Ovozi.uz

Корҳои тарғиботӣ дар авҷ

Аз ҷониби аъзои гурӯҳи карантини назди Садорати ҳифзи тартиби ҷамоатии хизмати бехатарии ҷамоатии Садорати корҳои дохилии вилоят дар бозори Дамариқ Экои шаҳри Самарқанд бо ҳамкории кормандони соҳаи тибб корҳои тарғиботӣ амалӣ гардонида шуд.

Корҳои назоратӣ ва тадбирҳои рейд бо кумаки ташкилотҳои масъул ба дараҷаи баланд гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, ба чандин нафар растаҳои савдо ҳангоми гузаронидани чорабинӣ барои нафурӯхтани маҳсулоти ба сифаташ кафолат набуда, барои харидорон расонидани маҳсулоти беҳтарин тавсияҳо дода шуд.

Ба масъулон барои ҷорӣ намудани назорати ҷиддӣ аз рӯи маҳсулотҳои ба фурӯш баромада маълумоти муфассал пешкаш гардид.

Хуршед ДОСТОНОВ,
корманди гурӯҳи карантин