Ovozi.uz

«Ситора»-ҳои интернет ва шуҳрати сохта: насли имрӯз ба чӣ бовар мекунад?

Қаҳрамонӣ ва шуҳрат — ин ду калима дар давраҳои гуногун ҳар хел таъбир ёфта, аз ҷониби одамон дар асоси меъёрҳои гуногун баҳо дода мешавад.

Имрӯз бошад, барои машҳур шудан як видеои кӯтоҳ, чанд «лайк» ё як «тренд» кифоя аст ва шумо ба «ситораи интернет» табдил меёбед. Мисоли инро мо қариб ҳар моҳ аз пайдо шудани «ситора»-и нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем. Суоле бармеояд: оё ин шуҳрат ҳақиқӣ аст ё танҳо пардаи сохта?

Пӯшида нест, ки имрӯз интернет ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо табдил ёфтааст. Дар он миллионҳо корбарон вуҷуд доранд ва дар байни онҳо шумораи «блогер»-ҳо торафт меафзояд. Постҳо, видеоҳо ва рекламаҳои онҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонон аз фоида дида, бештар таъсири манфӣ мерасонанд. Яке аз чунин таъсирҳои манфӣ — FOMO мебошад.

«FOMO» — шакли кӯтоҳшудаи ибораи англисии «Fear of Missing Out» буда, маънояш — «тарси чизеро аз даст додан» аст. Ҷавонони имрӯза пайваста шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ мекунанд, аз дастовардҳои дигарон хабардор гашта, ҳаёти худро бо онҳо муқоиса мекунанд. Аз ин рӯ, дар аксарият ҳисси FOMO — тарси аз даст додани чизе пайдо мешавад. Ин эҳсосот одамро ором намегузорад: ӯ ҳамеша бо фикри «дигарон аз ман хубтар зиндагӣ мекунанд» рӯз мегузаронад. Образи «ҳаёти мукаммал»-е, ки «ситора»-ҳои интернет меофаранд, ба ин ҳолат боз ҳам қувва мебахшад.

Дар асл, аксари ин «ситораҳо» одамони оддиянд, аммо зиндагии онҳо бо монтаж, филтр ва саҳнасозӣ ба «шуҳрат» табдил дода шудааст. Аммо инро на ҳама медонад. Аз нодонӣ худро қафомонда ҳис карда, ба депрессия гирифтор мекунанд. Дар натиҷа, хушбахтии воқеиро ҳис карда наметавонанд. Шахс кӯшиш мекунад мисли блогере, ки барои худ қаҳрамон интихоб кардааст, зиндагӣ кунад, мехоҳад ҳамаи чизҳои ӯро дошта бошад, гӯё хушбахтӣ дар мавҷудияти чунин чизҳо аст.

Ҳоло «маданияти оммавӣ» ба қуввае табдил ёфтааст, ки на танҳо ба тарзи либоспӯшӣ ё ороиши мӯй, балки ба тафаккури инсон низ таъсир мерасонад. Ин аст, ки ҷавонони имрӯза қимати инсонро аз рӯи шумораи «лайк» ва «обуначӣ» муайян мекунанд. Меҳнат, дониш, сабр, одобу ахлоқ барин арзишҳоро ҳоло он қадар ҳам инобат намегиранд.

Бештари ситораҳои интернет танҳо тарафи зебои ҳаётро нишон медиҳанд. Гӯё зиндагӣ пурра аз суратҳои зебо, ашёи гаронбаҳо ва видеоҳои хандаовар иборат бошад. Аммо ин — дунёи сохта, як пардаи зоҳирист. Дар паси он хастагӣ, фишор ва танҳоӣ пинҳон шудааст.

Як чизро набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кард, ки шуҳрати ҳақиқӣ — корҳои неке, ки ба дигарон хушбахтӣ меоранд, мушкили дигаронро осон кардан, вақту умр ва донишу истеъдоди худро ба амалҳое, ки ба дигарон фоида меоранд, сарф кардан аст. Инчунин, манфиатҳои халқро аз манфиатҳои шахсии худ болотар гузоштан аст.

Хулоса, интернет манбаи имкониятҳои беканор мебошад. Вале танҳо вақте, ки мо онро дуруст ва бо мақсадҳои хуб истифода барем, метавонад ба зиндагии мо ва тамоми башарият нур пошад. Вақте ки наворҳои саҳифаҳои интернетиро тамошо мекунем, фикр накунем, ки кори онҳо осон аст. Дар баробари ин, нақшофарии навмашқонаи онҳоро низ баҳои баланд нагузорему аз онҳо «ситора» насозем.

Оҳиста ШУҲРАТОВА