Зеҳни сунъӣ — яке аз дастовардҳои муҳимтарини пешрафти технологии асри XXI ба ҳисоб меравад ва дар замони мо қариб ба ҳамаи соҳаҳои зиндагии инсонӣ ворид шудааст. Зеҳни сунъӣ аз тиб то таълим, аз саноат то технологияҳои ахбор кори инсонро осон мекунад, самаранокиро меафзояд ва дари имкониятҳои навро боз менамояд.
Аммо, шумо оё дарк мекунед, ки дар паси ин пешрафт чӣ хатарҳо нуҳуфтаанд? Умуман, зеҳни сунъӣ ёвари бузурги инсоният аст ё таҳдиди ҷиддӣ?
Дар асрҳои XIX–XX, бо мақсади осон кардани меҳнати ҷисмонии инсон ва фароҳам овардани шароити беҳтари рӯзгор, даҳҳо дастгоҳҳои маишӣ ва электронӣ ихтироъ карда шуданд. Аз ҷумла, плитаи газӣ (соли 1802), дарзмоли барқӣ (1882), чангкашак (1901), яхдон (1913), блендер (1922) ва телевизор (1927) — ҳамаи инҳо воситаҳое буданд, ки ба корҳои хонагӣ ва эҳтиёҷоти рӯзмарраи инсон кӯмак мерасониданд.
Соли 1950 бошад, риёзидони бритониёӣ Алан Тюринг саволеро ба миён гузошт: «Оё мошин метавонад мисли инсон фикр кунад?» ва он замон ба зеҳни сунъӣ ишора дошт, ки имрӯз эҳтимоли бекор мондани бисёре аз соҳибкасбони меҳнати ақлиро ба вуҷуд овардааст.
Ба Ӯзбекистон ин система тақрибан панҷ сол пеш роҳ ёфт ва дар моҳҳои охир истифодаи он ба сатҳи баланд расидааст. Зеҳни сунъӣ имрӯз шаклҳои гуногунро гирифтааст ва ба таври васеъ паҳн шудааст. Аз ҷумла, шаклҳои маъруфи он ёварони овозӣ (мисли Siri, Yandex Alisa, Amazon Alexa); чат-ботҳо (масалан, ChatGPT); системаҳое, ки чеҳра (Face ID), овоз ва изи ангуштро мешиносанд; тарҷумонҳои автоматӣ (Google Translator, Yandex Translator); системаҳое, ки бемориҳоро муайян мекунанд (масалан, саратони пӯст, таҳлили рентген); мошинҳои худидорашаванда (Tesla, дронҳо) ва ғайраҳоянд. Ин технологияҳо бо платформаҳои машҳур, аз қабили Instagram, TikTok, YouTube, Netflix, Spotify, Amazon, AliExpress ва Wildberries пайваст шудаанд ва фаъолияти онҳоро дастгирӣ менамоянд. Ин имкон медиҳад то барномаҳо ба корбарон контент ва маҳсулотеро пешниҳод кунанд, ки ба завқ ва манфиатҳои онҳо мувофиқанд. Дар натиҷа, одамоне, ки танҳо барои чанд дақиқа вориди шабака мешаванд, соатҳо дар он монда, ба тамошо идома медиҳанд. Ин раванд, тавре ки дар боло зикр шуд, маҳз ба туфайли бо зеҳни сунъӣ пайваст будани платформаҳо сурат мегирад. Ҳар як навишта дорои ҳештег (#…) аст, ки мавзӯи он навиштаро муайян мекунад. Бар асоси ҳамин ҳештегҳо, постҳои ҳаммазмун ба корбари шабака тавсия ва пешниҳод карда мешаванд.
Фаҳмидани ҷиҳатҳои мусбат ва манфии зеҳни сунъӣ (ЗС) ва истифодаи дурусти он яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати асосии мусбати истифодаи зеҳни сунъӣ дар он аст, ки шахс метавонад ба осонӣ ва зуд ба маълумот ва андешаҳои зарурӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин роҳ нисбат ба ҷустуҷӯ ва интихоби маълумот аз китобҳо ё сайтҳои интернетӣ хеле қулайтар аст, зеро зеҳни сунъӣ ба саволи шумо ҷавобро кӯтоҳ, дақиқ ва фаҳмо медиҳад.
Аммо бояд донем, ки ҷавобҳои он бар асоси маълумоти мавҷудаи интернетӣ дода мешаванд. Яъне, зеҳни сунъӣ ба таври оморӣ он посухеро дуруст медонад, ки бештар дар манбаъҳои гуногун такрор ёфтааст. Тарафи дуюм ва сеюми тангаро, боваринокӣ ё воқеияти маълумотро мумкин аст фарқ накунад. Аммо агар шумо бо далелҳо ва асосҳо кор карданро мехоҳед, вай сарчашмаи маълумотро низ пешниҳод мекунад. Дар ин ҳолат, корбар метавонад бо манбаи аслӣ кор кунад ва онро таҳлил намояд.
Ҷиҳатҳои манфии зеҳни сунъӣ, монанди кам шудани ҷойҳои корӣ, хатари ошкор шудани маълумоти шахсӣ, афзоиши ҷиноятҳои киберӣ ва паҳн шудани маълумоти дурӯғ низ мавҷуданд, ки дар ин маврид ҷонишини директори Институти таҳқиқоти илмии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Азизҷон Нуриддинов дар интервю ба рӯзномаи «Ўзбекистони Нав» чунин ҷавоб дод:
«Ҷойҳои корӣ нест намешаванд, фақат усули кор тағйир меёбад, малакаҳои нав талаб карда мешаванд ва умуман, самаранокии меҳнат афзоиш меёбад.»
Ҳамчунин, ӯ ҳолатҳои навро мисол оварда, гуфт, ки касбҳои нав, монанди мутахассисони танзимкунандаи системаи зеҳни сунӣ ва коршиносони ахлоқи зеҳни сунъӣ пайдо мешаванд.
Инчунин, зеҳни сунъӣ бо суръат ва осонӣ ҳалли масъалаҳои одамонро меёбад ва онҳоро бесабру танбал месозад, дар байни онҳо оқибату самимиятро кам мекунад. Ҳатто одамоне, ки чӣ гуна гузаронидани маросимҳои тӯйро бо зеҳни сунъӣ машварат мекунанд, низ кам нестанд. Зеҳни сунъӣ на танҳо мушкилоти одамонро гӯш карда, маслиҳат ва ёрӣ медиҳад, балки дар ҳалли масъалаҳои равонӣ ва ҳатто тиббӣфизиологӣ низ ёрӣ мерасонад. Масалан, вақте ки як бемор натиҷаи таҳлилҳои худро ба ChatGPT мефиристад, чат ба ӯ тавсияҳои муолиҷавӣ пешниҳод мекунад. Баъд аз ин, бемор назди духтур рафта, аз ӯ дастурамалеро мепурсад, ки зеҳни сунъӣ тавсия кардааст. Аммо бояд дар хотир дошт, ки ин ташхис ва доруҳо ҳамеша дуруст нестанд ва қарорҳои вобаста ба саломатии инсон бояд бо мутахассисон машварат карда шавад.
Дар бораи ҳамкории зеҳни сунъӣ ва тиб Латиф Хуррамов, дотсенти кафедраи «Зеҳни сунъӣ ва технологияи ахбор»-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов чунин мегӯяд: «Имкониятҳои он, хусусан дар соҳаи нейродиагностика, яъне таҳлили тасвирҳои мағзи сар қобилияти баланди худро нишон медиҳад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ тасвирҳои МРТ (томографияи резонанси магнитӣ) ё томографияи компютерии беморро бо ёрии моделҳои мураккаби математикӣ таҳлил мекунанд, ҳар гуна нодурустиро муайян намуда, мавҷудият ё набудани бемориро зуд ва дақиқ фарқ мекунанд. Ҳамин тавр, ташхис зуд, дақиқ ва боваринок мешавад. Ин барои духтурҳо ҳамчун ёрии боэътимод дар қабули қарорҳои муҳим ва барои беморон ҳамчун имконияти наҷот додани ҳаёт хидмат мекунад. Духтурон бояд ба натиҷаҳои МРТ бо назари таҳқиқу танқидӣ нигаранд ва зеҳни сунъиро танҳо воситаи асосии ташхис надида, балки ҳамчун ёрдамчӣ дар қабули қарор бидонанд. Танҳо дар ин сурат технология воқеан ба як кашфиёти илмӣ табдил меёбад.»
Имрӯзҳо зеҳни сунъӣ барои рақамӣ кардану осон намудани зиндагӣ саҳми арзанда мегузорад. Махсусан, роботчангкашак, яхдон, кондитсионер, печ ва мошини либосшӯии боақл ихтироъ шудааст. Инчунин, тавассути зеҳни сунъӣ коғазбозӣ ва ба навбатҳои дурудароз истодан гум шуд. Ихтирои смартфонҳо баъзе одамонро аз соат, камера, ҳисобкунак ва тақвим озод кард, ҳоло зеҳни сунъӣ низ баъзе касбҳоро нодида мегирад.
Омӯзиши зеҳни сунъӣ бояд бо огоҳӣ сурат гирад, яъне аз хавфи вобастагии беҳад ба гаҷетҳо ё интернет ҳифз карда, бо мувозинат ва оқилона истифода шавад.
Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.
