Ovozi.uz

ЭЪТИБОР БА БОНУВОН МЕАФЗОЯД

Роҳбари давлатамон рӯзи 21‑уми декабри соли 2023 ба фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба рушди фаъолияти Кумитаи оила ва зану духтарон» ва бо мақсади таъмини иҷрои фармони мазкур ба қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ дар бобати мустаҳкамсозии оилаҳо ва зиёд кардани фаъолии бонувон» имзо кард.
Дар кишварамон барои мустаҳкамии оила, баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии ҷамъиятию сиёсӣ ва шуғли занон, ташаккули малакаҳои тадбиркорӣ, таъмини баробарии гендерӣ ислоҳоти васеъ амалӣ карда мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки фаъолияти занон дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ афзуд, системаи ҳифзи иҷтимоии занон беҳтар гардид. Ин дигаргуниҳо дар ҳаёти зиёда аз 2 миллиону 78 ҳазор нафар занону духтарони вилояти мо низ акси худро меёбанд.
Ҳоло дар 1126 маҳаллаи вилоятамон бонувони фаъолон дар соле, ки ба охир мерасад, аз рӯи ҳафт самти асосӣ муаммоҳои 42 ҳазор нафар зан-духтаронро муайян намуда, зиёда аз 41 ҳазор масъала ба таври мусбат ҳал карда шуд. Ҳоло дар вилояти мо 730 ҳазор нафар зан-духтарони ба меҳнат лаёқатнок ҳастанд, ки 277 ҳазор нафари онҳо дар сектори расмии иқтисод ва зиёда аз 317 ҳазор нафарашон дар сектори ғайрирасмӣ кор мекунанд. Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ солҳои 2021–2023 дар вилоят 12 ҳазор нафар бонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд. Ин нисбат ба солҳои гузашта ба 3148 нафар зиёд аст. Аммо, тавре ки дар фармони Сарвари давлатамон таъкид шудааст, оиди ҷалби васеи бонувон ба фан, таълим ва фаъолияти илмию эҷодӣ, омӯзонидани касбҳои замонавие, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, дастгирии шуғли занони хоҳишманди кор, дар бобати аз зӯроварӣ муҳофизат намудан, баланд бардоштани фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ва афзудани ҳиссаи онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо як қатор камбудиҳо мавҷуданд.
Бо мақсади ҳалли ин ва дигар масъалаҳо, роҳандозии фаъолияти самаранок дар соҳаи дастгирии бонувон Кумитаи оила ва зан-духтарон ба сарпарастии Девони Вазирон гузаронида шуд. Дар Девони Вазирон вазифаи ҷонишини Сарвазир –раиси Кумитаи оила ва зан-духтарон, дар ҳокимияти вилоятҳо вазифаи ҷонишинони ҳоким — роҳбари садорати оила ва зан-духтарони вилоят ҷорӣ гардиданд. Дар ноҳияву шаҳрҳо вазифаи ҷонишинони ҳокимҳо — роҳбарони шӯъбаҳои оила ва зан-духтарон ташкил карда шуданд.
Тибқи фармон, ба кумита ва сохторҳои поёнии он вазифаҳои боз ҳам инкишоф додани низоми дастгирии зан-духтарон, баланд бардоштан нақши онҳо дар ҷомеа, ҳимоя кардани манфиатҳои қонунии онҳо, аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурдан, дар қабули санадҳои қонунгузорӣ фаъолона ширкат варзидан, кашф кардани духтарони боистеъдод, пурзӯр намудани сохтор оиди дастгирии онҳо, таҳияи чораҳои дастгирии зан-духтароне, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ-­иқтисодӣ, таълим, варзиш, тандурустӣ ва татбиқи босифати онҳо вогузошта шуданд.
