Мушоҳида ва мулоҳиза
Ҳолати ҳаррӯзаи ҷиянамро мушоҳида кардам: пайваста хархаша мекунад. Модараш бозичаҳои гуногунро диҳад ҳам, ҳеҷ ором намегардад. Роҳи ягонаи пешгирии ғавғою ҷанҷоли ӯ телефон мебошад. Баробари ба даст гирифтани телефон осуда шуда, соатҳо бо он андармон мешавад. Модараш барои ба сомон расонидани корҳои худ ин усулро бештар ба кор мебарад ва ин ба вай чун як ҳолати табиӣ одат шудааст.
Телефонбозии моҳиронаи хурдтаракро дида кас ба шавқ меояд, вале дар бораи оқибатҳои манфии он ҳеҷ кас фикр намекунад. Чанде пеш навореро дар бораи зиёд шудани нобиноиву хирачашмии кӯдакон ва сабабҳои он дидам. Бо дидани навор аз ҳолати ҷияни худ ба хавотир афтодам…
Дар ҳамин маврид, чун асри технологияҳои ахбор эътироф намудани асри XXI-ро таҳлил намоем. Нахуст ба самтҳои фоидаовар ва муҳими гаҷетҳо, ки хеле зиёданд эътибор медиҳем. Аз ҷумла, интернет барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ёрӣ мерасонад, ҷаҳонбиниро васеъ мекунад, дурро наздик менамояд ва барои бо якчанд маълумот кор кардан ёрӣ медиҳад. Аммо корбурди ҳар як чиз меъёр дорад. Вақте аз андоза зиёд истифода мешавад, ҷиҳатҳои зарарнокӣ он ба назар мерасанд.
Самтҳои манфии гаҷетҳо низ хеле зиёданд, ки инсонро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунанд. Бемориҳое мисли сустшавии хотира, пайдоиши саратони мағзи сар, хастагии чашм, стресс ва пастшавии иммунитет аз истифодаи бесарусомони гаҷетҳо пайдо мешаванд. Мувофиқи маълумоти шифокорон, сохтори мағзи сар, системаи асаб, чашм, гӯш ва устухонҳои одам то синни даҳсолагӣ пурра ривоҷ намеёбанд. Телефонҳои мобилӣ ба қобилияти ақлии инсон таъсир карда, ба ҳолатҳои асабонӣ меоварад. Мувофиқи таъкиди мутахассисони соҳа, ба дасти кӯдакони то панҷсола додани телефон мумкин нест. Аммо дар ҷамъият баъзе «оилаҳо» ҳастанд, ки бо донистани ин ҳама ҳақиқат, барои соатҳо аз телефон истифода бурдани фарзандашон имкон медиҳанд.
Истифодаи аз ҳад зиёди гаҷетҳо нафақат барои кӯдакон, балки барои саломатии миёнсолон ва калонсолон ҳам хавфнок аст.
Дар як рӯз на беш аз 30 дақиқа истифода бурдани телефон мувофиқи мақсад аст. Имрӯз дар интернет бозиҳои гуногуни нодаркор, ки ба мафкураи кас таъсир карда, тарғибгари ҳар гуна бераҳмиҳо мебошанд, зиёд гардидааст. Кӯдакон, бояд ба чунин дом наафтанд. Ман ҳам акнун пеши худ мақсад гузоштам, ки ба ҷиянҳои худ бобати истифодаи телефон баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намоям.
Хуршеда АМРИЕВА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд
