Ovozi.uz

Машҳурӣ ва донишмандӣ: ҷавонон кадомро интихоб мекунанд?

Мусоҳиба

Қисми зиёди аҳолии мамлакатамонро ҷавонон ташкил мекунанд. Тараққиёти минбаъдаи мамлакат ва некӯаҳволии ҳаёти мардум ба онҳо низ вобастагӣ дорад. Вале худи онҳо ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Мушкилоти онҳо танҳо ба рафтор, одоб ё муносибати онҳо ба калонсолон маҳдуд намешавад.

Ҷавонон дар шароити тағйироти босуръати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва технологӣ умр мегузаронанд. Аз ин рӯ, мушкилоти онҳо ҳам хусусияти шахсӣ дорад ва ҳам вазъи тамоми ҷомеаро инъикос мекунад. Дар ин хусус, мо бо мудири кафедраи педагогика ва психологияи умумии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, доктори педагогика оид ба фанҳои фалсафа, дотсент Д.Сулаймонова суҳбат оростем.

— Дилдора Назаровна, имрӯзҳо дар байни ҷавонон фикри ҳурмати калонсолон кам ба назар мерасад, ҷавонон ба китобхонӣ камтар шавқу рағбат доранд ва бештар дар андешаи машҳур шудан мебошанд, тез-тез ба гӯш мерасанд. Ба назари Шумо, оё ҷавонони имрӯза воқеан тағйир ёфтаанд, ё ин танҳо ба назари калонсолон чунин менамояд?

— Ба андешаи ман, дар ин масъала аз хулосабарории саросемавор бояд худдорӣ кунем. Ҳар як насл дар шароити хоси замони худ ба камол мерасад. Дар ҳама давру замонҳо калонсолон аз ҷавонон норозӣ будаанд. Дар натиҷаи бозёфтҳои хаттии археологӣ ҳазорҳо сол пеш «ҷавонон дигар шудаанд» барин навиштаҷотҳоро ёфтаанд. Яъне, ин муаммо нав нест. То асри XXI давраи ҷустуҷӯи ахбор буд. Омӯзгорон манбаи ягона ба ҳисоб мерафтаанд. Китобҳо ҳам кам будаанд. Онро бо навбат мехондаанд. Агар дар гузашта калонсолон манбаи асосии дониш ва таҷриба бошанд, имрӯз ҷавонон аз интернет ахбору маълумотҳои зиёдро дастрас мекунанд. Ин, албатта, муносибати онҳоро ба дониш ва нуфузи калонсолон тағйир додааст.
Аммо ин маънои онро надорад, ки ҷавонон эҳтироми калонсолон ё донишомӯзиро аз даст додаанд. Онҳо бештар ба эҳтироме аҳамият медиҳанд, ки бо рафтори нек, дониш, адолат ва самимият ба даст меояд. Аз ин рӯ, ба ҷойи айбдор кардани ҷавонон забони муштараки якдигарфаҳмиро пайдо намоем.
Эҳтироми ҳақиқӣ танҳо бо синну сол муайян намешавад. Синну сол сазовори қадршиносист, аммо рафтори инсон низ аҳамияти калон дорад. Калонсоле, ки бо адолат, хирадмандӣ ва меҳрубонӣ рафтор мекунад, барои ҷавонон намунаи ибрат мешавад. Дар баробари ин, ҷавонон низ бояд дарк кунанд, ки эҳтироми калонсолон яке аз арзишҳои муҳими ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеаи мост. Муҳим он аст, ки эҳтиром дуҷониба бошад: калонсолон ҷавононро фаҳманд ва ҷавонон таҷрибаи калонсолонро қадр кунанд.

— Чаро имрӯз барои баъзе ҷавонон машҳур шудан аз донишманд шудан муҳимтар менамояд? Оё шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули чунин ҷаҳонбинӣ нақш доранд?

— Мо имрӯз дар давраи иқтисодиёт зиндагӣ мекунем. Шабакаҳои иҷтимоӣ бештар намунаҳоеро, ки сабаби эътирофи худи инсон мешаванд ва муваффақияти молиявӣ ба даст меоранд, пешкаш мекунанд.
Дар психологияи ҷавонон майли ба муваффақият зуд расидан қавӣ аст. Шахси донишманд метавонад солҳои зиёд меҳнат кунад, аммо машҳур шудан баъзан танҳо бо як видеои чандсониягӣ имконпазир шудааст. Аз ин рӯ, машҳурӣ барои ҷавонон осонтар ва ҷолибтар менамояд. Аммо ин танҳо мушкили ҷавонон нест, балки яке аз камбудиҳои ҷомеаи мост. Мо шахсони донишманд, заҳматкаш ва фидокорро ба қадри кофӣ муаррифӣ намекунем ва нуфузу ҷолибияти онҳоро дар ҷомеа ба таври васеъ тарғиб наменамоем.

— Мо аз ҷавонон талаб мекунем, ки чӣ гуна инсон шаванд, вале оё барои ташаккули ин хел одамон худамон намуна нишон медиҳем?

— Бале, мо аз ҷавонон ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, китобхонӣ ва эҳтиромро талаб карда, худамон на ҳамеша мувофиқи гуфтаҳоямон амал мекунем. Дар психология ба таъсири сухан ва рафтори воқеии инсон аҳамияти калон медиҳанд. Кӯдак ё донишҷӯ на танҳо суханони моро мешунавад, балки пеш аз ҳама, рафтори моро мушоҳида мекунад.
Агар мо, худамон ҳамеша бо телефон машғул бошем, вале аз фарзанд талаб кунем, ки китоб хонад, ё худ беадолатӣ кунем, аммо ба ҷавонон ҳалолкориро омӯзонем, чунин тарбия самараи дилхоҳ намедиҳад. Хулоса, вазъи ҷавонони имрӯз то андозае инъикоси муҳитест, ки мо барои онҳо фароҳам овардаем.

— Оё мушкилоти ҷавонон танҳо мушкилоти худи онҳост ё инъикоси мушкилоти тамоми ҷомеа аст?

— Албатта, мушкилоти ҷавонон инъикоси вазъи тамоми низоми иҷтимоӣ мебошад. Оила, мактаб, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, воситаҳои ахбори омма ва муҳити иҷтимоӣ бо ҳам робитаи зич доранд. Ҷавонон дар муҳити муайяни иҷтимоӣ ба камол мерасанд. Агар дар ҷомеа мушкилоти иқтисодӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дошта бошад, низ ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори насли нав таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон масъулияти танҳо оила ё мактаб не, балки вазифаи муштараки тамоми ҷомеа мебошад.

— Интернет ҷаҳонбинии моро васеъ мекунад ё моро ба қолабҳои муайян меандозад?

— Интернет худ аз худ на воситаи хуб асту на бад. Он метавонад ҳар ду вазифаро иҷро кунад. Аз як тараф, интернет имкониятҳои васеи дастрасӣ ба иттилоот, дониш ва таҳсилро фароҳам меорад. Аз тарафи дигар, алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аксар вақт ба инсон ҳамон гуна муҳтавоеро нишон медиҳанд, ки ба завқ ва андешаҳои ӯ мувофиқ аст. Ин метавонад доираи тафаккури ӯро маҳдуд созад.
Агар инсон тафаккури таҳлиливу интиқодӣ надошта бошад, интернет на ҳамеша ҷаҳонбинии ӯро васеъ мекунад, балки метавонад ӯро вобастаи як гурӯҳи муайяни ақидаҳо гардонад.
Бинобар ин, дар баробари омӯзиши технологияҳо, ҷавононро ба санҷидани маълумот, таҳлили далелҳо ва мустақилона фикр кардан низ бояд омӯзонд.

— Оё пешрафти технологӣ ҳамеша маънои пешрафти инсонро дорад?

— Пешрафти технологӣ ва рушди маънавию равонии инсон на ҳамеша ҳамқадаманд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки технологияҳои пешрафта метавонанд дар баробари мушкилоти равонӣ ва ахлоқӣ вуҷуд дошта бошанд.
Технология ба инсон осоишу фароғат меорад, аммо он худ аз худ хушбахтиро таъмин намекунад. Баръакс, ҳарчанд технологияҳо муоширатро осон кардаанд, дар баъзе ҳолатҳо онҳо метавонанд робитаҳои мустақим ва эҳсосии байни одамонро заиф созанд.
Агар ҷомеа дар баробари рушди технология ба арзишҳои инсонӣ, тарбия, педагогика ва психология аҳамияти баробар надиҳад, хатари он вуҷуд дорад, ки инсон аз ҷиҳати техникӣ пеш рафта, вале аз ҷиҳати ахлоқию эҳсосӣ ба муваффақияти камтар ноил гардад.
Дар муносибат бо ҷавонон набояд гунаҳкорро ҷуст, балки роҳи муошират ва ҳамкориро пайдо кард. Ба ҷойи додани фармон ва кардани шикоят, фаҳмидан, дастгирӣ намудан ва ба самти дуруст роҳнамоӣ кардани ҷавонон зарур аст. Ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини педагогикаи муосир мебошад.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