Инчунин, бо ҳуҷҷати мазкур дар асоси натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалӣ барои таъмини баробарии ҳуқуқҳои зан-духтарон ва мардҳо бо мақсади дар ҷомеаву мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ фароҳам овардани шароити мусоид, дар заминаи Пажӯҳишгоҳи илмии оила ва зан-духтарон — Институти илмӣ-тадқиқотии оила ва гендер таъсис дода шуд. Дар назди институти мазкур вазифаҳои такмили ихтисоси кормандони сохтори кумита, инчунин зан-духтарони фаъоли маҳалла, дастгирии методӣ ба фаъолияти онҳо, таҳлили амиқи мушкилоти марбут ба оила, бонувон ва баробарии гендерӣ, бо мақсади ҳалли мушкилот дар асоси натиҷаҳо омода намудани тавсияҳо барои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, тайёр кардани дастурҳои методӣ ва маводи таблиғотӣ, тадқиқоти илмию амалӣ ва байнисоҳавии фундаменталӣ, пурсиши сотсиологӣ, гузаронидани конфронсҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ гузошта шуд.
Дар қарори Сарвари давлатамон бошад ҷиҳати амалӣ намудани вазифаю ҳадафҳои дар фармон зикргардида тадбирҳо муайян карда шуданд.
Аз ҷумла, то соли 2030 вазифаи дар байни ҳайати роҳбарикунандаи тамоми мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, судҳо ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ ба 30 фоиз расонидани ҳиссаи занон гузошта шудааст.
Аз 1‑уми феврали соли 2024 бо мақсади кӯмак ба заноне, ки дар соҳаи бофандагӣ кори худро шурӯъ мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ курсҳои омӯзиши касбӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин ҳолат хароҷоти таҳсил аз ҳисоби Фонди дастгирии оила ва зан-духтарон маблағгузорӣ карда мешавад.
Дар заминаи платформаи xotin-­qizlar.uz модули «Бонувони бекор»-ро таҳия мекунанд.
Аз 1‑уми январи соли 2024 ба зан-духтарони бекор бо мақсади истеҳсол ва фурӯши либосҳои миллии замонавӣ ба сифати субъекти тадбиркорӣ пас аз бақайд­гирии давлатӣ маблағи аввалини семоҳаи иҷораи бино ва иншоот то 10 баробари маблағи ҳисоби базавӣ аз ҳисоби Фонди ҷалби аҳолӣ ба тадбиркорӣ пардохта мешавад.
Илова бар ин, аз соли нав ба бонувон иҷозат дода мешавад, ки дар органҳои худидораи шаҳрвандон дар асоси корҳои ҷамоатии маошдор ба мӯҳлати то ёздаҳ моҳ ҳамчун корбар фаъолият намоянд. Нафароне, ки аз ҷониби корфармоён ҷои корашон ба захира гузошта мешавад, дар баробари тоифаи мӯҳтоҷони ҳифзи иҷтимоӣ, онҳое, ки барои пайдо кардани кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат бо шартҳои баробар рақобат карда наметавонанд, қурбониёни зӯроварии оилавӣ (маишӣ) низ дохил мешаванд.
Яке аз бузургтарин тағйироте, ки бо қарор амалӣ мегардад, таъсиси ҳайати судяҳо оид ба баҳсҳои оилавӣ мебошад. Аз 1‑уми феврали соли 2024 ба сифати таҷриба дар суди шаҳри Самарқанд оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ низ «Судяҳои оилавӣ» таъсис дода, ду нафар судя ба баррасии баҳсҳои оилавӣ ихтисосонида мешаванд.
Умуман, қарор ва фармонҳои қабулнамудаи Сарвари давлатамон дар кишвари мо мавқеи зан-духтаронро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардорад, фаъолии онҳоро зиёд карда, дастгирии ҳамаҷонибаро ба зинаи нав мебарорад ва ин дар ниҳоят ба мустаҳкамсозии оилаҳо хизмат мекунад.

Зебинисо РАҲМОНОВА,
ҷонишини ҳокими вилоят — роҳбари Садорати оила ва зану духтарон.