Дар 3‑солагиам воқеаи ғайричашмдоште рӯй дод. Падарам бегоҳирӯз ба хона баргашту либосҳояшро иваз намуда, дар ташнав пойҳояшро мешуст. Дидам, ки як пои ӯ панҷа надошт. Маро ваҳму ҳарос фаро гирифт. Одатан бачаҳои хурд дар чунин вазъият танҳо ба як кас рози дил мегӯянд. Ман низ сӯи фариштаи худ давидам.
— Модарҷон!.. — вайро дида овоз баровардам ман. Вай ба ҳолату ранги рӯям нигоҳ карда, сӯям бо шитоб омаду маро ба оғӯшаш гирифт. Азбаски аз ҳаяҷон ҳолати гап задан надоштам, муддате дар оғӯши ӯ ба худ омадаму дидаҳоямро гуфтам:
— Оҳ, полвонаки ман, натарс, натарс… — вай маро то ҳадде ором намуду сипас фаҳмонд. — Ин воқеа 7–8 сол пеш аз таваллуди ту рӯй додааст. Падарат ба ҷанги зидди фашизм рафту аз он-шукри Парвардигор, ки бе панҷаҳои як пой бошад ҳам, сиҳату саломат баргашт ва Худо туро ба мо дод. Эҳ, дар он ҷанг чӣ қадар одамон қурбон шуданду бедарак рафтанд, — оби дидаҳои модарам шашқатор шуд ва онҳоро бо рӯмолчааш пок кард. — Илоҳо, ақли одамон дарояду дигар ба даст силоҳ нагиранд…
Ин воқеаи аввалин буд, ки маро бо калимаи «ҷанг» шинос намуд. Он баъди чанд рӯз аз хотирам фаромӯш шуд. Вале моҳу солҳо мегузашту калимаи «ҷанг» боз бо сабабе бароям бо синоними калимаҳои «бадӣ», «беақлӣ», «бадбахтӣ» ва ғайраи маънояшон бад ба ёдам меомад.
Синнам ба балоғат мерасиду маълумотам дар бораи ҷанг зиёдтар шуд. Дар мактаб фанни таърихро хондему донишам дар ин бора боз ҳам афзуд.
Ҷанг аз моҷарои оддии байни одамон то сиёсати байни давлатҳо, қабилаҳо, гурӯҳҳои гуногун ва ғайра, ки дар натиҷаи даъвоҳои мухталиф ба мубориза дар шакли шифоҳӣ, муқовимати ҷисмонӣ ё ки ҳарбӣ, амалиёти ҷангии байни қувваҳои мусаллаҳи онҳо расид. Сабабҳои асосии сар задани ҷанг майл ба ҳукмронии мутлақ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ, динӣ, қасосгирӣ ва ғайра мебошанд.
Дар таърихи инсоният шумораи ҷангҳоро саҳеҳ муайян намудан душвор аст. Дар маъхазҳо рақамҳои аз 100 ҳазор то 300 ҳазор нишон дода шудаанд.
Дар таърихи дунё аввалин моҷарои ҳарбӣ 5 ҳазор сол пеш дар нимҷазираи Ибери рӯй дода будааст. Иштирокчиёни ин ҷанг дар даст найза, калтакҳои вазнин ва фалахмон доштаанд.
Дар кураи Замин ҳеҷ одаме нест, ки аз зиддияти ҳарбӣ талаф надида ё ки ҷабри онро аз сар нагузаронида бошад. Мегӯянд, ки ҷанг бе қурбонӣ намешавад. Ба ин ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳониро мисол биёрем, кифоя будагист — миллионҳо қурбониҳо, маъюбон ё шахсони бедарак гумшуда.
Пас аз хатми мактабу донишгоҳ соҳиби касбу вазифа шудам, дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардам. Шукри беҳад, он солҳо дар диёри мо сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо буд. Дар бораи ҷанги Ветнам, Камбодҷа, зиддияти байни Покистону Ҳиндустон, воқеаҳои Куба ва ғайра тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ воқиф мешудем. Вале ҷанг дар Афғонистон — ҳамсоякишвари мо, аввалин қурбониҳои он, ки бо тобутҳои руҳин (синк) меоварданд, боз аз рехтани хуни одамони бегуноҳ, ятим мондани бачаҳо, вайрон шудани хонаҳои обод, ғаму ғусса, беадолатӣ, саҳву хатоҳои сиёсатмадорон ва ин муҳорибаи бемаънои байни одамон дарак медод. Бӯю чангу дуду оташи он ғаму андӯҳ оварданд, ки то ҳол аз ёди наздикону пайвандони ҷанги «афғон» нарафтааст. Ҳоло гап дар сари ин нест. Вале бо боварии том ва баръало метавон гуфт, ки ҷанг шоистаи одамӣ набуд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳад шуд.
Шукри беҳад, ҳамаи нофаҳмӣ, арбада ва ҷангҳои мазкур паси сар шуданд. Ақли солим бар бадбинӣ, нофаҳмӣ, душманӣ ғалаба кард.
Дар Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сиёсати дурандешонаи Президентҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, баҳсу моҷароҳои сарҳад ва даъвоҳои дигари байни ин мамлакатҳо ҳаллу фасл гардид, муҳити солими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек барқарор шуд.
Ба ҳамин муносибат роҳбарони се мамлакат дар шаҳри Хӯҷанди Тоҷикистон вохӯрданд ва даври нави дӯстӣ ва некҳамсоягиро таъкид намуданд. Ин вохӯрии деринтизор дар амал ҳам ибратбахш шуд. Дар саммити мазкур сарварони ин давлатҳо ба шартнома дар бораи нуктаи ниҳоии пайвастшавии сарҳадҳои се мамлакат имзо гузоштанд. Шояд, аз чунин иқдоми нек тарафҳои муқобил дар ҷанги байни Россия ва Украина, задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Ғазза ибрат гирифта, сари мизи музокираҳо чанд бор нишастанд. Вале алангаи оташи ин ҷангҳо ба вазъи осоиштаи тамоми дунё, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии он зарар расонад ҳам, мухолифин ҳануз ҳам хулосаи дуруст набаровардаанд. Кош, дар ин масъалаи барои тамоми инсоният муҳимтарин ақли солим ғалаба мекарду тарафҳо ба мувофиқа меомаданд!
Бо амалӣ шудани он дунё дигар мешавад. Чунки ҳамаи мо муштоқи сулҳу салоем. Бинобар ин, пешниҳоди Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ташкил кардани ташкилоти «Шурои сулҳ» хуш қабул карда шуд ва роҳбарони чанд давлат, аз ҷумла Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев онро дастгирӣ намуданд.
Барқарор кардани сулҳ дар рӯи Замин кори душвор нест, агар ақидаи ҳамаи одамон чун гуфтаи шоири ҷавони самарқандӣ Шаҳзод Кенҷазода бошад:
То ҷаҳон ҳаст, фақат меҳр ба одам хоҳам,
То ҷаҳон ҳаст, фақат сулҳ ба олам хоҳам!
Дунё ба умед мегӯянд, дар урфият, ҷаҳонбинии одамон рӯзе ба таври кофӣ васеъ мешавад, ҳама ба фарқи неку бад мераванд, ақли солим, қувваҳои нек дастболо мешаванд ва дар тамоми дунё сулҳу салоҳ, осудагиву осоиштагӣ ва ҳаёти хушбахтона барқарор мегардад.
Тошқул АЗИМОВ
