванд) байни шаҳр ва ноҳияҳо тақсим карда шаванд.
    Бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехавфии инсон дар роҳҳои автомобилӣ ва ба таври назаррас кам кардани ҳолатҳои марг» таҳти рақами ҚП‑190 ба муносибати ба ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо додани ҳуқуқи дар роҳҳои автомобилии ҳудуди худ гузоштани воситаҳои техникии ба таври автоматӣ акс (фото) ва видео гиранда, ки ҳолатҳои вайрон шудани қоидаҳои ҳаракати роҳро қайд мекунанд, 30 фоизи ҷамъи ҷаримаҳои барои вайрон кардани қоидаҳо, ки воситаҳои техникии мазкур қайд намудаанд, дар ҳисоби буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо гузошта шаванд.
  8. Ҷонишини аввали ҳокими вилоят (Ф. Абилов), сарсадорати иқтисод ва молияи вилоят (Б. Мирзоев), садорати андози вилоят (С. Эшматов) якҷо бо садорат ва ташкилотҳои ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо ба:
    ташаккул додани буҷетҳои дахлдор, дар навбати аввал пардохтҳои музди кор ва ба он баробарро бо дарназардошти хароҷотҳои хӯрокворӣ, доруву дармон ва хизматҳои коммуналӣ;
    саривақт ва босамар иҷро кардани нишондиҳандаҳои пешбинишудаи буҷети маҳаллӣ;
    истифодаи бомақсад ва босамари маблағҳои буҷет;
    боз ҳам пурзӯр намудани назорат ва масъулияти риоя ба интизоми буҷет;
    таъмини пурраи пардохтҳои ҳатмии андоз ва ғайра ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор;
    ба зиёд намудани базаи даромадҳои буҷет ва зарурияти муайян кардани захираҳои иловагӣ эътибори алоҳида диҳанд.
  9. Ҷонишини аввали ҳокими вилоят (Ф. Абилов), котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят (С. Усмонов), ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо:
    Таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромад ва хароҷотҳои буҷет;
    васеъ кардани базаи андоз, муайян намудани чораҳои зарурӣ роҷеъ ба баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии он, роҳандозии назорати қатъӣ роҷеъ ба бомақсад ва босамар истифода бурдани маблағҳои буҷет;
    истифодаи босамари ба тарзи дахлдори маблағҳои буҷет аз тарафи тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудудӣ ва ба Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо пешниҳод намудани ҳисоботҳои натиҷаҳои муваффақшударо таъмин кунанд.
  10. Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
  11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комис­сияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои буҷети маҳаллӣ, амалӣ кардани ислоҳотҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ривоҷдиҳии тадбиркорӣ (Ф. Нас­руллоев) ва ҷонишини аввали ҳокими вилоят (Ф. Абилов) вогузошта шавад.

Раиси Шӯро Э.Турдимов
27‑уми декабри соли 2023 VI‑94–126–7–0-Қ/23